JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
 Дунявият низомест, ки дар он фаъолиятҳои сиёсӣ ва фаъолиятҳои динӣ аз ҳам ҷудо амал мекунанд. Яъне ниҳодҳои сиёсию динӣ аз ҳам ҷудо амал мекунанд. Дар ин низом қонунгузорӣ дар чорчӯбаи зарурриятҳои иҷтимоӣ ба роҳ монда шуда, асли ҷудоии ҳукумату дин дар қонуни асосии бисёре аз кишварҳои демократӣ сабт гардидааст. Ин асл яке аз бузургтарин ҷилваҳои пешрафти фарҳангӣ ва фикрии башар ба шумор меравад. Асли ҷудоии дину сиёсат реша аз демократия мегирад, ки он яке аз беҳтарин меъёрҳои ҳукумати дастаҷамъӣ ё гурӯҳӣ дар ҳар ҷомеа шинохта шудааст. Дар ин навъи ҷомеа майдони амалкарди дастгоҳ ё ниҳоди асосии идоракунии ҷомеа, ки ҳукумат…
 Чист Истиқлолият? Пайки бахту муждаи озодӣ аст, Дар Ватан сарманшаи ободӣ аст. Маҳви чуғзи ғам зи тири шодӣ аст, Дар ватандорӣ муҳаббатхоҳӣ аст. Давлат Сафар Оре, Истиқлолият ин муждаи озодию пайки бахт буда, сарманшаи ободии Ватан ва муҳаббатҳоҳӣ дар ватандорӣ мебошад, ки ҷавҳари он Истиқлол аст. Истиқлол яке аз усули асосии фарҳанги умумии башар ва ба ибораи дигар, истиқлол манбаи асосии сиёсат, ҳуқуқ, адёни ҷомеаи инсонӣ аст. Дар баҳсҳои ҳуқуқи башар ба унвони манбаи истиқлол панҷ аслро мавриди таҳқиқ ва баррасӣ қарор медиҳанд: 1) асли ҳаёти шоиста; 2) асли каромати инсонӣ; 3) асли таълим ва тарбия; 4) асли истиқлоли масъулона;…
Сешанбе, 30 Августи 2022 15:20

Ваҳдати миллӣ – арзиши умумиинсонӣ

Муаллиф:
Муносибат ва муколимоти муътадил ва ҳасанаи иҷтимоӣ дар ҳамаи давру замонҳо бар пояи ваҳдату ҳамдигарфаҳмии мардумӣ бунёд ёфта, мушкилоту печидагиҳои иҷтимоӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ, иқтисодӣ, равонӣ бевосита дар натиҷаи ваҳдату созиши ҷомеа рафъ мегарданд. Мафҳуми ваҳдат ҳамчун падидаи сиёсӣ дар асри ХIХ дар Фаронса нуфуз карда, ба сурати мафкураи давлатӣ муаррифӣ шуд. Рисолати он дар таҳкими робитаю муносибатҳои мусолиматомези иҷтимоӣ зоҳир мегардид. Ваҳдатро муҳаққиқон риштае медонанд, ки миёни фард ва ҷомеа вуҷуд дошта, онҳоро ба ҳам мепайвандад. Аз ин ҷост, ки яке бидуни дигаре вуҷуд дошта наметавонад ва ҳар як ҷомеа, табиатан, ниёз ба ягон шакли ҳамбастагӣ ва ваҳдатро дорад.
Бунёду барқарорсозии ин иншооти муҳиму стратегӣ барои таъмини зиндагии сазовори наслҳои имрўзу оянда хизмат мерасонад. Он барои рушди иқтисодиёт ва дар маҷмуъ барои пешрафти тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат заминаи мусоид фароҳам меорад. Баъди ба истифода додани неругоҳ имкон аст, ки дар кишвар даҳҳо корхонаҳои хурду бузурги саноатӣ ифтитоҳ ва ҳазорҳо ҷойҳои нави корӣ таъсис ёбад. Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
 (муруре иҷмолӣ ба маҷмуаи “Бурротар зи теғ”-и устод Урун Кӯҳзод) Дар қолиби асарҳои бадеӣ матраҳ кардани мушкилоти иҷтимоӣ ва махсусан, уқдаҳои ҳувиятӣ дар ададбиёти ҷаҳонӣ ба суннати мутадовил табдил ёфтааст ва адибону нависандагону шоирон буҳронҳои иҷтимоию ҳувиятиро вобаста ба тарзи биниш ва фарохии дид баррасӣ карда, хонандаро ба фикр кардан ва роҳҳал ҷустан водор месозанд. Ҳадафи адибону нависандагони саршинос ин аст, ки хонанда пас аз муруру мутолеаи осори адабӣ-бадеӣ атрофи мушкилоту уқдаҳо худ, бидуни дахолати берунӣ мустақилона натиҷагириву қазовату доварӣ намояд. Дар воқеъ, баррасии ҷиддии мушкилоти ҳувиятӣ ва уқдаҳои фикрӣ, ки тайи таърихи тӯлонӣ боиси шикасту заъфи миллат гардидаанд, дар…