Забони давлатӣ, бешубҳа, яке аз арзишҳои бузурги миллӣ ва пояҳои давлатдории миллӣ, гузашта аз ин, нишонаи возеҳи истиқлолияти сиёсӣ ва таҷассумгари таърихи пуршебу фарози халқи тоҷик маҳсуб меёбад. Эмомалӣ Раҳмон Забони тоҷикӣ бузургтарин сармоя ва муҳимтарин омили нигаҳдорӣ, ҳимоя ва интиқолдиҳандаи фарҳангу тамаддун ва суннату анъанаҳо буда, дар ҳифзи асолати миллӣ нақши ҳалкунанда дорад. Дар давраҳои пурошӯбу пурмоҷарои таърих забони миллӣ ваҳдату ягонагии миллатро дар роҳи озодӣ ва истиқлол таъмин намудааст. Воқеан, забони миллӣ дар паҳнои таърихи бумӣ ба унвони унсури калидии миллатсозӣ ва фарҳанггустурӣ хидмат карда, имрӯз ҳам дар масири шукуфоии миллат ва таҳкими…