JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Сешанбе, 03 Октябри 2017 10:32

Ғайрате дорӣ, аҷаб, ай марди маъниошно!

Муаллиф:

   Расона (media) ба унвони абзори муҳими иттилоотӣ, сиёсӣ, мафкуравӣ, фикрӣ ва фарҳангӣ сад соли ахир бар фазои зиндагии инсонӣ мусаллат шудааст, то ҷое ки инсоният имрӯз худро бидуни ин василаи иртиботи ҷамъӣ тасаввур карда наметавонад. Дар миёни анвои расона телевизион ба сифати дастрастарин ва муассиртарин навъи иртибототи ҷамъӣ ҷойгохи махсус дорад ва муҳаққиқон, беҳуда онро «чашми мардум» нашуморидаанд. «Чашми мардум» (манзур телевизион аст) ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи огоҳиҳои ҷомеа тайи сад соли ахир хидматҳои шоён карда, дар тахаввулоти фикрӣ ва бедории ичтимоӣ саҳми сазовор гузоштааст.

   Албатта, сатҳу сифати барномаҳои телевизионӣ ва қабули хотири бинандагон қарор гирифтани онҳо ба профессионализми рӯзноманигорони шабакаҳои телевизионӣ бастагӣ дорад. Профессионализм ё ҳирфавият на танҳо ба донишу биниш, балки ба фаросат, диди зебоиписандӣ, мушоҳида ва тачрибаву андӯхтаҳои корманд вобаста аст. Аз ин рӯ, ҳар як барномаи телевизионие, ки омода ва пахш мешавад, вижагихои  худро дорад ва кайфияту чигунагии он ба персонал ё ҳайати кории барнома иртибот мегирад. Муҳимтар аз ҳама, муаллиф ва ровии барномаи телевизионӣ ядро ё ҳастаи тарҳ-пружаи телевизионӣ маҳсуб меёбад. Аз ин ҷост, ки бинанда бештар рӯйи фаъолияти муаллиф ва ровии барнома тамаркуз ва қазоват мекунад.

  Дар фазои иттилоотии ватанӣ телевизион ва радио ҳанӯз аз оғози фаъолият пешдастӣ доштанд ва то имрӯз ин ду навъи василаи иртибототи ҷамъӣ роҳи худро пайгирона идома медиҳанд. Мусаллам аст, ки интернет ва шабакаҳои ичтимоӣ дар ҳоли вусъати кайхонӣ пайдо кардананд ва дар шароити феълӣ рақиби асосии телевизион ва радио маҳсуб меёбанд. Қатъи назар аз ин ки домани иттилоот ва ахбори гуногунмуҳтаво тавсеа ёфтааст ва насли ҷавон бештар ба мутолеа ва тамошои маводи интернетӣ тамоюл дорад, телевизион ва радио мақоми худро аз даст надодааст ва дар пайи рақобат бо анвои дигари васоити иртибототӣ гомҳои устувор мебардорад. Манзурам аз ин муқаддима ёдовар шудани хидмати барномарезон ва ходимони калидии пружаҳои телевизионӣ мебошад, ки солиёни дароз дар ин ҷодаи пурмашаққат заҳмат кашида, ба дараҷаи шахсият-профессионал расидаанд. Аз зумраи чунин шахсият-профелҳои телевизиони ватанӣ, ки солҳои сол дар шабакаи аввали телевизиони чумхурӣ фаъолият намуда, феълан дар Муассисаи давлатии навтаъсиси «Телевизиони Синамо» хидмат мекунад, журналисти варзида устод Ғайратшоҳ Аҳмадзод мебошад. Бинандагони Шабакаи аввали телевизион бо ин шахсият ҳадди ақал аз барномаҳои телевизионии «Фарҳанг ва мардум», «Тадбир» ва «Чашмандоз» ошно хастанд ва хуб дар ёд доранд, ки барномахои мазкур аз солҳои дуҳазорум ба баъд ба муҳити иттилоотӣ ва фарҳангии ҷумҳурӣ ворид шуда, аз лиҳози бандубаст, мазмуну мундариҷа, диди фикрӣ ва бадеӣ-эстетикӣ ҷолиб будаанд, то ҷое ки бинандагони сершумор аз ин навъи барномахои телевизионӣ сифат мекарданд. Муаллиф ва ровии барномаҳои мазкур устод Ғайратшоҳ Аҳмадзод буда, унвони барномахояшро бо тақозои замон ва ба хотири таҷдид ва тавсеаи биниши бинанда ба таври марҳилавӣ  ҳадафмандона тағйир медод ва аз ин тариқ бо тамошобин, ба истилоҳ, унс мегирифт. Унс гирифтан бо тамошобин дарк кардани ҳолату вазъи дарунӣ, ботинӣ ва сириштии бинанда мебошад. Чун ҳолати равонӣ ва фикрию ахлоқии бинанда мадди назари журналист қарор дорад, ӯ ба бозкушоӣ кардани мушкилот мепардозад ва дар ин масир аз неруи тамошобини фаъол истифода мекунад. Ба сухани дигар, журналист воқеияти давр ва мушкилоти замонро хуб дарк мекунад ва ташхис дода метавонад: мушкилоти зеҳнӣ, фикрӣ ва ақидатӣ дар ҳавзахои иҷтимоӣ; рӯёрӯйӣ бо мафкураи бегона; набардҳои иттилоотӣ ва таҳочуми мафкуравӣ; дарки дурусти калидвожаҳои истиқлолият, масъулият, ҳувият ва асолати миллӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ ва бархӯрдҳои тамаддунӣ; шинохти мантиқӣ аз арзишҳои миллӣ ва мероси гузаштаи фарҳангӣ; бар дӯш гирифтани масъулияти иҷтимоӣ дар самти баланд бардоштани сатҳи огоҳиҳои мардумӣ; рӯшангарии миллӣ дар муқобили ҷаҳолату таассуби динӣ-мазҳабӣ; ҳузуру нуфузи хурофоту таассуби динӣ дар марзҳои иҷтимоӣ ва таъсири он ба рӯҳияи миллӣ; суйистифодаи дин ва мазҳаб дар бозиҳои геополитикӣ; ақибмондагӣ ва вопасгаройӣ бар асари хурофотпарастӣ. Ин силсилаи мушкилот ва воқеиятҳои замонро журналист дар қолаби вижабарномаҳои телевизионӣ манзури тамошобинон месозад. Чунин навъи барномаҳо ба сифати маводи иттилоотӣ ва таҳлилӣ ба доираи васеи тамошобин пешбинӣ мешаванд ва дар боло бурдани сатҳи огоҳиҳои иҷтимоӣ ва фикрию фарҳангии ҷомеа нақши муҳим мегузоранд. Бар илова, масъулият ва мавзеъгирии миллӣ устод Ғайратшоҳро водор месозад, ки тариқи қалам ва сухан мушкилотро расидагӣ намояд ва ҷомеаро аз мувоҷеҳа бо хатарҳои глобалие, назири нодонӣ, ҷахолат, хурофот, таассуб, хушунат, залолат, разолат, истибдод ва ҳақорат, ки як миллат ва ҷомеаро аз масири тараққиёту пешравӣ бозмедоранд, огоҳ созанд. Ин аст, ки журналист бо истифода аз ҳузури коршиносон ва муҳаққиқони варзидаи ватанӣ расидагӣ намудани мушкилот ва масоили фикрӣ, равонӣ, зеҳнӣ, ахлоқӣ, эстетикӣ, адабӣ ва дар мачмӯъ, фарҳангиро ҳадафи эҷодӣ, ихтисосӣ ва миллӣ қарор дода, дар доираи барномаҳои телевизионӣ матрах месозад, то бинанда дастикам аз вокеияти давру замон огоҳ бошад. Ҳамкорӣ бо донишмандони саршинос, коршиносони варзида ва муҳаққиқони маъруфи ватанӣ ва хориҷӣ, мутолеаи осори адабӣ-бадеӣ ва илмӣ-таҳқиқии мутааддид боиси тавсеаи дидгоҳ, андеша ва тавони фикрии журналист Ғайратшоҳ Аҳмадзод гардида, ӯро ба сатҳи як шахсияти мустақили миллӣ расондааст. Доир ба масоили иҷтимоӣ, миллӣ ва фаромиллӣ назари хос ва дидгоҳи мустақил дорад, аммо хеҷ гоҳ назар ва диди худро ба касе, бахусус мусоҳибаш таҳмил намекунад ва аз касе ақидаеро бидуни тааммулу тааммуқ вом намегирад. Мутолеа ва тачрибаю мушоҳидот кори ҳаррӯзаи журналистро ташкил медиҳад ва бар мабнои диду боздидҳо ва мутолеаю омӯзаҳо барнома таҳия ва манзури ҷомеа мекунад. Маҳз дар ин асос барномаҳои телевизионии «Фарҳанг ва мардум», «Тадбир» ва «Чашмандоз» дар Шабакаи аввал рӯйи кор омаданд ва бар мабнои воқеият ва манофеи миллӣ паёми огаҳӣ дардоданд. Бо итминон метавон гуфт, ки барномаҳои мазкур рисолати худро дар назди бинанда анчом доданд.

  Раванди донишу биниши журналист дар мароҳили гуногуни зиндагӣ тахкиму тақвият ёфтааст. Ҷуғрофиёи кӯҳистон, муҳити солими хонаводагӣ, ҳавзаи донишмандони деҳотӣ, таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва олии касбӣ, кору фаъолият дар телевизиони давлатӣ, ошноӣ бо шахсиятҳои миллатдӯсту фарҳехтаи дохилию хориҷӣ, шиносоӣ бо муҳити фикрию адабии ҷумҳурӣ Ғайратшоҳ Аҳмадзодро ба дараҷаи як шахсияти томи эҷодӣ, фикрӣ ва иҷтимоӣ расонидааст. Мавсуф ибтидои фаъолияташро аз омӯзгорӣ шурӯъ намуда, аз ин касби шарафманд таҷриба ва дарси зиндагӣ омӯхтааст. Фаъолияти омӯзгорӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ доираи биниш ва тафаккури устод Аҳмадзодро густурда, ӯро минҳайси як инсон ва муаллими вораста ва пуштибони забон ва адабиёти миллӣ дар миёни хамкасбону ҳамнаслон муаррифӣ кард. Ғайратшоҳ аз хилоли мутолеот ва бархӯрдҳое, ки бо қишрҳои гуногуни иҷтимоӣ дошт, хуб дарк  кард, ки шинохт ва муаррифии мероси фикрӣ, адабӣ, фарҳангӣ дар сатҳи зарурӣ кори саҳлу осон нест ва бо такя ба донишу биниши инфиродӣ роҳи нисбатан фарохтарро интихоб намуд ва сарнавишти минбаъдаашро ба телевизион пайваст. Кор дар Идораи барномаҳои фарҳангии Шабакаи аввали Телевизиони Тоҷикистон маҳорату малакаи устод Ғайратшоҳро такмил дод ва чун марди фарҳангӣ ва муҳофизи ҳувияти миллӣ буд, барояш майдони фарохи тарғиби арзишҳои миллӣ ва марзбумӣ фароҳам омад ва дар ин майдони иттилоотӣ ва фарҳангӣ боҷасорат ҷавлон зад. Заҳамоти онзамонаи журналист дар барномаҳои маъруфи «Фарҳанг ва мардум», «Тадбир», «Чашмандоз», ҳамчунин чандин барнома-пружаҳои таҳлилӣ инъикос ёфтааст. Журналист дар қолаби жанрҳои гуногуни телевизионӣ, махсусан жанрҳои таҳлилӣ-мубоҳисавӣ бо истифода аз имконоти фаннӣ, ихтисосӣ, фикрӣ ва эҷодӣ, қабл аз ҳама, сари мавзӯоти миллӣ ва ҳувиятӣ тамаркуз карда, бо ҳузури муҳаққиқону коршиносони маъруф ва доираи донишҷӯёну фарҳангиён атрофи масоили мубрами таърихӣ, фарҳангӣ, фикрӣ, ахлокӣ, зебоишиносӣ, ҳунарӣ ва зеҳнӣ баҳс меорост ва бинандаро ба масъала ва мушкилоти миллӣ ва фаромиллӣ ошно месохт. Баҳсу мунозироти гарме, ки аснои сабти барнома миёни донишмандону коршиносон, аз як тараф ва донишҷӯён, аз тарафи дигар, дар студияи телевизион сурат мегирифт, баёнгари  мубрам будани мавзӯъ ва матолиби баҳсӣ буданд. Баъди таъсиси шабакаи ихтисосии телевизионӣ --- Муассисаи давлатии «Телевизиони Синамо» журналист ба ин коргоҳи вижаи эҷодӣ ба кор даъват мешавад ва қисмати минбаъдаи фаъолияти рӯзноманигориашро бо ин шабакаи навтаъсиси тахассусии телевизионӣ мепайвандад. Ҳарчанд ки устод Ғайратшоҳ ба шуъбаи филмҳои миллии шабакаи мазкур ба кор даъват шуд, тасмими роҳандозӣ намудани тарҳ-пружаи телевизиониеро таҳти унвони «Ҳазору як андеша» мегирад. «Ҳазору як андеша»  маҳсули биниш, дониш, тафаккур, таҷриба, мушоҳида ва диди ихтисосии журналист Ғайратшоҳ Аҳмадзод дар марҳилаи ҷадиди корӣ мебошад. Дар барномаи «Ҳазору як андеша», ки ҳафтаина пахш ва бозпахш мешавад, тарзи нави барномаофаринӣ ба мушоҳида  мерасад: рамз ва символикаи барнома – ақрабаки тундҳаракати соат ҳаракати мудавом ва тунди фикр ва умри инсониро далолат мекунад, ки боиси таҳаввулоти иҷтимоӣ ва бедории фикрӣ мегардад; ровии барнома пушти кадр аст ва соя-суробаш пушти парда бо мусоҳиб намоён асту халос ва ин мушаххасаи эҷодӣ рамзу рози худро дорад;  мусоҳиба ва муколима дар шакли табиӣ, бидуни сунъисозӣ ва сохтакорӣ сурат мегирад; пурсишу суолгузориҳои муаллиф-ровӣ характери ихтисосӣ ва илмӣ дошта, асосан, ба ҷомеаи шаҳрвандӣ ва фаъолони маданӣ нигаронида шудаанд; ороишот ва дизайни саҳна ғайриқолабист; намояндагони қишрҳои гуногуни иҷтимоӣ -- ҳунарӣ, маданӣ, адабӣ ва илмӣ барои суҳбат ба барнома даъват мешаванд ва ин тартиби кор рангорангии мусоҳибаҳоро таъмин мекунад ва бинандаро аз хастагӣ ва якрангӣ раҳо мекунад. Дар қолаби барномаи «Ҳазору як андеша» муколимаи ду нафар – ровӣ ва меҳмони барнома ҳудуди чил дақиқа сурат мегирад. Барномаҳои мазкур ҳамагӣ ба масоили ҳувият, миллият, дироят, фазилат ва фаросати миллӣ бахшида шуда, баёнгари вазъи фикрӣ ва фарҳангии ҷомеаанд  ва муждаи бедории миллиро дар замони соҳибистиклолӣ ба мардум мерасонанд.

 Мутмаинан,  маҳорати суханварӣ, малакаи суҳбаторойӣ, ҷустуҷӯ ва ковишҳои шабонарӯзӣ, андешаи амиқи фалсафӣ ва билохира ҳунари ҷазби бинандагон ба масоили мавриди назар устод Ғайратшоҳро миёни ҳамкорон ва фарҳангиён соҳибобрӯ сохтааст. Ҳамчунин, васила-технологияҳои фикрӣ, эҷодӣ ва ихтисосӣ ба устод Ғайратшоҳ дар корсоз гардидан ва мақбули тамошобин шудани барномаҳояш мусоидат намудаанд.  

  Матлаберо, ки журналист дар барнома ба унвони мавзӯи баҳс қарор медиҳад, қаблан ҷиддӣ ҳазм мекунад, сари он маводи илмӣ-таҳқиқӣ ҷамъ меоварад, дар заминаи мавзӯъ ковишҳои ихтисосӣ анҷом медиҳад, машварату маслиҳати муҳаққиқонро дар робита бо матлаб мегирад ва ниҳоятан, онро ба маърази баҳс вомегузорад. Ин аст, ки барномаҳои журналист Ғайратшоҳ Аҳмадзодро метавон дар радифи барнома-тарҳҳои телевизионии журналистони маъруфи шабакаҳои телевизионии русӣ, дарӣ, форсӣ ва урупойӣ гузошт. Ҷалби донишҷӯёну устодони муассисоти таҳсилотии миёнаи умумӣ ва олии касбӣ ва кормандону коршиносони варзида барои ширкати бевосита дар барномаҳои телевизионӣ лоиҳа-пружаҳои журналистро ҷозибтару диданитар мекунанд. Иштироки мудавом ва суханронӣ дар лоиҳа-пружаҳои телевизионии Ғайратшоҳ Аҳмадзод дар бисёр маворид шахсияти донишҷӯёну коршиносонро такмил дода, донишу биниши онҳоро дар робита бо дарку шинохти мушкилоти иҷтимоӣ ва фарҳангӣ тавсеа мебахшад. Бисёр чеҳраҳои илму ҳунар ва фарҳанги миллӣ тавассути барномаҳои телевизионии Ғайратшоҳ Аҳмадзод муаррифӣ мегарданд ва тамошобинон аз андеша ва дидгоҳи мушаххаси онҳо дар иртибот бо ин ё он масоили муҳим огоҳ мешаванд.    

  Журналист дар тарҳи барномаҳои таҳлилии радиои ҷумҳурӣ низ нерусанҷӣ кардааст, ки ин ибтикор бетафовут набудани ӯро ба самти навъи маъмули ВАО-и ватанӣ--- радиои ҷумҳурӣ ифода мекунад. Ин аст, ки устод Ғайратшоҳ дар ростои таҷриба ва мутолеоти густурдаи шахсӣ вижабарномаҳои радиоӣ омода ва пешкаши шунавандагон менамояд. Барномаи радиоии «Манзари назар» (дар радиои «Фарҳанг»),  ки аз лиҳози муҳтаво таҳлилӣ мебошад, як навъ идомаи ковишу ҷустуҷӯҳои журналист Ғайратшоҳ Аҳмадзод дар заминаи одобу русум ва фарҳангу тафаккури миллӣ маҳсуб меёбад. Агар дар барномаҳои телевизионӣ мухотаб бинанда бошад, дар тарҳҳои радиоӣ муаллиф ва ровӣ ба шунаванда иртибот барқарор ва бо ӯ(шунаванда) мустақим ва ғайримустақим муколима ва гуфтугӯ мекунад. Имрӯз теъдоди шунавандагони барномаҳои радиоӣ мутаносибан кам шуда бошанд ҳам, радио ба сифати воситаи муассири иттилоотӣ мақому манзалаташро аз даст надодааст ва бо пахшу бозпахши барномаҳои гуногунрангу гуногунмуҳтаво ҳанӯз дар фазои иттилоотӣ ва фарҳангӣ аз ҳузури қоими худ дарак медиҳад.

   Ғайратшоҳ Аҳмадзод дар се самт – телевизион, радио ва матбуоти даврӣ фаъол аст ва рисолати худро ҳамчун рӯзноманигори миллӣ софдилона иҷро менамояд. Мақолоти устод Ғайратшоҳ дар матбуоти даврӣ, ки фарогири масоили муҳими иҷтимоӣ ва фарҳангианд, мунташир мегарданд. Дар баробари иҷрои корҳои зиёд, устод Ғайратшоҳ ба тарбияи мутахассисони ҷавон низ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда, дар самти омода ва ба талаботи замон ҷавобгӯ сохтани журналистони телевизион (аз ҳисоби рӯзноманигорони ҷавон) саҳми муносиб мегирад. Ғайрат, ташаббус, ибтикор, саъю талош ва кору пайкори чунин шахсиятҳои ҳирфавии соҳаи рӯзноманигории ватанӣ моро ба ояндаи дурахшони журналистикаи миллӣ боварманд месозад. Таҷриба ва собиқаи фикрӣ, касбӣ, ихтисосӣ, эҷодӣ, ҳунарӣ ва фарҳангии ин қабил рӯзноманигорони ватанӣ сазовори омӯзиш ва пайравӣ аст.

Нозим Нурзода, 

пажӯҳишгар

САМАК №40(309) 4-саҳ. 4-октябри соли 2017

Хондан 1723 маротиба