JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Душанбе, 15 Январи 2018 08:59

Сада - иди ниёгони ориёнажод

Муаллиф:

   Мувофиқи махзанҳои таърихӣ, иди Сада таърихи беш аз 3000 то 5000-соларо дорост. Калимаи Сада аз забони мардуми ориёии қадим гирифта шуда, Оташро ифода менамояд. Дар таърих аввалин подшоҳе, ки иди Садаро ҷашн гирифтааст ва амалӣ сохтааст, Хушанг мебошад.

  Бояд қайд намуд, ки дар аксари сарчашмаҳои ориёиҳо мавҷудияти ҳаётро бо чор омил – ҳаво, хок, обу оташ вобаста менамоянд. Дар ин ҷо омили оташ ифода ва омили гармӣ дар муқобили сардӣ буда, нармиву ҳаловатовариро таҷассум менамояд. Ва боз ҳам дар махзанҳои таърихӣ маҳфуз он ақидае аст, иди Сада аз давраҳои Пайғамбарии Зардушт оғоз ёфтааст. Ба ҳар ҳол, иди Сада давраи аз ҳолати хунукӣ ва карахтӣ баромадани табиату набототу ҳайвоноти оламро ифода карда, мардум дар охири фасли сармо дар майдонҳои васеъ ҳезум ҷамъ намуда, оташ меафрӯхтанд. Яъне онҳо бо ин васила, боз ба гармӣ, ба рақсу бозӣ, ба хурсандиву хушҳолӣ гузаштанро талқин менамуданд. Аз тарафи дигар, тоҷикон, ки аз қадимулайём мардуми кишоварз буданд ва то кунун асосан, бо меҳнату заҳмати хеш маводҳои истеъмолӣ ва пӯшиданиро ба даст меоварданд, аввалин таблиғкунандагони ин иди аҷдодӣ-Сада мебошанд. Яъне баъди қайд намудани иди Меҳргон, баъди ҷамъоварӣ намудани маҳсули кори яксолаи деҳқонон, кишоварзон дар фасли тирамоҳ, баъди гузаштани 90-100 рӯз, боз мебояд барои фаъолиятҳои нави эҷодии кишоварзӣ камар бандан. Аз ин лиҳоз, иди Сада иди мужда аз тайёрӣ ва пеша намудани корҳои нав дар ҳаёт аст. Ба маънои дигар, бо афрӯхтани оташ дар маҳал ва дар гирди оташ рақсу бозӣ намудан, ин маънои онро дошт, ки баъди сардиву карахтии фасли зимистон, мебояд боз ба гармиву хушиҳои зиндагӣ рӯй овард. Бо афрӯхтани оташ дар назди хонаҳо ва дигар ҷойҳои муайян, дар марҳилаи ба фано рафтани фасли зимистон, мардуми зиндадили ориёнажод нишон медоданд, ки бо истифодаи қувваи оташ, бо дили гарму нармашон мардуми оламро ба ободкорӣ, ба меҳру муҳаббат, ба дӯстиву рафоқат ҳидоят менамуданд. 

Ҳамин тариқ, бо ҷашн гирифтани иди Сада ниёгони ориёнажод ба ҷаҳониён нишон медоданд, ки онҳо омодаи корҳои нав, фаъолиятҳои пурмаҳсул ва аввалин созмондиҳандагони зиндагиву ҳаёти навин мебошанд. Аз ин ҷост, ки дар байни идҳои ориёиҳо - Меҳргону Наврӯз иди Сада ҷашн гирифта мешуд. Яъне иди Сада ифодаи камарбандӣ ва омодагӣ ба фасли нав дар умри инсонӣ – фасли баҳор ва иди Наврӯз ба шумор меравад. Имрӯзҳо, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибистиқло мебошад иди Садаро, ки ниёгони мо ба оламиён мерос мондааст, бояд арҷ гузорад. Олимон, мутахассисон ва Ҳукумати Тоҷикистон бояд кӯшиш ба харҷ диҳанд, ки ин иди қадимаи мардумамон дар арсаи олам ва дар Созмони байналмилалии ЮНЕСКО расман қайд гардад. Агарчанде ки иди Сада мероси мардуми тоҷику Машриқзамин аст, вале ба таври расмӣ ин мерос дар арсаи байналмилал қайд нагардидаст. Бинобар ин, моро зарур аст, ки ин ҷашни қадима ва пуршукӯҳи аҷдодиро сазовор таҷлил намоем ва дар роҳи ба феҳристи Созмони байналмилалии ЮНЕСКО ворид намудани он қадамҳои устувор барорем.

 

Қурбоналӣ ПАРТОЕВ  - сарходими илмии Институти ботаника,

физиология ва генетикаи растании АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон,

доктори илмҳои кишоварзӣ

Хондан 756 маротиба

Китобҳо