JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Ҷумъа, 11 Июли 2025 11:53

Ҷилваи русумоти Тиргонӣ дар ойинаи хотираи миллӣ (дар ҳошияи ҷашни Тиргон)

Муаллиф: Нозим Нурзода

    Бояд таъкид кард, ки дар замони соҳибистиқлолӣ дар қаламрави ҷумҳурӣ ҷашну ойин ва суннату анъанаҳои дерини аҷдодӣ эҳё гардида, мардум барои таҷлили маросимоти бостонии миллӣ камари ҳиммат барбаста, аз тариқи роҳандозии барномарезиҳои идӣ сатҳи худогоҳию худшиносиро боло мебаранд. Аз тарафи дигар, давлати Тоҷикистон таҳти раҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дар сатҳи баланди ташкилию сиёсӣ ва маданию маърифатӣ баргузор гардидани ҷашну суннату маросимоти дерини аҷдодӣ дар мисоли Наврӯз, Тиргон, Меҳргон, Ялдо ва Сада ибтикороти ҷиддие рӯйи даст гирифта, ин раванд ҳамоно идома дорад.

      Ба ин тартиб, яке аз ҷашнҳои куҳани аҷдодӣ, ки собиқаи тулонии устуравию ривоятӣ ва таърихию воқеӣ дорад, Тиргон мебошад. Дар бораи Тиргон аз сарчашма ва манобеи асримиёнагии форсии тоҷикӣ дар мисоли “Осор-ул-боқия”-и Абурайҳони Берунӣ, “Зайн-ул-ахбор”-и Гардезӣ, таълифоти донишмандони машҳури эронӣ Ҳошим Разӣ ва Маҳмуди Руҳуламинӣ, нигоштаҳои илмӣ-ихтисосии мардумшиноси  шинохтаи рус М. С. Андреев, таҳқиқоти пажуҳишгарони муосири тоҷик Ш. Юсуфбеков, А. Шоинбеков, Н. Шакармамадов, О. Шакармамадов, Т.С. Қаландаров, Дилшод Раҳимӣ ва дигарон иттилооти зарурии нофеъ пайдо кардан мумкин аст.

      Дар воқеъ, агар Сада ба фасли сармо ва зимистон иртибот дошта бошад, Наврӯз марбути баҳори нозанин, Меҳргон ба фасли хазонрез-тирамоҳ ва Тиргон ба фасли гармои тобистонӣ алоқаманд мебошанд. Ба сухани равшантар, мардуми мо дар қадим ба хотири ҷамъу ҷур кардани кору умури рӯзмарра ва ҳамзамон хушҳолӣ кардан силсилаҷашнҳое созмон додаанд, ки дар таърих бо номҳои Наврӯз, Тиргон, Меҳргон, Ялдо ва Сада маъмул будаанд. Дар ҳар фасли сол мувофиқ ба мазмуну мундариҷаи замонӣ дуруст кардани ҷашну маросимот кори осоне нест, аммо аҷдодони мо аз уҳдаи ин гуна корҳои саъбу душвор ҳам баромада, барномарезиҳои зиндагии худро дар қолиби иду ҷашнҳо, аз ҷумла ҷашни бостонии тобистонии Тиргон роҳандозӣ намудаанд.

     Ҳамин тариқ, мардуми ориёитабор ҷашни Тиргонро айёми фасли гармои тобистон, ки мувофиқ ба 1 июли солшумории григорианӣ аст, таҷлил мекарданд. Тибқи гоҳшумориҳои аҷдодӣ ва таҷриботи тақвимофаринии бостонии миллӣ, ҳар рӯз номи махсусе доштааст, ки 12-тои онҳо бо номи моҳҳо айнан як хел буда, ҳар вақте ки номи моҳу рӯз ба ҳам мувофиқ меомадааст, мардум онро ҷашн мегирифта, барномарезиҳое дар ин замина тартибу роҳандозӣ мекардаанд. Муҳимтар аз ҳама, ҷашнҳои куҳани аҷдодӣ ҳамагӣ бо аносири табиӣ ва ба истилоҳ, чаҳор аносири зинда – хок, об, оташ ва бод (ҳаво) тавъам будаанд. Ба ин маъно, чаҳоргонаи ҷашнӣ – Наврӯз, Тиргон, Меҳргон ва Сада ҳамагӣ бо аносири зиндаи табиат – хок (замин), об, оташ ва бод дар иртиботи танготанги сириштӣ будаанд. Аз ин ҷост, ки Наврӯз бо замин (хок), Тиргон бо об, Меҳргон бо осмон (боду ҳаво) ва Сада бо оташ иртибот гирифтаанд.

       Чун матлаби мо дар бораи ҷашни дерини Тиргон аст, қабл аз ҳама, ба ҷанбаи устуравӣ ва ривоятии он таваҷҷуҳ мекунем. Дар асотири Эрони бостон Тир ба унвони Эзади борон муаррифӣ шуда, дар куҳантарин китоби ҷаҳонӣ – “Авасто” дар қолиби “Тиштарйа”, дар забони паҳлавӣ ба шакли “Тиштар” ва дар забони форсии дарии тоҷикии навин дар шакли “Тиштар” ва “Тир” зуҳур кардааст. Бар мабнои муҳтавои устураҳои авастоиву паҳлавӣ, Тиштар муваззаф шудааст, ки аз дарёи Фарохкарт об гирифта, онро дар шакли борон ба заминҳои аҳуроӣ резонида, бад-ин минвол заминҳои мардумиро, ки бар асари гармои сахту муҳлик хушк шудаанд, сероб гардонад. Ҳамчунин, “Тиштра” исми ситораи рахшонтарини осмон буда, ба лиҳози мундариҷавию решаӣ бо ситораи Сириуси юнонӣ ҳамхонӣ дорад.

       Ҷанбаи устуравии ҷашни Тиргон хеле қавист ва он ҳам, мисли соири асотири ҷашнӣ, ҷаҳонбинии паҳлавонии мардуми эронитаборро ба ҷилва дармеоварад. Мувофиқи асотири ориёӣ, дар ин рӯз Манучеҳри Пешдодӣ дар мавзеи Табаристон аз Афросиёб шикаст мехурад ва бузургону рӯзгордидагону паҳлавонон барои тақсимоти қаламрав ва мушаххас кардани ҳадду марз шарте пеш мегузоранд. Бар мабнои маслиҳату машваратҳои бузургон ва ҳаллу фасли мушкилоти марзию ҳудудӣ, ба паҳлавони номовари ориёӣ Ораши Камовар фармуда мешавад, ки ба болои кӯҳи Дамованд баромада, бо тамоми неру аз камон тир холӣ кунад. Камони кашидаи Ораши Камонвар бар асари қудрати ҷисмӣ ва тавони бозуӣ пора мешавад, вале тир бо суръати баланд ба сӯйи дарёи Ҷайҳун партоб мегардад. Устураҳо талқин мекунанд, ки тири Ораши Камовар бо суръати баланд аз субҳ то нимрӯзӣ дар фазои онрӯзӣ парвоз карда, оқибат ба танаи як дарахти бузургу ғафс дар соҳили Ҷайҳун бархурда, фуруд меояд. Пас, ҷой ва макони афтиши тири Ораши Камоварро минҳайси ҳадду марзи Эрону Турон муқаррар мекунанд. Ин ҳодиса, ки дар қолиби устура рехта шуда, асрҳои аср ҳамчун манбаи мифологию маданӣ хидмат мекунад, боиси ҳалли мушкилоти марзию мушаххассозии сарҳади кишварӣ, аз як тараф ва баргузории ҷашни хушҳолӣ,  аз тарафи дигар, гардидааст. 

       Мусалламан, пас аз роиҷ шудани ҷашни Тиргон миёни ақвоми ориёӣ маросимоте дар қиболи он бофтаву пардохта шуд, ки яке аз қадимтарин маросим “Обрезон” мебошад. Маросими “обрезон” дар силсилаҷашнҳои дигари ориёӣ ҳам вомехурад, вале дар ҷашни Тиргон мушаххасоти он дигаргуна аст. Бар пояи баъзе мадораки асримиёнагӣ, замони шоҳигарии Пирӯзи Сосонӣ (459-484) дар ориёнзамин ҳафт сол хушксолӣ шуда, бар асари он рӯзгори баде иттифоқот афтода, бар асари наборидани борон хушксолӣ тасаллути комил пайдо менамояд.  Дар натиҷаи хушксолӣ мардуму ҷонварон ва гиёҳон маҳв мешаванд. Ин вазъи ногувор шоҳ Пирӯзи Сосониро ба андешидани тадобири зарурӣ вомедорад. Пирӯзи Сосонӣ дастур медиҳад, ки барои даъвати борон дар оташкада ба ибодат пардозанд. Ниҳоят, бо гузашти ҳафт сол, дақиқтараш, дар рӯзи Тир борон  меборад ва заминҳои хушкшуда ва дар ҳоли табоҳӣ қарордошта сероб мешаванд.  Ба хотири ин борони таърихӣ Пирӯзшоҳ амр мекунад, ки ин рӯзро “Обрезгон” ном ниҳода, ҳамасола ҷашн бигиранд.

         Дар доираи маросими “обрезон”, ки ҳастаи ҷашни Тиргонро ташкил медиҳад, мардуми ориёӣ ва ақвоми бостонии эронӣ ба дохилу хориҷи манзилҳои зисти худ об пошида, рӯбучин карда, либоси  тоза ба бар намуда, ба хушҳолӣ мепардохтанд. Дар ин миён, аз риштаи абрешимии ҳафтранг ресмоне ба шакли дастпона бофта, сохтусози ҷашнии худро “Тиру бод” унвон медоданд. Бо гузашти даҳ рӯз дар Рӯзи Бод онро кушода, ба бод медоданд. Маҳз дар ин рӯз ақвоми ориёӣ, аз ҷумла тоҷикон аз манзилу хонаҳои худ бурун омада, хушҳолӣ карда, ба якдигар об мепошиданд. Бад-ин минвол, расми маъмуле, дар заминаи маросимоти Тиргонӣ мутадовил гардид.  То имрӯз, хушбахтона, дар баъзе минтақаҳои ориёинишин ин суннату маросими куҳани аҷдодӣ бо андаке тағйирот марсуму маъмул аст.

        Зимнан, дар Мозандарони Эрон то имрӯз маросими ҷолибе бо номи “Сенздаҳшаби тирмоҳ” мутадовил аст, ки иттифоқан, идомаи ҷашни Тиргон мебошад. Дар доираи ин расми аҷдодӣ, мардум шоми сенздаҳуми тирмоҳ пас аз рӯбучину поксозии манзили зист ва шустушуи баданӣ суфраи идона ва ба истилоҳ, хони тиргонӣ густурда, ақрабову азизонро гирди он фаро мехонанд. Дар суфраи тиргонӣ анвои ширинӣ ва хуришҳои гуногун гузошта мешавад. Баъди тановули хурданиву нӯшиданиҳо аҳли хонавода аз тариқи девони Хоҷа Ҳофиз фолгирӣ мекунанд (ногуфта намонад, ки фолгирӣ аз девони Ҳофиз расми маъмули бисёре аз ҷашнҳои куҳани аҷдодӣ мебошад ва дар ҷараёни маросимоти Наврӯзӣ, Меҳргонӣ, Ялдоӣ ва Садавӣ ҳам бар он ишора шудааст). Ҳамин тавр, дар ҷараёни иҷрои маросимоти тиргонӣ бачаҳо ва насли наврасу хурдсол ҳам иштироки фаъол доранд ва бо ҳузури онҳо ҷашн рангу бӯйи тоза мегирад. Бачаҳо айёми тиргонӣ гурӯҳ-гурӯҳ ба кӯчаҳо баромада, суруду таронахонӣ мекунанд ва дар ҳоли хушнудӣ дари хонаҳоро кӯфта, ба бошандагони манзилҳои зист ҷашни Тиргонро шодбош мегӯянд. Дар баробари шодбошиҳо, соҳибхонаҳо ба бачаҳо меваю шириниҳо ҳадя намуда, бо хушнудӣ гуселашон менамоянд.

      Бояд тазаккур дод, ки дар баробари тадовуми маросимоти Наврӯзиву Меҳргонию Ялдоию Садавӣ аносири расмиёти Тиргонӣ низ дар қаламрави имрӯзаи Тоҷикистон ҳанӯз побарҷоянд. Аз сӯйи дигар, дар гӯшаву канори кишвари азизи мо то имрӯз дар иртибот бо об, эҳтирому эътимод ба об, покиза нигаҳ доштани об, боронталабӣ ва амсоли инҳо эътиқодномаҳои мардумӣ дар қолиби маросимоти ҷудогонаи ҷашнӣ ба назар мерасанд. Аз ҷумла, дар минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон бо мақсади вуруди борон ва боронгир шудани заминҳои ҳосилдеҳ маросимоти “ашаглон”, “сусхотун”, “чиллахотун” то ба солҳои наздик иҷро мешуданд. Гузашта аз ин, дар тасаввуроти мардуми баъзе минтақаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон то ба имрӯз бовару эътиқодот дар мавриди эзади тундару чароғак ва борон бо номи “Қамбар” (дар баъзе минтақаҳо бо номи “Бобо Қилдир” маъмул аст) боқӣ мондаанд, ки бешак, ҳузуру нуфузи асотиру ривоёти оммиёнаи ниёгони моро дар заминаи Эзади борон — Тир тасдиқ мекунанд.

        Яке аз минтақаҳое, ки то имрӯз аносири ҷашнҳои куҳани миллиро дар қолиби маросимоти ҷолибу зебое мунсаҷим кардааст, Бадахшон мебошад. Ин аст, ки аносири зиндаву қобили мулоҳизаи Тиргонӣ дар Бадахшон ба мушоҳида мерасад. Ҳарчанд ки имрӯз сокинони маҳаллӣ бо иҷрои баъзе русумоти аҷдодӣ бо номи маросимоти Тиргонӣ ёд намекунанд, ҳангоми равон кардани об ба ҷӯй расмеро роҳандозӣ менамоянд, ки он дар Шуғнону Роштқальа таҳти унвони “хатс сар дьед” ва ё “хатс ай чид” (“сар додани об” ё “об равон кардан ба ҷӯй”) маъмул аст. Бар илова, унсури дигари ҷашни Тиргону Меҳргон ва Наврӯзу Сада вуҷуду ҳузури “Свастика” ба унвони асли намоишӣ-символикии ҷашнӣ аст, ки рамзи гардиши офтоб талаққӣ мешавад. Бад-ин тариқ, чаҳор тарафи он рамзи чаҳор фасли сол, нишони чаҳор нахустасос, намоди чаҳор ҷашн дар чаҳор фасли сол (Наврӯз марбут ба хоку баҳор, Тиргон марбут ба обу тобистон, Меҳргон марбут ба боду тирамоҳ, Ялдою Сада марбут ба оташу зимистон) аст.

    Дигар ин ки Тиргон яке аз силсилаҷашнҳои қадимаи мост, ки барномарезиҳои кишоварзиро низ дар худ таҷассум менамояд. Мардуми мо аз қадимтарин замонҳо ба аносири обию равшанӣ такя намуда, ин ду унсур – обу оташро аслу асоси зиндагӣ ва воқеияти рӯзгори инсонӣ шинохтаву муаррифӣ кардаанд. Маълум аст, ки барои рӯидани зироат маҳз  “обу тоб”, яъне об ва равшанию гармии офтоб зарурат дорад. Ба ин маънӣ, кишоварзони Бадахшон бо таваҷҷуҳ ба муҳиммияти обу тоби зироат, расму ойинҳои суннатиро иҷро намуда, дар ҷараёни умури кишоварзӣ аз таҷрибаҳои ниёгон зиёд кор мегиранд.

    Дар воқеъ, ҷиҳати эҳёи ҷиддии ҷашни куҳани аҷдодӣ – Тиргон ва мутадовил сохтани маросимоти Тиргонӣ анҷом додани тадбирҳои зерин ба манфиати кор хоҳад буд:

    Якум. Дар чаҳорчӯби асотиру маросими Тиргонӣ, ки дар қолиби ривоёту расмиёте аз қабили “партоби тир аз камони Ораши Камонгар»,  “истифодаи ғӯраи гандуму мева”, “муъоҳидаву сулҳ миёни Эрону Турон”, “иштиғоли мардум ба касбу кор”, “риояти покизагӣ”, “обпошию оббозӣ” ва дар маҷмуъ, парастиши об ва амсоли инҳо зуҳур кардаанд, метавон силсилаи чорабиниҳои фарҳангӣ-фароғатӣ,  сайругаштҳои оммавӣ, фестивал-озмунҳои саросарӣ, намоишномаҳои  театрӣ, бозию саргармиҳои миллию мардумӣ (дар мисоли шӯхбозию саргармиҳои обзанию обпошӣ), мусобиқоти марбутаи варзишӣ (дар мисоли камонварӣ, шиноварӣ ва амсоли инҳо) ташкил ва баргузор кард.

      Дувум. Даст ба кор шудани доираҳои илмию академӣ, муҳити фарҳангӣ-ҳунарӣ ва ҳавзаҳои адабию маданӣ дар заминаи омӯзишу таҳқиқ ва шинохту муаррифии шоистаи Тиргон ва маросимоти Тиргонӣ талаботи замон маҳсуб мешавад. Ҳар қадар ибтикороти илмӣ-ихтисосӣ, талошҳои фарҳангӣ-ҳунарӣ ва ташаббусоти адабию маданӣ дар ростои 

шинохту муаррифии Тиргон минҳайси ҷашни бостонии миллӣ афзоиш ёбанд, ҳамон қадар ин ҷашн миёни мардум эътибору маҳбубият пайдо мекунад.

       Севум. Мусалламан, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар партави  иқдомоти созандаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон яке аз ташаббускорони асосӣ дар сатҳи байналмилалӣ дар робита бо масъалаҳои об ва дипломатияи об шинохта шудааст. Бо таваҷҷуҳ ба ин,  тавъам додану пайванд намудани арзишҳои қадимии ниёгон (дар мисоли иҷрои маросимоти Тиргонӣ), ки гиромидошти обро ба унвони арзиши меҳварии ҷашнӣ талаққӣ кардаанд, бо ибтикороти имрӯзаи раҳбарияти олии давлати миллӣ дар қиболи ҳифзи обу пиряхҳо воқеияти ҷашни Тиргонро таҳаққуқ бахшида, мақому ҷойгоҳи кишвари моро дар сатҳи минтақавию ҷаҳонӣ боло мебарад.

      Чаҳорум. Ба таври куллӣ, ҷаҳду талошҳои ҳадафмандонаи мо дар заминаи ҳифзу гиромидошт ва сиҳату солим ба насли оянда мунтақил намудани иду ҷашну маросимоти бостонии миллӣ, аз ҷумла Тиргони аҷдодӣ роҳро барои тақвияти хотираи таърихӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ ҳамвор месозад.

     Панҷум. То ба сатҳи ҷашнҳои Наврӯз, Меҳргон ва Ялдову Садо расонидану фарогир кардани Тиргон вазифаи мост. Дар ин замина бояд аз тамоми имконоти фикрию иҷтимоию фарҳангию маданӣ истифода кард, то ин ки Тиргон ба унвони ҷашни фарогири миллӣ миёни табақаҳои иҷтимоӣ ва кулли сокинони қаламрави ҷумҳурӣ марсуму мутадовил гардад. Ибтикороти роҳбарияти олии давлати миллиро дар заминаи эҳё ва рушду густариши ҷашнҳои куҳани аҷдодӣ, аз ҷумлаи Тиргон ҳадафмандона идома бояд дод.

 

          Нозим Нурзода

          Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

 

 
Хондан 53 маротиба
Маводҳои дигар дар ин бахш: « Тиргон – ҷашни фурӯғи хуршед ва пирӯзӣ