JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Ҷумъа, 12 Апрели 2024 03:50

Устод Айнӣ ва бозтоби ҳассосиёти замонӣ (андар ҳошияи зодрӯзи устод Айнӣ)

Муаллиф: Нозим Нурзода

   Бо даргузашти устод Айнӣ дар 15 июли соли 1954 тайи имтидоди тулонии замонӣ бо ҳузури донишмандону муҳаққиқон ва рӯшангарону зиёиёни миллию ватанӣ гузаронидани маҳфилу нишастҳои илмӣ ва фарҳангӣ-маданӣ ба ҳукми анъана даромада, то имрӯз ин риволу суннати хуби эҷодӣ ҳамчунон идома дорад. Албатта, чигунагӣ ва кайфиёти маҳфилу нишастҳо ба ҳадафмандӣ ва сахткӯшиҳои мо дар заминаи шинохту муаррифии ин симои мондагори адабу фарҳанги миллӣ бастагӣ доранд. Ба ҳар сурат, боиси хушнудист, ки ҳамасола тайи моҳи апрел (ба ифтихори рӯзи мелоди устод Айнӣ, ки 15 апрели соли 1878 мебошад) дар ҳавзаҳои адабӣ ва мадании ҷумҳурӣ чорабиниҳои илмӣ ва фарҳангӣ-фароғатӣ дар заминаи солрӯзи устод Айнӣ баргузор мегарданд.

   Воқеан, устод Айнӣ дар таърихи адабу фарҳанги муосири тоҷик бо андешаи равшани адабӣ-бадеӣ, эҳсоси ватандӯстӣ ва ҳувиятшиносӣ, иҷтимоъгаройӣ ва билохира фарҳанггустарӣ ҷойгоҳи махсус дорад. Ӯ, қабл аз ҳама, ҳамчун чеҳра ва симои миллӣ дар ошкор сохтани камбуду навоқиси иҷтимоӣ ва ба истилоҳ, осебшиносии иҷтимоӣ, ки заминаи мушкилоту печидагиҳои дигари ҳаёти инсонӣ мегарданд, қадамҳои устувор бардоштааст.

   Маълум аст, ки мубориза бар зидди хурофотгаройиву тундравии мазҳабӣ дар ҳавзаҳои гуногуни фарҳангӣ ва маърифатии ҷомеаҳои ақибмондаи форсу тоҷик ҳанӯз аз замони рӯйи кор омадани ислом шуруъ шуда буд ва донишмандону равшанфикрони миллӣ тайи таърихи тулонӣ бо тоифаи хурофасозу таассубпарвар, ки дар институт ва ниҳоди руҳонӣ мунсаҷим шуда, дар симои шайх, зоҳид, обид, мулло, суфӣ, дарвеш ва амсоли инҳо зуҳур кардаанд, ҳамеша дар мубориза ва муқовимати фикрию идеологӣ қарор доштанд. Чун ин ҷо сухан сари муборизаи устод Айнӣ алайҳи хурофотпарастию ҷаҳолатписандӣ меравад, ба матлаби асосӣ мепардозем ва хадамоти устодро дар раванди муқовимати фикрӣ иҷмолан бозгӯ месозем.

  Устод Айнӣ таҷрибаи кофии динӣ ва мазҳабиро дошт; ӯ қариб дар тамоми мадориси маъруфи “маркази ислому дин-Бухоро” таҳсили илм намуда, аз тарзу усули тадрис, маҷмуи донишҳои динию мазҳабии минтақавӣ, мазмуну муҳтавои барномаҳои таълимӣ, саводи мударрисину муҳассилин огоҳии комил пайдо кард ва дар заминаи андӯхтаҳои инфиродӣ беҳтарин асарҳои бадеӣ ва илмӣ-оммавӣ таълиф намуд, ки ба доираи васеи хонандагон нигаронида шуда, дар шинохти вазъи мавҷуда, симоҳои хурофотии давр, таассуби шадиди замон, мушкилоти печидаи даврон, ҳолати таълиму тадриси мадориси Бухоро ва амсоли инҳо корсозанд.

  Омӯзишу таҳлили ҷиддии осори адабӣ-бадеӣ ва илмӣ-оммавии устод Айнӣ имкон медиҳад, ки фазо ва шароити феълиро дуруст шиносем ва натиҷатан, ба ояндабинии равандҳои сиёсию мафкуравии минтақавӣ ва ҷаҳонӣ даст ёбем. Устод Айнӣ ҳанӯз аз овони наврасӣ ба мушкилоти хурофоту таассуби музофотӣ даргир шуд ва бо кумаку дастгирии бевоситаи падараш, ки аз ҳунарварони босаводи замон маҳсуб меёфт, ба муқаддимоти муборизаҳои фикрӣ ба муқобили мутаассибон ошно гардид. Ин масъала дар қиссаи “Мактаби куҳна”, ки замони шуравӣ аз серхонандатарин китобҳои бадеӣ барои наврасону ҷавонон ба шумор мерафт, ифода ёфтааст.

  Шароити номусоиди таълимӣ, иҷтимоӣ, эҷодӣ ва фикрӣ, ки тавлидгари афкори пӯсидаи хурофоти динӣ ва мазҳабӣ мебошанд, дар осори устод Айнӣ – “Одина”, “Дохунда”, “Ғуломон”, “Марги судхӯр”, “Ҷаллодони Бухоро”, “Ёддоштҳо” ва амсоли инҳо инъикос гардидаанд. Айнӣ дар “Ёддоштҳо” қисман вазъи мадориси Бухороро бо назардошти барномаҳои таълимӣ-тадрисӣ ва сатҳи донишу биниши мударрисину муҳассилин хеле хуб ба риштаи тасвир баркашидааст.

  Муҳимтар аз ҳама, устод Айнӣ ба сифати равшанфикри замон ва адиби навовари воқеъбин дар ташхиси мушкилоти фикрӣ ва ақидатии замон саҳми муносиб гузошта, ҷиҳати ҳалли мушкилоти фикрию зеҳнӣ, ки аз хурофапарастӣ ва ҷаҳолатписандии мардум сарчашма мегирифт,  иқдомоти ҷиддӣ рӯйи даст гирифтааст. Махсусан, бовару эътиқод ба ҷину аҷина ва деву парӣ, ки асрҳо зеҳни наслҳои наврасу ҷавон ва бузургсолонро даргир сохта, боиси ҷиддитар шудани дардҳои иҷтимоӣ ва бемориҳои фикрӣ мегардид, устод Айниро ором намегузошт ва ҳамчун рӯшангари миллӣ ва нависандаи ҳақиқатнигори тоҷик ба анҷом додани иқдомоти барномавӣ ҳидоят мекард. Ин буд, ки устод барои рафъи мушкилот дар марҳилаи навини таҳаввулоти фикрию сиёсӣ (солҳои бистуму сиюми садаи бист) даст ба кор шуд ва чанд китоби мухтасар, вале дорои муҳтавои ҷиддӣ таълиф намуд, ки қисса-повести “Аҳмади девбанд” яке аз онҳост.

  Қиссаи “Аҳмади девбанд” (ниг.: ниг.: Айнӣ, Садриддин. Куллиёт. Ҷилди 4. Ҷаллодони Бухоро. Одина. Аҳмади Девбанд. Мактаби куҳна ва Моҳрӯй. – Душанбе: “Дониш”, 2021. С.248-278) намунаи насри ҷолиби ёддоштиест, ки устод Айнӣ онро дар қолиби ҳикоёт таълиф намуда, бори нахуст соли 1928 дар маҷаллаи “Роҳбари Дониш” (№8-9 ва 11-12) ба нашр расонидааст. Баъдан устод онро дубора таҳрир карда, соли 1936 дар маҷаллаи “Барои адабиёти сотсиалистӣ” (№6) ва соли 1939 ба шакли китоби алоҳида чоп кард.  Ин китоб соли 1949 бо баъзе таҳрири ҷузъӣ ба “Асарҳои мунтахаб”-и нависанда шомил шуда, мураттибони Куллиёти понздаҳҷилдаи устод Айнӣ (ниг.: Куллиёт. Ҷилди 5. -Душанбе, 1963) нашри ахириро ба назар гирифта, интишор доданд. Ногуфта намонад, ки қиссаи “Аҳмади девбанд” ба забонҳои русӣ (1937 дар маҷмӯаи “Из прошлого”) ва узбекӣ (1937 дар шумораи 12-уми маҷаллаи “Муштум”) нашр гардидааст (ниг.: Айнӣ, Садриддин. Куллиёт. Ҷилди 4. Ҷаллодони Бухоро. Одина. Аҳмади Девбанд. Мактаби куҳна ва Моҳрӯй. – Душанбе: “Дониш”, 2021. С.355-356). Дар пешгуфтори қиссаи “Аҳмади девбанд” устод Айнӣ ба он мухтасаран ишора мекунад, ки зарурати бознашри асарро барои хонандагони ҷавон ва коргарону колхозчиёни замон дарк карда, бо тавзеҳу ислоҳот онро дубора дар шакли китоби алоҳида ба нашр расонидааст (ниг.: Айнӣ, Садриддин. Куллиёт. Ҷилди 4. Ҷаллодони Бухоро. Одина. Аҳмади Девбанд. Мактаби куҳна ва Моҳрӯй. – Душанбе: “Дониш”, 2021. С.248). Дар замони шуравӣ қиссаи “Аҳмади девбанд”-и устод дар шикастани решаҳои бунёдии хурофоту таассуби динӣ-мазҳабӣ байни наврасону ҷавонон ҳатто насли миёнсолу солмандон нақши муҳим гузоштааст.

   Қаҳрамони қисса Аҳмад ба сифати чеҳраи хирадпарвари насли наврасу ҷавони ҷомеаи тоҷик бо неруи хурофаситез ва амали созандааш таҷрибаи чандинасраи мазҳабиёни нуфуздори ҷомеаро фош сохт ва барои насли ҷавон намунаи ибрат шуд. Ҳарчанд ки дар замони истиқлолият баъзе таълифоти Айнӣ мисли “Мактаби куҳна”, “Аҳмади девбанд” сарфи назар мешаванд ва онҳоро ба сифати асарҳои фармоишӣ унвон мекунанд, омӯзиши осори мазкур муҳиммияти худро аз даст надода, илова бар ин, дар шароити имрӯзаи афзун шудаани хурофоту ифротгаройии динӣ дар ҳудуди Осиёи Марказӣ сахт заруранд.

   Бозтоби таърихи пурмоҷарои тоҷик дар ду сада (асрҳои нуздаҳу бист) ва ташхису шиносоии уқдаву мушкилоти фикрию иҷтимоии миллат дар қолиби насри бадеӣ дар меҳвари умури адабӣ, сиёсӣ-мафкуравӣ ва рисолати нависандагии устод Айнӣ қарор доштааст. Ба назари айнишиноси маъруфи миллӣ устод Соҳиб Табаров, дар осори Айнӣ, бахусус повести “Одина”, романҳои  “Дохунда” ва “Ғуломон” ҳаёти халқи тоҷик дар охири асри нуздаҳ ва ибтидои садаи бист тасвир ёфтааст. Агар дар повести “Одина” ҳаёти халқи тоҷик аз охири асри нуздаҳ то ғалабаи Инқилоби Сотссиалистии Октябр, дурусттараш, то ноябри соли 1918 тасвир ёфта бошад, романи “Дохунда” воқеаҳои таърихӣ ва иҷтимоию сиёсии аморати Бухороро аз охири асри нуздаҳ то ташкил шудани Ҷумҳурияти Шуроии Сотсиалистии Тоҷикистон дар бар мегирад. Дар романи “Ғуломон” бошад ҳаёти пурмашаққату пурзиддияти халқҳои тоҷик, ӯзбек, туркман ва дигарон аз солҳои 1824-1825 асри нуздаҳ то давраи коллективонидани хоҷагии қишлоқ – то соли 1933 тасвир шудааст (ниг.: Табаров, Соҳиб. Романи “Ғуломон”-и Айнӣ ҳамчун романи таърихӣ. – Душанбе: “Адиб”, 2005. С.5).

   Ба ин тартиб, устод Айнӣ қабл аз “Ғуломон” дар повестҳои “Ҷалодони Бухоро”, “Одина” ва романи “Дохунда” воқеаҳои таърихиро инъикос кардааст. Повести “Ҷалодони Бухоро” асосан дар бораи воқеаи таърихие, ки моҳи март, аниқтараш 18-20 марти соли 1918, баъд аз “воқеаи Колесов” ба вуқуъ пайваста буд, маълумот медиҳад. Нависанда дар ин асар аз шеваю тарзи куштани бандиёну асирони амирсолорӣ қисса карда, чӣ тавр ва бо кадом шева ҷаллодони амирӣ ҳар рӯз 200-300 нафар одамро, ки ба муқобили сохти амирӣ ва ё ин ки зидди ваҳшонияти амирӣ эътироз карда буданд, ба қатл мерасониданд, мавриди тасвир қарор додааст (ниг.: Табаров, Соҳиб. Романи “Ғуломон”-и Айнӣ ҳамчун романи таърихӣ. – Душанбе: “Адиб”, 2005. С.81).

  Баъди “Ҷаллодони Бухоро” устод Айнӣ қиссаи “Одина”-ро менависад, ки на тано сароғози повестҳои адабиёти тоҷик, балки яке аз асарҳои ба назар намоёни насри бадеии адабиёти халқҳои Осиёи Миёна дар солҳои бистум ба шумор меравад. Дар романи “Дохунда” (1930) Айнӣ масъалаи муҳим ва доғи замон –хурофотписандӣ ва хурофазадагии ҷомеаро мавриди тасвир қарор дода, парда аз найрангу фиреби соҳибони шариат ва мазҳаб бармедорад. Аз тарафи дигар, ба воситаи хурофоту хушкандешӣ мутеъ кардан ва ба барда табдил додани мардум аз усулҳои маъмулии қишри руҳониёни вақт, ки сардамдорони режим ба ҳисоб мерафтанд, будааст. Аз ин ҷост, ки Айнӣ дар “Дохунда” аз васила ва приёми бардасозии қишри руҳонӣ ва дарбори амирсолорӣ сухан ба миён оварда, тавассути хурофаҳои динию мазҳабӣ мутеъ ва фармонбардор кардани қаҳрамони асар Ёдгор ва дар симои ӯ тамоми мардуми заҳматкашу бепаноҳро нишон медиҳад. Намояндагони элитаи амирсолорӣ дар мисоли домулло-имом, ясавул, оқсақол, Қудрати самоворчӣ ва дигар калоншавандагони Сариҷӯй Ёдгорро аз гӯру қиёмат ва ҷазои дӯзах тарсонда маҷбур месозанд, ки хидматашро дар назди Азимшоҳ давом диҳад ва ба ӯ содиқона хидмат кунад (ниг.: Табаров, Соҳиб. Романи “Ғуломон”-и Айнӣ ҳамчун романи таърихӣ. – Душанбе: “Адиб”, 2005. С.89).

   Устод Айнӣ аз тариқи ҳунари воқеанигорӣ,  тасвирсозӣ ва образофаринӣ сари мавзуъ ва масъалаҳои ҳассоси замонӣ, ки дар таъйини сарнавишти миллӣ саҳм гирифтаанд, тамаркуз карда, силсиламушкилотро як навъ решашиносӣ намудааст. Аз ҷумлаи мушкилоти вақти низоми амирсолорӣ зулму истибдоди ҳамагири дохилӣ ва қатлу куштори инсонӣ будааст. Муҳаққиқон бар ин назаранд, ки дар замони амирсолорӣ кушту куштор ба дараҷае зиёд будааст, ки ҳатто Маҷиди Каҳкашонии дузд (яке аз персонажҳои воқеии С. Айнист, ки дар повести “Ҷаллодони Бухоро” ҳам яке аз образҳои марказӣ ба шумор меравад ва дар романи “Дохунда” низ номбар карда мешавад) барин ҷаллодон аз кушту куштор ба дод омадааст. Аммо омилони кушту куштори амирӣ бо шумули амиру қушбегӣ, қозию муфтиҳои дарбори амирӣ ва муллоҳою руҳониёни мансабдори вақт ҳилла ва василаҳои нави одамкуширо ба истилоҳ, ихтироъ карда, мавриди истифода ва таҷриба қарор медиҳанд. Барои осон кардани кори одамкушӣ ва ҷаллодӣ эшони қозикалон Бурҳониддин бо машварати Низомиддинхоҷаи Урганҷӣ ва савдогарону уламои исломии аморати Бухоро усули нави одамкушӣ --  ба ғарғара кашидани одамонро “эҷод” мекунанд. Ба ин тартиб, бо усули ғарғара Ҳомидхоҷаи Меҳрӣ, Мирзошоҳ, бародари Айнӣ – ҳоҷӣ Сироҷиддин, Мирзо Аҳмад, Мирзо Раҳматуллоҳ, Азимҷон, Мирзо Файёз ва дигарон (воқеаи қатли ҳоҷӣ Сироҷиддини Соктарегӣ (бародари хурдии Айнӣ), Азимҷони Ғиҷдувонӣ дар романи “Ғуломон” (С.399) ва Ҳомидхоҷаи Меҳрӣ, Мирзо Аҳмад, Мирзо Файёз ва дигар маорифпарварон, ки ҳамагӣ шахсиятҳои таърихианд, дар повести “Ҷаллодони Бухоро” такрор ёфтаанд) қатл мегарданд. Дар Регистон Мирзо Шамс ва писараш Маҳдӣ, Мулло Шарифи Ғурбунӣ бо ду писари 14-16-солааш (бо образи Мулло Шарифи Ғурбунӣ, ақидаи сиёсии ӯ ва бо ду писараш ба ҳабс гирифтор шуданаш дар романи “Ғуломон” (С.394-401) низ шинос шудани мумкин аст), Фатҳуллоҳхоҷа ва дигарон сар бурида мешаванд (ниг.: Табаров, Соҳиб. Романи “Ғуломон”-и Айнӣ ҳамчун романи таърихӣ. – Душанбе: “Адиб”, 2005. С.90).

   Аз тарафи дигар, дар муҳити аморсолорӣ ғуломфурӯшию ғуломҷаллобӣ чун суннати қадимӣ решадор будааст. Махсусан, корвонсарои “Пойи остона” (макони хариду фурӯши ғуломон) барои канизону ғуломон ҳам таҳхона, ҳам ҳуҷраҳо ва ҳам ишкелу кундаҳои махсуси бастани дасту пойҳояшон мавҷуд буданд. Дар ҳақиқат, дар ин макон ба пойи ғуломони саркаштарин кунда мезаданд ва баъзеашонро ишкелу завлона зада қуфл мекарданд (см: Вамберӣ, Арминий. Путешествие по Средней Азии... Изд. 2. Москва, 1874. С.167-168).

   Мусалламан, мудир-омилони ҳукумати амирӣ бо табақаи равшангари ҷомеа, ки ангуштшмуор буда, ҳамеша мавриди таҳқиру  фишор қарор доштанд, сахт мубориза мебурданд, чаро ки хуб медонистанд, ки ин табақаи иҷтимоӣ бо донишу маърифати баланд садди роҳи хурофапароканию бедодгарии онон мешаванд. Ин аст, ки дар романи “Ғуломон”-и устод Айнӣ маълумоти таърихӣ дар бораи бародари калонии Айнӣ Муҳиддинхоҷаи хатиб ва мударриси мадрасаи деҳаи Хоҷаи Соктаре пайдо мекунем. Дар ин ҷо, вақте ки Ҳаитамин, Бозорамин, Нормуродполвон, Ӯрмонполвон, Исмоил мирохӯр ва Норқаровулбегӣ бо як муллои самарқандӣ Муҳиддинхоҷаро дар навбати аввал паронданӣ мешаванд, муллое фикри онҳоро қувват дода мегӯяд: “...Хатиби деҳаи Хоҷа Соктаре дар ҳар куҷо ҳукуматҳоро таъриф карда мегаштааст. Ба тӯи Мулло Қаҳҳор нарафтааст. Ҳатто “тӯи ӯ аз пули дуздӣ шудааст, оши ӯ ҳаром аст” гӯён қавми худро ҳам нагузоштааст, ки ба тӯи он “муҷоҳиди фисабилиллоҳ” рафта савоб ёбанд. Магар шумо ҳамин гуна муллоҳоро ҳам “мулло” гуфта саломат мегузоретон?

    Албатта, он гуна муллоҳо дар навбати аввал паронда мешаванд, -- гуфт Исмоил мирохӯр димоғи муллоро чоқ кард” (ниг.: Ғуломон. С.525-526). Ин аст, ки Айнӣ аз миёни анбӯҳи ҳодисаву воқеаҳои таърихӣ лаҳазоти ҳассос ва муҳимро пайдо ва мавриди тасвир қарор додааст, ки баёнгари муқовимату муқобилаи ду қувваи ба ҳам зид дар раванди таърих мебошанд (ниг.: Табаров, Соҳиб. Романи “Ғуломон”-и Айнӣ ҳамчун романи таърихӣ. – Душанбе: “Адиб”, 2005. С.208). Ба назари айнишиноси маъруфи тоҷик устоди равоншод Соҳиб Табаров, романи “Ғуломон” дар адабиёти шуроии тоҷик нахустин романи таърихист ва муаллифи он бамайдонорандаи романи таърихии адабиёти тоҷик шуморидан мумкин аст (ниг.: Табаров, Соҳиб. Романи “Ғуломон”-и Айнӣ ҳамчун романи таърихӣ. – Душанбе: “Адиб”, 2005. С.228).

    Устод Айнӣ дар китоби муфассали худ “Таърихи инқилоби фикрӣ дар Бухоро”, ки дар қолаби жанри публитсистикаи илмӣ таълиф гардидааст, мушкилоти муҳимтарини фикрӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангии ҷомеаи онвақтаи Бухороро ба риштаи тасвир кашида, дар он бо тааммуқ ва тааммули амиқу дақиқ вазъи фикрию маърифатии минтақавиро ҷасурона мавриди баррасӣ қарор медиҳад. Бояд таъкид кард, ки китоби мазкур пеш аз инқилоби Бухоро (соли 1918) навишта шудааст, онро наметавон тамғаи идеологӣ ё фармоишӣ-сиёсии шуравӣ зад, зеро ки он ҳанӯз дар замони истиқрори аморат таълиф ёфта буд ва ҳасосиёти замонӣ ва вазъи мураккабу печидаи амирсолориро таҷассум мекунад. Дар ин китоб устод Айнӣ ҳамчун муаррихи варзида доир ба мушкилоти иҷтимоӣ, сиёсӣ, фикрӣ ва мадании аморати Бухоро ҳарф зада, муҳимтарин заъфи ҷомеаи онвақтаро, ки дар хурофазадагию бегонапарастӣ таҳаққуқ ёфта буд, дар нодонӣ, ҷаҳолат, бесаводӣ, таассубпарастӣ, залолат ва беэътиноӣ маънидод карда, дар тамоми бандҳою фаслҳои китоб ба ин масъала таваҷҷуҳ намуда, роҳи раҳоӣ аз хурофоту таассубро танҳо дар равшан шудани фикру андешаи мардум (истилоҳан, “танвири фикрӣ”) дидааст. Аз ин ҷост, ки китоби “Таърихи инқилоби фикрӣ дар Бухоро”-и устод Айнӣ беҳтарин бозгӯкунандаи вазъи хурофотии даврони амирсолорӣ мебошад. Ба таъбири дигар, устод Айнӣ ба воситаи ин китоб чеҳраи вожгунаи хурофоту таассуби асримиёнагиро, ки дар институти руҳониёни нуфуздор ва нухбагони бехабару фурсатталаби мазҳабӣ инъикос ёфта буд, фош намуда, танвири фикриро минҳайси муҳимтарин василаи раҳоӣ аз бунбастҳои хурофотӣ қаламдод кардааст. Ҷасорати илмию адабии устод Айнӣ дар баёни масъалаҳои марбут ба хурофот: таассуби шадиди руҳонияти аморат, бесоводии мардум, ҷаҳолати саросарӣ, бетарафии аксари зиёиён ва маърифатпарварони давр, муқобилияти бардавоми аҳли таассубу хурофот ва симоҳои мадумпарвари динӣ-мазҳабӣ, нифоқангезӣ ва шӯрандозӣ байни тоифа ва мазоҳиби динӣ (дар мисоли Мулло Қамари қазонӣ, Қозӣ Бурҳониддин ва амсоли инҳо) дар шароити имрӯза сахт омӯзанда аст.

    Ба таври куллӣ, омӯхтани мероси арзишманди устод Айнӣ ва дар заминаи бардоштҳои фикрию эҷодӣ ҳадафмандона пайгирӣ кардану ислоҳ намудани уқдаву мушкилоти ҷомеа вазифаи пайравони ин шахсияти бузурги миллист. Махсусан, дар шароите, ки аз ҳар ҷиҳат гурӯҳҳои тундраву ифротгаро ба давлату миллату амнияти миллӣ хатар эҷод мекунанд, омӯхтани осори пурарзиши устод Айнӣ ва бар ин асос, дар роҳи рафъи камбуду навоқиси фикрию иҷтимоӣ ва ахлоқию ҳувиятӣ гомҳои устувор бардоштан амри зарурӣ ва тақозои замонист. Бошад, ки аз ин вазъи ҳассос беосеб бадар оем ва бар мабнои омӯзишу мутолеа, донишу биниш, маърифату фазилат, таҷрибаву мушоҳида ва ташаббусоту ибтикороти рӯзмарра дар ташаккули тафаккури илмӣ-мантиқӣ, ҳувияту руҳияи миллӣ ва давлатдории дунявӣ саҳми муносиб бигузорем.

Нозим Нурзода

пажуҳишгар

Хондан 376 маротиба