JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Панҷшанбе, 21 Декабри 2023 06:27

Тадорукоти ялдоӣ – маҳсули тафаккури миллию дунявӣ (ба ифтихори ҷашни Ялдо)

Муаллиф: Нозим Нурзода

  Офаридани ҷашну идҳо ва тавлиди ойину суннату маросими ҷашнӣ аз ибтикороти таърихӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва мадании мардуми мо  тули зиндагӣ будааст. Ба сухани дигар, тавлиди ҷашну идҳо ва созмон додани фазою муҳити идӣ ба хотири хушҳолию болидагии руҳию равонӣ ва кайфияти зиндагӣ як навъ саргармӣ-хоббии мардуми форсу тоҷик будааст. Дар баробари ҷашнҳои маъруфи миллии Наврӯз, Меҳргон, Тиргон, Сада, Ялдо низ аз зумраи ҷашнҳои матраҳи миллӣ-меҳанӣ маҳсуб меёбад. Чун дар арафаи ин ҷашни авлодӣ ва миллию меҳанӣ қарор дорем, чанд мулоҳизаи ҷашниро хидмати хонандагон арз мекунем:

  Якум. Даромаде иҷмолӣ ба ин ҷашни миллӣ ва бостонӣ, ки бо соли нави мелодӣ тавъам аст,  зарурат дорад. Ҷашни Ялдо, Шаби Ялдо ё шаби  Чилла баландтарин (дарозтарин) шаби сол дар нимкураи шимолии Замин аст. Ин шаб ба замони ғуруби офтоб аз 30-юми озармоҳ (охирин рӯзи пойиз-тирамоҳ) то тулуи офтоб дар аввали моҳи дай (нахустин рӯзи зимистон) рост меояд. Ялдо аз вожаи суриёнӣ гирифта шуда, маънои таваллуд ва зоишро дорад. Ин ҷашнро рӯзи таваллуди Меҳр меноманд ва бо гузашти айёму замон он аз қаламрави Ирон ба сарзамини Руму Урупо мунтақил шуд.

  Дувум. Иронитаборон ва бисёре аз ақвоми ғайрииронӣ Шаби Ялдоро ҷашн мегирифтанд. Ин шаб дар нимкураи шимолӣ бо инқилоби зимистонӣ баробар аст ва ба ҳамин далел, аз ин замон ба баъд тули рӯз дарозтар ва тули шаб кӯтоҳтар мешавад. Дар қаламрави Ирону Хуросон ва манотиқи он Шаби Ялдо ё Шаби Чилла ба унвони як ҷашни фарогир бо маросимоти вежа таҷлил мегардид. Дар зимн, шаби аввали даймоҳ шаби Чилла номида мешавад ва ин шабро, ки дарозтарини шабҳост, шаби Ялдо ҳам мегӯянд (ниг.: Фарҳанги форсии Амид. Ҷилди дувум. –Теҳрон: Амири Кабир, 1375. -С.896). Албатта, ҳар ҷашни миллӣ бо маросимоти вежа зуҳур мекунад ва мутадовил мегардад. Ба ин манзур, дар Шаби Ялдо маҳофилу маросимоти гуногун, аз ҷумла шабнишинӣ, қиссагӯйӣ, хотирагӯйӣ, достонгӯйӣ, шеърхонӣ, фоли Ҳофиз, баъзан Шоҳномахонӣ, фолгирӣ ва бо шӯхию адои бозӣ ва тақлиди садо сурат мегирифтааст. Ба назари пажуҳишгарон, дар қаламрави сарзаминҳои Хуросони бузург – Исфаҳон, Курдистон, Озарбойҷон, Қазвин, Гелон, Кирмон, Систон, Балуҷистон, Язд, Симнон ҳам ойинҳои мушобеҳе вуҷуд доштааст. Маъмулан, дар доираи маросимоти ҷашнӣ хонавода ба зиёрати падарбузург ва модарбузург мераванд ва он ҷо дар иҳотаи ҳамдигар Шоҳномахонӣ мекунанд, фоли Ҳофиз мегиранд, шӯхию латифагӯйӣ мекунанд, бузургсолҳо хотираҳояшонро қисса мекунанд ва бад-ин минвол меҳмононро бо анвои оҷил (меваҳои хушк ва шарбати онҳо) зиёфат мекунанд. Гузашта аз ин, домодҳои тоза ба хонаи арӯс бо туҳфаю ҳадяҳои идона мераванд.

 Севум. Ялдо, бо он ки аз рангомезиҳои эътиқодию бовардоштӣ орӣ нест, аммо мисли сори ҷашнҳои бостонии қавмӣ бакуллӣ характеру хусусияти дунявию миллӣ дорад. Агарчи вожа (манзур вожаи “ялдо” аст, ки асли суриёнӣ дорад) ғайримиллист, моҳият, асл, мазмун, муҳтаво ва умуман, решаву бунёди ориёӣ дорад. Маросими ялдоӣ, агарчи бо рамз-символикаи динӣ ороста шудаанд, бо зиндагии заминӣ ва индунёӣ иртибот мегиранд ва ҳамагӣ маҳсули тафаккуру биниши секулорӣ-дунявӣ мебошанд. Махсусан, суфраи ялдоӣ аз аҳамияти вежа бархурдор аст. Ба ин манзур, пешниҳод намудани анвои нӯшокӣ, ғизоӣ ва мевагӣ, ки дар силсилаи маросимоти ялдоӣ дар қолибҳои “нӯшиданиҳои шаби Ялдо” (чой ва шарбат ва агар барф бошад, махлути барф бо шираи ангур), “оҷили шаби Ялдо” (оҷили ялдоӣ аз кишмиш, бодом, хурмо, зардолу ва амсоли инҳо таркиб ёфтааст), “меваи шаби Ялдо” (анор, ҳиндувона, себи гулобии анборӣ-сибирӣ) ва “ғизои шаби Чилла ё Ялдо” (палавмоҳӣ ва агар набошад, яке аз ғизоҳои маҳаллӣ) мунсаҷим шудаанд, ҷузъу суннатҳои ҷашнӣ ба шумор мерафтаанд.

  Чаҳорум. Иртиботи Ялдо бо ҷашни машҳури Соли нави мелодӣ ё Крисмаси масеҳӣ сари забонҳост. Илова бар ин, дар мавриди ҷашни Ялдо ва интиқоли он ба фарҳанги юнонию румӣ ва аз ҷумла тамаддуни масеҳӣ муҳаққиқони урупоӣ назари ҷолиб доранд. Масалан, Ҷорҷ Фрезер мегӯяд: “Бузургтарин фирқаи бутпарастӣ, ки 25 декабрро барои таваллуди Масеҳ дар Юнону Рум ҷо андохт, Митроизмҳо (хуршедпарастон) ва ё Митракҳо буданд… Ин ҷашни зимистонӣ дар ойини Митроизм “Мелод” ё “Милод”-и Хуршед ном дошт” (ниг.: Фрезер Ҷ. Шохаи тиллоӣ (Золотая ветвь, 1890). Ню-Йорк: Ширкати Макмилон, 1911. –С.725). Маросими Шаби Ялдо (Шаби Чилла) ва ё Крисмас аз тариқи Ирон ба қаламрави Румиён роҳ ёфт ва дар қолиби ҷашни “Сатурнмутадовил гардид. Ҷашни Сатурн пас аз масеҳӣ шудани Румиён ҳам эътибори худро аз даст надод ва идома ёфт, ки дар ҳамон нахустин садаи озод шудани пайравӣ аз масеҳият дар миёни румиён, бо тасвиби раиси вақти Калисо Крисмас (маросими мелодии Масеҳ)-ро 25 декабр қарор доданд, ки чаҳор рӯз ва дар солҳои кабиса се рӯз пас аз Ялдо (21 декабр) аст ва мафҳуми ҳар ду вожа ҳам яке мебошад. Аз он пас ин ду мелод тақрибан бо ҳам баргузор мешудаанд. Оростани сарву коҷ (коҷ-сосна) ҳам дар Крисмас аз Ирони бостон иқтибос шудааст, зеро ки иронитаборон ба ин ду дарахт, махсусан сарв (дарахти ҳамешасабзест, ки дар бештар манотиқи Ирон мерӯяд, ки онро дарахти миллии Ирон мешиносанд, кипарис) ба чашми мазҳари муқовимат дар баробари торикӣ ва сармо менигаристанд ва дар “Хуррӯз” дар баробари сарв меистоданд ва аҳд мекарданд, ки то соли дигар як ниҳоли сарв кишт кунанд. Бинобар ин, Новели урупоӣ (солрӯзи таваллуди Масеҳ) ҳамон шаби Ялдо аст. Ва новели воқеӣ, яъне инқилоби Штук дар сиюми озармоҳ баробар бо 21 декабр аст.

 Нуктаи дигаре, ки собиқаи тулонии таърихӣ доштани Шаби Ялдоро нишон медиҳад, он аст, ки ба ҳангоми мелоди Масеҳ башораташро ба чӯпонон мебаранд ва чӯпонон раммаро гузошта, барои дидани паёмбари навзуҳур мешитобанд. Дар зеҳн шакку гумоне ба ин мазмун матраҳ мегардад, ки чӯпонон раммаро дар тобистон ба чарогоҳ мебаранд ва таваллуди Масеҳ ба фасли гармо рост меояд, на сармо. Аз ин ҷо маълум мегардад, ки мелоди нур ҳамон шаби Ялдо аст, ки аҷдодони мо ҳазорсолаҳо муқаддам онро таҷлил мекарда ва аз зуҳуру тулуи Хуршед пазироӣ менамудаанд.

  Дар зимн, дар садаи чаҳоруми мелодӣ, бар асари иштибоҳоте, ки дар муҳосибаҳои кабисаҳо рух дод, рӯзи 25 декабр (ба ҷойи рӯзи 21 декабр)-ро рӯзи таваллуди Митро дониста, таваллуди Исои Масеҳро ҳам дар ин оғози сол қарор доданд. Ба ин тартиб, Меҳрпарастӣ  ё Митроизм аз Ирон ба Рум интиқол гардид. Подшоҳони Рум ба он гаравиданд ва он ба дини расмии Рум табдил ёфт (таваҷҷуҳ шавад ба: Қадёнӣ Аббос. Таърихи адён ва мазоҳиб дар Ирон. Теҳрон: Фарҳанги мактуб, 1381. –С.91-100). Юлиюс яке аз подшоҳони румӣ гурӯҳ-гурӯҳ мардуми тарсоро ба дини меҳр мекашонд ва даъват мекард. Ҳанӯз ҳам ниёишҳои  ин шоҳи румӣ бо Меҳр вуҷуд доранд: “Эй падар, дар осмон ниёиши маро бишнав”. Юлиюс дар ин ниёиш Худоро падар меномад. Ин исме буд, ки тарсоён ба тақлид аз меҳрпарастон бар Худои худ гузоштанд. Румиён солҳои зиёд тавлиди Меҳр ва шаби Чилларо ҷашн мегирифтанд ва онро оғози сол медонистанд. Ҳатто пас аз густариши дини масеҳӣ кашишҳо (руҳониёни дараҷадори калисои масеҳӣ) натавонистанд аз гирифтани ин ҷашнҳо ҷилавгирӣ кунанд ва ночор маҷбур шуданд ин шабро таври маснуӣ ба унвони зодрӯзи таваллуди Исои Масеҳ муаррифӣ намоянд, то румиён 25 декабрро ба баҳонаи рӯзи таваллуди Исои Масеҳ ҷашн бигиранд, на таваллуди эзади Меҳр ва аз ин тариқ ойини меҳрпарастӣ тадриҷан аз ҳофизаи мардумӣ зудуда гардад.

  Ҳангоме ки ба ойину маросими масеҳиён дар Крисмаси масеҳӣ (соли нави мелодӣ) нигоҳ мекунем, бисёре аз нишонаҳои иронии ин маросимро дармеёбем. Ирониёни қадим дар Шаби Чилла дарахти сарверо бо ду ришта навори нуқраӣ ва тиллоӣ меоростанд. Баъдҳо масеҳиён дарахти коҷро ба тақлид аз меҳрпарастон ва ирониён зебу зинат додаанд. Тибқи боварҳои меҳрпарастӣ, Меҳр аз дӯшизаи бокирае ба номи Аноҳита дар даруни ғор зода шуд ва баъдҳо Масеҳиён Исоро ҷойгузини Меҳр ва Марямро ҷойгузини Аноҳито карданд. Яке аз вомгириҳои дигари масеҳиён рӯзи якшанбе аст. “Sunday ба маънии рӯзи Хуршед ё Меҳр аст, ки рӯзи муқаддаси меҳрпарастон будааст.

  Панҷум. Ба ин тартиб, метавон аз Ялдо ба унвони ҷашни хонаводагӣ, миллӣ, меҳанӣ ва билохира мардумӣ таҷлил кард, чаро ки он тамоми меъёр ва критерияҳои ҷашну суннатҳои қавмию миллиро дар худ мунсаҷим мекунад. Ин аст, ки дар тарғибу ташвиқи ҷашни Ялдо зиёд кӯшишу талош бояд кард, то ин ки он дар сатҳи хонавода тамрин шуда, то ба марзи миллию меҳанӣ нуфуз пайдо намояд. Ба ин маъно, Ялдо ҷашни таърихии миллии мост ва бо он мебояд ифтихор кард, чаро ки дар доираи он мардуми мо аз қадимтарин айём дар интизории Хуршеду Меҳр, ки сарчашмаи гармию нармист, ба шодию сурур пардохта, рӯзгору зиндагии фардию ҷамъиро рангоранг сохтаанд. Ин аст, ки мардум дар ҳоли фараҳу шодии шаби ялдоӣ, ки дарозтарини шабҳост, ин садоро дармедиҳанд:

 Шаби тулониву базми тарабзо,

 Бигӯ он қиссаи дерини Ялдо. 

  Ё ин ки зимни тадорукоту таҷлилоти ҷашнӣ, бар рағми деви сармои зимистонӣ ва ба умеди зуҳури рӯшноию гармӣ бо оптимизму руҳбаландӣ садо мезананд:

Агарчи деви сармо қасди мо кард,

Фурӯғи Меҳр гармиро ато кард.

 

 Шашум. Ялдо дар мақоми як консепсияи фарҳангӣ, ҳунарӣ ва маданӣ зиндагии моро сару сомон дода метавонад. Аз ин ҷост, ки Ялдо мисли Наврӯз ва соири ҷашнҳои бостонии миллӣ эътибори як консепсияи миллиро дошта метавонад. Аз ин консепсия барои ба вуҷуд овардани фазои хуби ақидатӣ, фикрӣ, маърифатӣ, иҷтимоӣ, маданӣ ва мунтаҳо зиндагии шоистаи миллӣ истифодаи абзорӣ мебояд кард.

 Ҳафтум. Ялдо бо худ паём дорад: паёми нуру рӯшноӣ, паёми гармию нармии иҷтимоию маданӣ, паёми ифтихорофаринии фардию ҷамъӣ, паёми баҳамойӣ, паёми сулҳу дӯстӣ, паёми огоҳию доноӣ, паёми ҳувиятӣ, паёми хирадварзӣ, паёми шодзистӣ, паёми хушҳолӣ, паёми мардумсолорӣ, паёми худсозӣ, паёми худафрӯзӣ, паёми худкифоӣ... Аз тарафи дигар, бо назардошти шароит ва фазои муосири бархурдҳои сиёсию тамаддунӣ, ки паёмадҳою ҳассосиёти номатлуби зиёдеро ба дунбол дорад, ҷашни Ялдо дар сатҳи як пружаи ҳувиятӣ, дунявӣ ва барнома-стратегияи сиёсӣ-фарҳангӣ барои маҳор кардани чолишу таҳдидҳои имрӯзӣ, рафъи навоқису мушкилоти фикрию ақидатӣ ва дар айни замон, ба ҳам овардан, якпорча кардан, ифтихор офаридан ва таҳким бахшидани қудрату нуфузи давлати миллӣ дар минтақа хидмат хоҳад кард.

Нозим Нурзода

пажуҳишгар

 

Хондан 847 маротиба