Дар мақола дар бораи таҳқиқи аҳволу осори асосгузори адабиёти тоҷику форс дар давраи Истиқлол сухан меравад. Ҳамчунин масъалаҳои ҷамъоварӣ, таҳияи матнҳои оммавӣ ва илмиву интиқодии осори боқимондаи шоир ва нашри онҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтааст. Муаллиф ба натиҷае расидааст, ки дар ин давра Рӯдакишиносӣ дар Тоҷикистон вусъат пайдо карда, ҷанбаи таҳлиливу таҳқиқии он амиқтар шудааст.
Дар мақола образҳои мусбат ва манфии зан қайд карда мешавад. Устод Улуғзода дар романи «Восеъ» симои барҷастаи занҳоро низ хеле хуб офаридааст, ки онҳоро метавон ба ду гурӯҳ тақсим кард. Яке аз образҳои асосии роман Фотима буда, Фотима баландҳиммату бо виҷдон ва меҳрубон тасвир ёфтааст. Ҳамсари Восеъ Аноргул ва духтараш Гулизор низ дар роман ҳамчун ҷасуру диловар ва софдилу ростгӯ ба қалам дода шудаанд. Аз образҳои манфии занон махсусан ду нафар шоистаи зикр мебошанд: яке Марзия, ки нависанда ӯро «Зансурати морсифат» номидааст, дигаре Лутфия- «Зани мағрури хоргашта ва аламзада».
“Лайло ва ал-Маҷнун фӣ ал-адабайн ал-арабӣ ва ал-форисӣ” (Лайлӣ ва Маҷнун дар адабиёти арабӣ ва форсӣ)
Аз даврони қадим миллатҳои форсу араб байни худ пайвандҳои фарҳангӣ доштаанд. Ин пайвандҳо баъд аз зуҳури дини ислом густариш ёфт. Ислом ки дар байни мусалмонҳо пайвандҳои бисёр амиқе эҷод карда буд, дар байни ду забони арабӣ ва форсӣ ва миёни ду миллати арабу форс равобити фарҳангӣ ва забонии амиқ ва густурдае падид овард, ки назири онро дар дигар забонҳо намеёбем. Дар асрҳои ахир, баррасии ин пайвандҳои адабӣ ва фарҳангӣ ба яке аз муҳимтарин меҳварҳои пажӯҳиш дар адабиёти муқоисавии арабӣ табдил шудааст.
Дар мақола доир ба конҳои ангиштсанг, сиенитҳои нефелиндор (масолеҳи хоми металли алюминий), никел, тилло, масолеҳи хом барои истеҳсоли семент, хишт ва ғайра баҳои миқдорию сифатӣ дода, таъкид карда шудааст, ки дар ҳолати ба истифодаи саноатӣ дода шудани ин сарватҳои зеризаминӣ метавонад Раштонзаминро ба яке аз музофотҳои рушдёфтаи саноатии Тоҷикистон табдил дода, ба пешрафти иқтисодиёту иҷтимоиёти он марҳалаи нав бахшад.