JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Панҷшанбе, 14 Июни 2018 09:03

Садое, ки аз дил ҷӯшида, ба ҷонҳо асар мегузорад

Муаллиф:

Садое, ки аз дил ҷӯшида, ба ҷонҳо асар мегузорад

 (дар ҳошияи зодрӯз ва 72-умин солгарди устоди ҳунари хунёгарӣ Аҳмад Зоҳир)

      Мусиқӣ бо худии худ падидаи эстетикист ва бо завқу салиқаи насли инсонӣ сари кор мегирад. Ин мусиқӣ аст, ки бо неру ва тавонмандиаш инсонро бедор мекунад ва ба сӯйи озодию истиқлолият раҳнамун месозад. Истиқлолияти ботинӣ ва дарунӣ маҳз бо шунидани мусиқӣ ва таронаҳои дилангез имконпазир мегардад. Ин аст, ки дар таърихи фарҳангу санъат ва адаби форсӣ-тоҷикӣ бо истилоҳоти «ромиш», «наво» ва «хунё» бисёр мувоҷеҳ мешавем, ки аз завқи мусиқиписандии мардуми марзу буми аҷдодӣ дарак медиҳад. Ромиш дар луғат ба маънии оромиш, осудагӣ, фароғ ва сукун, суруду овоз, шодӣ ва айшу тараб омадааст (ниг.:Амид Ҳасан. Фарҳанги Амид. Ҷилди дуввум. –Теҳрон: Амири Кабир, 1381. –С.1212). Наво маънои овоз, оҳанг ва номи яке аз оҳангҳои мусиқии ирониро ифода мекунад (Амид Ҳасан. Фарҳанги Амид. Ҷилди севум. –Теҳрон: Амири Кабир, 1381. –С.2419). Хунё бошад, ба маънои суруд, овоз, нағма далолат мекунад (Амид Ҳасан. Фарҳанги Амид. Ҷилди дуввум. –Теҳрон: Амири Кабир, 1381. –С.1044). Ҳар се вожа, аз лиҳози этимологӣ ё баромад форсӣ-тоҷикианд ва дар имтидоди тӯлонии замонӣ барои ифодаи мазомини мусиқавӣ корбаст шудаанд.

  Мусиқӣ ҳунар аст, ҳунари бозофаринии эҳсос ва отифати инсонӣ, ҳунари тавозун бахшидани ҷисму рӯҳ, санъати шинохти арзишҳои ботинӣ ва сириштӣ ва билохира офариниши ҷаҳони зебоӣ. Маънои мусиқӣ, қабл аз ҳама, дар озодӣ аст, озодии дарунӣ, ботинӣ ва ҳар гоҳ инсон аз мушкилоту даргириҳои зиндагӣ хаста мешавад, мехоҳад  аз тариқи суруду мусиқӣ хастагиашро ҷуброн созад. Ҳамин озодист, ки инсонро дар масири зиндагӣ ба шоистасолорӣ мерасонад. Бастагии инсон ба мусиқӣ, қабл аз ҳама, ба эҳсоси зебоиписандӣ ва бурузи ғизои эстетикиаш марбут аст. Маҳз  талаботи эстетикӣ дар қиболи шунидани мусиқӣ инсонро ба сӯйи озодии ботинӣ савқ медиҳад.

  Чунин навъи садову мусиқиеро, ки қалбҳоро ба шӯр оварда, эҳсоси истиқлолро дар вуҷуди инсонӣ туғён мебахшад, дар маҳфили вижа, ки ба ифтихори 72-умин солгарди хунёгари маъруфи Шарқ, устод Аҳмад Зоҳир дар толори хурди консертии ДДФСТ ба номи М. Турсунзода санаи 13 июни соли 2017 бо ибтикори кафедраи филологияи Донишкада доир гардид, мушоҳида кардем. Дар зимн, ҳамасола дар гӯшаву канори ҷумҳурӣ рӯзи 14 июн ба муносибати солрӯз ва солмарги устод Аҳмад Зоҳир ихлосмандони овозу оҳанги ҳунарманди фақид базми ёдбуд баргузор мекунанд, ки дар доираи он ҳаводорони таронаҳои Аҳмад Зоҳир гирди ҳам ҷамъ омада, бо хониши сурудҳои устод хотираи ӯро пос медоранд. Ин таносуб ва тасодуфро бубинед, ки устод Аҳмад Зоҳир 14 июни соли 1946 зода шуд ва дар ҳамин рӯз (14 июни соли 1949) дар синни 33-солагӣ оламро тарк кард. Аммо садои нотакрори Аҳмад Зоҳир баъди 39 соли даргузашташ ҳам қалбҳои мухлисони шеъру оҳангу мусиқиро тарк намекунад ва барои онон пайваста паёми дӯстӣ, муҳаббат, самимият, латофат, одамият ва шарофат мерасонад. Суруди Аҳмад Зоҳир суруди сукуту хамӯшӣ нест, таронаи иттиҳоду ҳамбастагии инсоният аст. Дар партави сурудаҳои ӯ инсон гаҳ инқилобӣ мешавад, гаҳ ифтихорӣ, гаҳ маҳзуну гаҳе пурнишот. Хулоса, суруди Аҳмад Зоҳир суруди зиндагӣ, суруди муборизаю муқовимат, суруди ҷасорату ҷуръат ва билохира суруди одамият аст. Маҳз ҳамин навъ мушаххасоти оҳангу таронаҳои безаволи Аҳмад Зоҳирро ба назар гирифта, ҷомеаи маданӣ ба сӯйи дарки маонии сурудаҳояш мешитобаду мешитобад. Ба ин далел, дар ДДФСТ ба номи М. Турсунзода суннат ва анъанаи меросбардорӣ идома ёфта, дар ин ҳошия зодрӯз ва ёдбуди Аҳмад Зоҳир ҳамасола таҷлил гардида, маҳфилҳои адабӣ-бадеӣ бо ҳузури фаъоли устодону муҳассилин ва меҳмонон доир мегардад.

  Ҳамин тариқ, санаи 13 июни соли ҷорӣ, соати 17:30 садои нотакрори Аҳмад Зоҳир ҳаводорони мусиқиро ба ҳам овард. Раёсат, садри факултаҳо, мудирони кафедраҳои китобхонашиносӣ ва библиографишиносӣ ва фанҳои ҷомеашиносӣ (Назира Раҷабова ва Кенҷаева), устодону муҳассилини Донишкада ва меҳмонон дар маҳфил ширкат варзида, оҳангу сурудҳои дилангезу марғуби Аҳмад Зоҳирро дар иҷрои гурӯҳи ҳунарии Донишкада шуниданд. Муҳимтар аз ин, иддае аз ширкаткунандагон (аз ҳисоби устодону донишҷӯёни Донишкада) дар ҷараёни маҳфил овозхононро ҳамроҳӣ карданд. Рӯйи даст гирифтани ин гуна ибтикорот завқи мусиқиписандӣ ва салиқаи зебоипарастии насли ҷавон -- донишҷӯёнро боло мебарад. Он чи ки имрӯз миёни наслҳои ҷомеа, махсусан насли ҷавон, ба истилоҳ, камёб ё дефитсит шудааст, завқи бадеӣ-эстетикӣ (зебоипарастӣ), мусиқиписандӣ, дарки амиқи мусиқии асил, шунида тавонистани овоз ва оҳанги баланд маҳсуб меёбад.

  Дар маҳфил ҳунармандони ҷавон ва ҳаваскорон-ихлосмандони сабки сарояндагии устод Аҳмад Зоҳир ширкат варзиданд. Чунин навъ маҳфилҳо халои фарҳангӣ, ҳунарӣ ва фикрии моро комил месозанд ва насли ҷавонро ботинан, дарунан ва сириштан тағйир медиҳанд. Болидарӯҳӣ ва фазои солими эҷодӣ, ки дар толори хурди консертӣ ҳукфармо буд, назари куллиро ба ояндаи неки мамлакат тақвият мебахшад. Мусиқии асил ҳамеша торҳои завқу салиқаи бадеӣ-зебоиписандии инсонро бедор карда, рӯҳияи ӯро дар баробари мушкилоти равонӣ муқовиматпазир месозад. Ҳар қадар чунин маҳфилҳо зиёд шаванд, хамон қадар сатҳи буҳронҳои фикрӣ, равонӣ, ахлоқӣ  ва маданӣ пойин меравад. Илова бар ин, мусиқии тавонманд, минҷумла оҳангу таронаҳои равоншод Аҳмад Зоҳир решаи хурофот, таассуб ва ҷаҳолатро, ки пӯсонандаи ҷомеанд, заиф месозад ва роҳи муборизоти маданӣ ва ҳунариро бо чунин навъи «вабо» ҳамвор мекунад.

  Мардум ва махсусан, ҷавонон, табиатан ташнаи шеъру суруданд ва шеъру суруди асил инсонро, новобаста аз тааллуқоти табақотӣ, динӣ-мазҳабӣ ва сиёсию мафкуравӣ сифатан тағйир медиҳад. Мусиқӣ забони эҳсос ва отифат буда, аз он ҷиддӣ ва ҳадафмандона кор гирифтан баробар аст ба сохтани дунёи нав. Дунёи тоза ва ҷадиди меҳру муҳаббат ва самимияту отифат. Бо таваҷҷуҳ ба ин, сурудҳои ҷовидонаи устоди зиндаёд Аҳмад Зоҳир забони гӯёи муҳаббат, отифат, шарофат, самимият, латофат, ҷасорат, ҷуръат ва билохира инсоният мебошанд ва гиромидошти хотираи ӯ тавассути баргузории маҳфилҳои махсус ва аз ин тариқ тарғиби саросарии мусиқии зиндаи шарқӣ (дар мисоли мусиқии Аҳмад Зоҳир) рисолати миллӣ ва инсонист, ки, хушбахтона, дастандаркорони маҳфили ёдбуди хунёгар ҳамасола анҷом медиҳанд.

 Нозим Нурзода

 

Хондан 296 маротиба