JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Баробари ба даст овардани истиқлолият Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша мекӯшад, то таърихи қадима ва ҳунарҳои миллии моро ба ҷаҳониён муаррифӣ намояд. Иқдомҳои ғамхорона ва дастгириҳои пайвастаи давлату Ҳукумати кишвар бахусус Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати соҳибҳунарону ҳунармандон боиси он гардид, ки дар кишварамон ҳунарҳои мардумӣ рушд ёбад ва мароқи бештари аҳолии маҳаллии кишвар ба ин навъи фаъолият таваҷҷуҳ ва ҷалб карда шаванд. Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидани солҳои 2019 – 2021 яке аз чунин ибтикор аст.
Фарҳанги «Бурҳони қотеъ» асари лексикографиест, ки маводи зиёди луғавиро фаро гирифта, аз як тараф, ҳамчун луғати мукаммал ва аз тарафи дигар, ҳамчун асари бебаҳои этнографӣ хизмат мекунад. Ҳамзамон, фарҳанги мазкур оид ба сарчашмаҳо бо фарогирии маводи луғавӣ дар асоси қонунҳо ва усулҳои асосии лексикографӣ, тарзу равиши кор ва тартиби онҳо мураттаб гардида, чун як асари пурқимати классикӣ арзёбӣ мегардад. Мураттиби «Бурҳони қотеъ» Муҳаммадҳусайни Бурҳон аз луғатшиносони бузурги адабиёти форс-тоҷик буда, ин асари пурарзиши гаронбаҳояшро дар асри 17 дар заминаи таҷрибаи фарҳангнигории пешин иншо намудааст, ки он барои тозагӣ ва инкишофи забони адабӣ мусоидат мекунад [3,…
Ба аҳли таҳқиқ маълум аст, ки забони адабии тоҷик дар тӯли таърихи инкишофу такомули худ бо гӯйишҳои мардумӣ ё худ лаҳҷаҳо дар баробари заминаҳои фонетикӣ ва морфологиву синтаксисӣ дар заминаи луғавӣ низ муносибати доимӣ доштааст ва ин муносибат ҳамчун яке аз муҳимтарин навъҳои муносибати миёни ин ду гунаи як забон асосан дар шакли доду гирифти воҳидҳои луғавӣ сурат мегирифтааст.
Имрӯз санъатшиносӣ – яъне шинохти амиқ ва дарки ҳамаҷонибаи падидаҳои гуногунранги ҳунарҳои зебо - қисми таркибӣ ва яке аз бахшҳои афзалиятноки илмҳои гуманитарии ҷаҳонӣ ба шумор меравад. Ба маънои васеъаш ин илм маҷмӯи номгӯи зиёди фанҳои ҷамъиятиро дар бар мегирад ва дар он асосан фарҳанги маънавии ҷомеа, аз ҷумла кулли намудҳои ҳунарҳои бадеӣ (театр, мусиқӣ, адабиёт, драматургия, санъати тасвирӣ, хореография, меъморӣ, муҷассамасозӣ, дизайн ва ғ.), қонуниятҳои ташаккул ва рушди онҳо, таҷассуми воқеияти ҳаёт, нақш ва таъсири онҳо дар ташаккули афкори омма, алоқамандӣ бо ҳаёти ҷомеа, хулоса кулли масоили вобаста ба шакл ва мазмуни осори намудҳои…