JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Сешанбе, 07 Майи 2024 22:21

Таҳқиқи падидаҳои психологии хушбахтӣ дар синни ҷавонӣ

Муаллиф: Баҳриева Маҳнушахон

  Дар замони пешрафти илму техника ва сарбориҳои зиёди корӣ бештари одамон ба афсурдаҳолӣ ва депрессия гирифтор шуда, қобиляти лаззат бурдан аз ҳаёт ва хушбахтиашонро гум карда истодаанд. Бинобар ин масъалаи дарк кардани хушбахтӣ хусусан дар синни ҷавонӣ яке аз мушкилоти мубрами инсон ба ҳисоб меравад.

  Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид дар эъломия 66/281 аз 12 июли соли 2012 20-уми мартро рӯзи байналмилалии хушбахтӣ эълон намуда, аз соли 2013 сар карда, ҳамасола  рӯзи байналмилалии хушбахтиро таҷлил мекунад, то аҳамияти хушбахтӣ дар ҳаёти одамон дар саросари ҷаҳон эътироф ва дарк карда шавад.

 Аз ҳамин сабаб мо масъалаи дарк ва ноил шудан ба  хушбахтӣ дар синни ҷавониро объекти омӯзиш қарор дода, ҷанбаҳои психологии онро таҳлилу баррасӣ менамоем.

Ба камол расии барвақтро маъмулан синни ҷавонӣ (18-25 сола) меноманд. Ба гуфтаи  Ананиев, авҷи вазифаҳои психофизиологӣ, равонӣ ва зеҳнӣ ба давраи 19-20-солагӣ рост меояд, ки дар он вақт баланд шудани сатҳи хусусиятҳои психомоторӣ, диққат, хотира, тафаккур, динамизми ҳаяҷоновар ва зеҳнӣ мушоҳида мешавад.

Синни ҷавониро аксар вақт синни муҳаббат меноманд, зеро дар ин давра аксарияти ҷавонон оила бунёд карда ба зиндагии мустақилона ворид мешаванд. Инчунин дар ин давра маҳорати баланди корӣ, аз худ кардани дониш, истифодаи маҳорату малакаҳо дар ҷавонон бисёртар ба назар мерасад.  Агар дар ҷавонӣ роҳи зиндагӣ дуруст ва муваффақона интихоб карда шавад, онгоҳ шахс ба дараҷаи баланди маҳорати касбии худ, расида инчунин эътирофи обеъктивии худро ба даст меорад.

Ҳамин тариқ, ишқу муҳаббат буда, дар ин давара шахс худро дар зиндагӣ тасдиқ карда, барои расидан ба ҳадафҳои худ кӯшиш мекунад ва шарики ҳаётии худро пайдо менамояд.

Хушбахтӣ мароми пешбарандаи  ҳаёт буда, барои қонеъ шуданаш талаботҳои махсусро талаб менамояд, ки он душвор асту ба қонунҳои муайян итоат мекунад. Ҳар як инсон бешубҳа дар бораи маънои калимаи хушбахтӣ фикр намуда, бо мурури замон ин мафҳумро барои худ аз ҳад зиёд арзёбӣ менамояд. Аммо фаҳмиш ва эҳсоси он ба ҳар инсон гуногун буда, яке хушбахтиро дар ишқ, дувум дар сарват, севумӣ дар ҷои кори хуб, чаҳорум дар саёҳат ва ғайра мебинанд. Зеро дарк ва ҷаҳонбинии инсонҳо гуногун мебошад.

Дар психологияи муосир дар бораи чӣ тавр ба даст овардани хушбахтӣ ва ба чӣ вобастагӣ доштани он, маълумоти кам мавҷуд аст, аммо психологияи позитивӣ бо ин масъала машғул аст. Психологҳои америкоӣ Соня Любомирский ва Кен Шелдон ҳамаи он чиро, ки дар ин бобат ба илм маълум аст, ҷамъбаст намуда, онро дар шакли доирае, ки ба се қисми андозаашон гуногун тақсим шудааст, рӯйи кор овардаанд. Бузургтарин таъсирот ин хусусиятҳои фардӣ-психологӣ мебошад, ки 50%-и хушбахтии шахсро таъмин менамояд (мизоҷ, қобилият, муносибату муошират ва ғайра).   40%-и дигарро маҳорату малака, мақсадгузорӣ, ба роҳ мондани муносибату муошират бо дигарон, кӯшишу ҷасурӣ ва дарки ҳаёт аз ҷониби худи шахс ташкил медиҳад.  Тақрибан 10%-и дигари хушбахти низ, аз таъсири ҳолатҳои беруна вобастагӣ дорад. Ин ҳам бошад, аз шароити зиндагӣ, дараҷаи даромад, сифати таълим ва ба доираи муайяни ҷамъиятӣ мансуб будан вобаста аст. [6; сар. инт ]

Мувофиқи ақидаи психологияи позитивӣ, хушбахтии инсон натиҷаи «кори генҳо» ё «кори тақдир» нест одам метавонад бо истифода аз қувваҳои ба ӯ хос буда, хусусияти сифатии хушбахтиро ташкил дода, хушбахтона зиндагӣ кунад.

Мавқеи иҷтимоӣ ва мақоми миёнаравии ҷавонон хусусиятҳои равонии хушбахтиро низ муайян мекунад. Бисёре аз ҷавонон то ҳол дар бораи мушкилоте, ки аз давраи наврасӣ мерос мондаанд, хусусияти синну соли худ, ҳуқуқи мустақилият аз пиронсолон ва ғайра сахт нигаронанд. Дар баробари ин дар назди онҳо вазифаи худмуайянкунии иҷтимоӣ ва шахсӣ меистад, ки ин маънои мухторият аз калонсолон нест, балки самти равшан ва муайян кардани мавқеи худро дар олами калонсолон мебошад. 

Мафҳуми хушбахтӣ бисёрҷанба буда, он якчанд ҷанбаро дар бар мегирад, аз ҷумла, бахт, тақдир, насиб,  хушҳолӣ,  эҳсоси оромӣ  соҳиби пулу мол шудан, расидан ба мақоми баланд, ҳолати қаноатмандии маънавӣ ва ҷисмонии шахс мебошад. Зеро, бархе аз ҷавонони асри XXI хушбахтии  худро асосан дар чунин ҷанбаҳо мебинанд.

Хушбахтӣ як категорияи объективӣ ва субъективӣ аст. Хушбахтии объективи маҷмӯи ҳама омилҳое мебошад, ки ба иродаи инсон вобаста нестанд. Ҷанбаҳое, ки хушбахтиро, тасодуфи дар назар доранд, барои ӯ мувофиқанд.

Хушбахтии субъективӣ бошад аз ҳолати дохилии худи шахс, муносибати ӯ ба ҳаёт ва падидаҳои дар он рухдода вобаста аст. Хушбахтии субъективӣ бо ченаки фаъолияти худи шахс муайян карда мешавад.

Қобилияти хушбахт будан умқи инкишофи шахс ва ҷавононро инъикос мекунад. Баръакс, шахси сусткор ва камташаббус наметавонад, амиқии хушбахтиро ҳис кунад.

Ҳар як одам баҳри хушбахт шудан саъю кӯшиш мекунад ва вазифаи ҷамъият аз он иборат аст, ки ба ӯ барои ба даст овардани он шароити дуруст муҳайё намояд.  Дар ниҳоят, танҳо шахсияти пешрафта қодир аст дақиқ дарк кунад, ки хушбахтии ӯ аз чӣ иборат аст ва вазифаҳоеро, ки бояд дар роҳи он ҳал карда шаванд, муайян кунад. Ҷомеаи муосир ҳанӯз қодир нест, ки барои ҳар як фард шароити заруриро фароҳам оварад, то ба ҳолати хушбахтӣ ноил шавад. Ҳар як шахс пайваста ин ё он вазифаро иҷро мекунад. Ҳар як нақш дар шахсият, дар худшиносии инсон асар мегузорад, зеро вай захираҳои ҷисм ва руҳи худро барои иҷрои ин нақш сафарбар мекунад.

М. Аргайл мутахассиси англисӣ дар соҳаи психологияи иҷтимоӣ ва муоширати байнишахсӣ дар солҳои 80-уми асри XX як асари мукаммалеро ба табъ мерасонад, ки дар он оид ба омӯзиши хушбахтӣ дар Аврупои Ғарбӣ ва Амрико маводи васеъ пешниҳод намудааст.  Асосан, баррасии  Аргайл номгӯи омилҳои хушбахтиро дар бар мегирад.  Гузашта аз ин, омилҳо ҳамчун сарчашма, шароит ва соҳаҳои қаноатмандии ҳаёт баромад мекунанд [1].

Аргайл хушбахтиро ҳамчун ҳолати эҳсоси қаноатмандӣ аз ҳаёт дар маҷмӯъ, баҳодиҳии умумии рефлексионии шахс ба гузашта ва ҳозираи худ, инчунин басомад ва шиддатнокии эҳсосоти мусбӣ мефаҳмад. Ин дидгоҳ дар анъанаҳои фалсафии эвдемонизми қадим решаҳои таърихӣ дорад. 

М. Аргайл вобастагии хушбахтиро аз робитаҳои иҷтимоӣ нишон дода исбот мекунад, ки аҳамияти асосии он дастгирии равонӣ буда, одамони наздик ба шахси муайян мерасонанд. Муносибатҳои муҳими иҷтимоӣ, муносибатҳои оилавӣ ва дӯстии наздик низ барои хушбахтӣ таъсир мерасонад[1].

Омили навбатии, қаноатмандии умумӣ, мавҷудияти кор буда, на ҳама вақт  кор ё ҳавасмандкунии моддии меҳнат, балки ҷанбаҳои психологии кор, аз қабили: гуногунрангӣ ва мустақилияти кор, мазмуннокии он, арзиши иҷтимоӣ, заминаи эмотсионалӣ, хусусияти муносибатҳо бо ҳамкорон ва роҳбарият таъсир мерасонад. Дар баробари кор бо омилҳои таъсиррасон, истироҳат, вақти холи, ба варзиш машғул шудан, ба тамошои ёдгориҳои таърихӣ рафтани, намоишгоҳҳо, боғҳои ҳайвонот рафтан, сафарҳои берун аз шаҳр, боздид аз қаҳвахонаҳо, тарабхонаҳо, рақсҳо ва ғайра низ таъсири бағоят муҳим дорад. Дар мавриди амнияти моддӣ, Аргайл ба хулоса меояд, ки эҳсоси субъективии хушбахтӣ ва қаноатмандӣ дар байни онҳое, ки сарватмандтаранд ва ба табақаи олии иҷтимоӣ тааллуқ доранд, каме баландтар аст.

 Омили навбатие, ки Аргайл баррасӣ кардааст, саломатӣ мебошад, ки бо эҳсоси хушбахтӣ ва қаноатмандӣ зич алоқамандӣ дошта, нисбат ба дигар омилҳо заруртар ва таъсирноктар аст. Яке аз омилҳои муҳиме, ки Аргайл таъкид кардааст, эҳсосоти мусбии шахс, басомад ва шиддатнокии онҳо мебошанд.

Ҳамин тариқ, барои қаноатмандӣ аз зиндагӣ дар маҷмӯъ, барои ҳолати хушбахтӣ, ба ақидаи Аргайл, чунин омилҳо: мавҷудияти робитаҳои наздики иҷтимоӣ, қаноатмандӣ аз кор, саломатӣ,  мавҷудияти вақти холӣ барои фароғат, сифатҳои шахсӣ (худбаҳодиҳӣ), экстраверсия, пурмазмун будани ҳаёт, эҳсосоти мусбат (кайфияти хуб) ва дастгирии моддӣ муҳим мебошанд.

М. Селигман формулаи хушбахтии худро чунин навиштааст. (С) 

С=У+О+З

  • С - сатҳи ҳаёти пойдори давомдор;
  • У – сатҳи меросии хушбахтӣ;
  • О – шароити зиндагӣ;
  • З – омилҳое, ки зери назорати мо қарор доранд.

Хушбахтӣ = диапазони индивидуалӣ + шароити беруна + назорати ихтиёрӣ дар он як диапазони индивидуалӣ, сатҳи аз ҷиҳати генетикии пешакӣ муайяншудаи хушбахтӣ, ки дар тӯли ҳаёт нисбатан устувор боқӣ мемонад ва мо чанде пас аз рӯйдодҳои муҳимтарини ҳаёти мо ба он бармегардем.

М. Селигман дар модели хушбахтии ҳақиқӣ мафҳумҳои зиндагии гуворо, зиндагии хуб ва зиндагии пурмазмунро муаррифӣ намуда, ба ин васила кӯшиш мекунад, ки дар асл чӣ будани некӯаҳволиро дарк намояд.

Албатта, падидаи хушбахтиро дақиқ муайян ва андоза кардан душвор аст. Бо вуҷуди ин, мафҳуми хушбахтии инсон дар бисёр илмҳо, ҷомеашиносӣ, фалсафа, психология омӯхта мешавад. Хушбахтӣ метавонад дараҷаҳои гуногун дошта бошад, ба монанди хушбахтии ҳаяҷоннок ва хушбахтии оромона. Як гурӯҳи одамон, ки дараҷаи хушбахтии ҳаяҷоннок ва шадид доранд рӯйдодҳои пурғавғо ва ҳаяҷонбахши иҷтимоиро дӯст медоранд. Гурӯҳи дигар, ки дараҷаи хушбахтии оромона доранд аз машғулиятҳои ором ва танҳоӣ лаззати бештар мегиранд.

 Сарфи назар аз он, ки проблемаи хушбахтӣ хусусан дар синни ҷавонӣ кайҳо боз омухта мешавад, ҳар дафъа гушаҳои нави дониши он пайдо мешаванд. Проблемаҳои тадқиқшуда ҳамеша ва дар ҳама ҷо ҳастанд, вале аз нуқтаи назари гуногун, он саволҳои нави омӯхтанашуда, пажуишҳои навро талаб менамояд. Масъалаи хушбахтӣ ҳамеша муҳим ва нав буда, барои муҳаққиқон ҷолиб аст. Имрӯз намояндагони на танҳо фалсафа, балки психология ва педагогика низ ба он муроҷиат мекунанд.

 

Баҳриева Маҳнушахон

ассистенти кафедраи фанҳои гуманитарӣ ва педагогикаи 

касбии ба номи Сайфуддини Исфарангии ФДТТИ
  магистранти курси дуюми ихтисоси психологияи
МДТ-и “ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров”

Рӯйихати адабиёти истифодашуда:

  1. Аргайл М. Психология счвсья . М ...Питер 2003. – 207 с.
  2. Брюкнер П. Вечная эйфория: эссе о принудительном счастье. СПб.: Изд-во Ивана Лимбаха, 2007
  3. Введенский А. Условия допустимости веры в смысл жизни       (1896)//Смысл жизни: Антология/Под ред. Н.К. Гаврюшина. М.: Прогресс-Культура, 1994.
  4. Крушельницкий Е. Филосовский уроки счастья. ЛитРес, 2019 с.180
  5. https:// дцо.рф (Санаи муроҷиат: 3.04.2022)
  6. https://цсо2.рф (Санаи муроҷиат: 20. 4.2022)
Хондан 329 маротиба