Яке аз хусусиятҳои хоси ҷомеаҳои муосири демократӣ – ин дар ҳудудии онҳо самаранок амалӣ шудани худидоракунии маҳаллӣ мебошад. Низоми худидоракунии маҳаллӣ дар кишвари мо дар марҳилаи нави ислоҳот ва тағйирёбӣ қарор дошта, бо як қатор омилҳои хусусияти объективӣ ва субъективӣ дошта бархурд дорад. Дар шуури ҷамъиятӣ фаҳмиш оиди моҳияти худидоракунии маҳаллӣ баъди аз байн рафтани низоми тоталитарии Иттиҳоди Шӯравӣ аз нав ташаккул меёбад. То ин давра ҳатто аксарияти аҳолии маҳал дар бораи аҳамият ва мавҷудияти институти худидоракунии маҳаллӣ тасаввурот надоштанд. Ғайр аз ин, яке аз ҳадафҳои аввалиндараҷаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро фароҳам овардани имкониятҳои нав барои худамалишавии шаҳрвандии шаҳрвандон ташкил медиҳад. Маҳз чунин худамалишавӣ метавонад дар сатҳи маҳал ҷой дошта бошад. Барои устувор намудани самти мазкур мақомот ва шахсони мансабдори ҳокимияти оммавӣ бояд дар фаъолияташон ба инкишофи сармояи инсонии ҷомеаи маҳаллӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоянд. Аз ин рӯ, баланд бардоштани самаранокии низоми худидоракунии маҳаллӣ ва фаъол гардонидани шаклҳои иштироки аҳолии маҳал дар ҳал намудани масъалаҳои аҳамияти маҳалли дошта хеле муҳим мебошад.
Дар барномаи навбатии «Шоҳкориҳо дар адабиёт», ки дар шабакаи телевизионии «Сафина» ҳар ҳафта пахш мегардад. Мавсуф муҷрии барнома, Абдуҷалили Амон -рӯзноманигор, номзади илмҳои филология мавзӯи «Нуктае чанд аз зиндагиномаи Албер Камю» -ро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Мафҳуми «ҳокимият» ва шарҳи антропологии он масъалаи марказии антропологияи сиёсӣ мебошад. Зеро ҳокимият дар низоми донишҳои антропологӣ мавқеи хеле муҳимро касб намудааст. Мазмуни классикии ҳокимиятро Макс Вебер дар асараш «Хоҷагидорӣ ва ҷомеа» ба таври зерин нишон додааст: «Ҳокимият имконияти бор кардани иродаи худ аз болои дигарон аст, новобаста аз оне, ки чунин имконият бо чӣ асос меёбад» [1, 22].
Дар охири асри XX ва ибтидои асри XXI дар таърихи сиёсии тоҷикон саҳифаи нав кушода шуд. Тоҷикистон давлати соҳибистиқлол гардид. Дар ҳаёти сиёсию фарҳангӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ тағйиротҳои куллӣ ба амал омад, ки имкониятҳои навро ба миён овард. Вобаста ба ин дар таърихнигории ватанӣ зарурати аз нав таҳлил намудани асарҳои илмие, ки ба масъалаҳои баҳсталаби он замон бахшида шуда буданд, пайдо гардид.