JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Чоршанбе, 01 Майи 2024 06:50

Меҳрдод аз ҷумлаи озодамардони Ватан (шодбошӣ ба муносибати зодрӯзи Меҳрдод Субҳонӣ)

Муаллиф:

 Дӯсту бародари гиромӣ Меҳрдод Субҳонӣ,

басо рамзист, ки мелоди Шумо бо Рӯзи байналмилалии меҳнаткашони ҷаҳон ҳаморӯз шудааст. Чун Шумо як ҷавони меҳнаткаш ва меҳнатзод ҳастед, таваллудатон ҳам ба ин рӯз рост омадааст. Ин аст, ки қаблан зодрӯзи Шумо ва Рӯзи байналмилалии меҳнаткашонро барои мардуми шарифи Тоҷикистони азиз муборакбод мегӯем. Баъдан, ошноӣ бо Шумо барои мо саҳифаи тозаеро дар шинохти насли нави ҷавони замони соҳибистиқлолӣ боз намуд.

  Новобаста ба синни ҷавонӣ ва шӯру шавқи синнусолӣ ба донишҳои илмӣ мусаллат шуда, дар муаррифии шоистаи илму фарҳанги ватанӣ дар доираву ҳавзаҳои фикрию ихтисосии хориҷӣ саҳми сазовор гузошта истодаед. Фазои хонаводагӣ, муҳити донишгоҳӣ, ҳавзаҳои фикрӣ, доираҳои илмӣ ва саранҷом таҷрибаи кор дар донишгоҳҳои пешрафтаи ҷаҳонӣ Шуморо то ба сатҳи як табиатшинос ва донишманди шинохтаи миллӣ расонидааст. Ин аст, ки ду соли ахир бо даъвати коршиносони соҳавии хориҷӣ дар доираи Лоиҳаи илмӣ-таҳқиқотии Донишгоҳи алоқа ва иртибототи Чунсини Ҷумҳурии Мардумии Чин минҳайси профессори донишгоҳӣ фаъолияти илмӣ намуда, аз тариқи омӯзишу мутолеоту озмоишҳои ихтисосӣ ҳузуру нуфузи илми ватаниро дар миқёси байналмилалӣ таъмин мекунед. Ибтикорот ва талошҳои пайгиронаатон дар самти таҳқиқу озмоиш ҳамчунон идома доранд ва дар ин самт ба Шумо муваффақияту комёбиҳо таманно мекунем.

 Дар зимн, аз рӯзҳои нахустини ошноӣ ва пайваст ба маҳфили фалсафии “Ҷаҳони андеша” Шумо бо вежагиҳои шахсӣ-ҳайсиятие мисли сахткӯшӣ, талошварзӣ, мушоҳидакорӣ, дақиқназарӣ, озодандешӣ, ватанпарастӣ, ҳувиятшиносӣ ва масъулиятпазирӣ миёни дӯстону ҳамандешон соҳибэҳтиром гардидед. Аз тарафи дигар, талошҳои бевоситаи Шумо дар самти тақвияти раванди хираддоварию илммеҳварӣ ва озодандешии миллӣ сазовори таҳсину офарин аст. Минҳайси донишманд ва озодандеши миллӣ ҳамеша ҷомеа ва миллатро аз вабои асрӣ – нодонию ҷаҳолати саросарӣ, ки дар қолиби эпидемияи ҷамъӣ таҳдиду чолишу хатари ҷиддӣ маҳсуб меёбад, огоҳ карда, дар паҳлуи насли ҷавони огоҳу худшинос ҳадафмандона мубориза мебаред ва билохира маъмурият ва рисолати хешро ҷуръатмандона иҷро менамоед.

       Меҳрдоди азиз,

     аз фурсати муносиб истифода намуда, ҷашни мелодатонро самимона шодбош гуфта, дар фаъолияти минбаъдаи илмию эҷодӣ ва рӯшангарии Шумо муваффақияту комёбиҳо таманно мекунем.Воқеан:

            Баҳри рафъи мушкилот, эй мушкилосони Ватан,

            Боз меойӣ ба ҷуръат марди майдони Ватан.       

            Парчами озодии Меҳан ба дастат Меҳрдод,

            Ин туӣ аз ҷумлаи озодамардони Ватан!

           

Бо эҳтиром,

аъзои маҳфили “Ҷаҳони андеша”

ш. Душанбе

 

Хондан 361 маротиба