JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Душанбе, 30 Июли 2018 03:28

Дарккунӣ ва усулҳои омӯзиши ҳодисаҳои табиат

Муаллиф:

  Илм шакли махсуси фаъолияти амалии табиатомӯзии инсон мебошад. Илм - ин як шакли фаъолияти умумии инсон аст, ки вазифаи асосии он коркарди назария ва усулҳои дарк намудани олам буда, ё бо ибораи дигар ба танзим даровардани донишҳо дар бораи олами моро иҳотакунанда ба шумор меравад. Ҳадафи асосии ҷустуҷӯҳои илмӣ донистани ҳақиқати объективии олам мебошад. Ҳама гуна олам бо сабаби воқеияти обективӣ буданаш мутлақу ягона аст. Аммо донишҳои илмии инсон дар бораи табиат нисбӣ ва номукаммалу маҳдуданд. Ҳақиқати мутлақ бошад, ин аниқу пурра донистани воқеият мебошад. Дониши нисбии инсон низ вобаста ба дараҷаи инкишофаш ҳақиқати мутлақро то андозае таҷассум намуда, то ҳудуди муайян бо он ба тадриҷ наздик мешавад.

  Тамоми илмҳо бо ду усул: таҷрибагароӣ (эмпирикӣ) ва ақлгароӣ (ратсионалӣ) омӯхта мешаванд. Асосгузори равияи эмпиризм файласуфи англис Френсис Бэкон (1561-1626) ва поягузори ҷараёни ратсионализм файласуф ва риёзидони фаронсавӣ Рене Декарт (1596-1650) мебошад. Бэкон муҳимтарин вазифаи фалсафаро эҷоди усули нави маърифати илмӣ медонист ва ба андешаи ӯ донише, ки самараи амалӣ ба бор намеоварад, чун сарвати беҳуда аст. Ба андешаи Декарт усули ҷадиди (ратсионализм) тафаккур бояд, асос дошта бошад ва ин асос бояд дар хирад ва худшиносии тафаккури инсонӣ мавҷуд бошад. Декарт ба тасаввуроти механикии олам чунин асоси мустаҳкамеро гузошт, ки дар маҷмуъ ин тасаввурот заминаи фалсафаи илмии Замони нав гардид.  

  Дар ояндаи наздик аз печиши илмҳои мухталиф шояд шохаҳои илмҳои гуногун, риштаҳои нав ба нави илмӣ ба майдон омада, гиреҳҳои нокушодаи асрори табиатро боз намоянд. Мутафаккири шаҳири тоҷик Муҳаммад Осимӣ (1920-1996) вазъияти илми муосирро ба дарахти сершоху баргу пурмеваи сари роҳ монанд кардааст, ки аввалинҳо меваҳои дастраси намоёни онро ба осонӣ чидаанд. Баъдиҳо бошанд, аз байни шоху барг, аз нӯги дастнораси навдаҳо мева мечинанд. Чидани «меваҳо» - и илмӣ бағоят душвор бошад ҳам, форам, хушоянд ва нерӯбахшанд.

  Бинобар ин, маълум аст, ки олами моро иҳотакунанда системаи ягонаву пурраеро ташкил менамояд, ки дар он ашёҳою (предметҳо) ҳодисаҳо дар алоқамандию таъсири мутақобили байниҳамдигарӣ қарор доранд. Материя бошад, доимо дар ҳаракат ва тағйирёбӣ аст. Тағйиротеро, ки ба он материя дучор мегардад, ҳодиса номида мешавад. Дар табиат ҳодисаҳо бо ду тарз: мушоҳидавӣ ва таҷрибавӣ омӯхта мешаванд. Омӯхтани ҳодисотро дар шароити табиӣ мушоҳида меноманд. Таҷриба - ин усули омӯзиши ҳодисаҳо дар шароити озмоишгоҳ (лаборатория) мебошад. Натиҷаҳое, ки ҳангоми мушоҳидаю таҷрибагузаронӣ ба даст оварда мешаванд, далелҳо (фактҳо) ном доранд. Дар натиҷаи муқаррар намудани алоқамандии байни далелҳо қонуният ба вуҷуд меояд. Аммо на ҳама робитаҳо қонун шуда метавонанд. Қонун нафақат робита, балки муносибатҳои муҳиму сифатии такроршавандаи ҳодисаҳои табиату воқеаҳои ҷомеа мебошад. Файласуфон бошанд, ба таври пурратар қонунро чунин таъриф медиҳанд: «Қонун - ин робитаҳои аёнӣ, дохилӣ ва моҳиятдору такроршвандаи ҳамаи ашёҳои олам мебошад». Қонунҳо дар ду шакл: объективӣ ва субъективӣ зоҳир мегарданд. Қонунҳои субъективӣ аз ҷониби одамон бароварда шуда, тағйир дода ва мукаммал гардонида мешаванд. Қонунияти объективӣ қонунҳое мебошанд, ки берун аз шууру иродаи одамон зоҳир шуда, ба таври аёнӣ амал мекунанд. Дар фалсафа ин қабил қонунҳо танҳо хоси диалектика мебошанд ва онҳоро инсоният қонунҳои умумитарини тараққиёти табиат ва ҷамъият медонад.

  Дар ҷараёни омӯзиши ҳодисаҳову объектҳои гуногун ва кӯшишҳои шарҳ додани онҳо дар ибтидо фарзу тахминҳо ба миён оварда мешавад. Баъд дар сурати фароҳам омадани маълумоти иловагии таҷрибавӣ ва мантиқӣ баъзеи онҳо рад мешаванду дигараш каму беш тасдиқи худро ёфта, шакли гипотезаи илмиро мегиранд. Барои донистани сабабҳои алоқаи байни ҳодисаҳои табиӣ ва фаҳмонидани онҳо фарзияҳо пешниҳод карда мешаванд. Бояд қайд намуд, ки бо ёрии фарзияҳо ҳатто ҳодисаи мушоҳида нашударо низ фаҳмидан имкон дорад. Барои дуруст будани фарзияҳо бошад, бевосита ба таҷриба рӯ меоранд. Дар натиҷаи ба роҳ мондани таҷриба фарзияҳои нодуруст партофта мешаванду фарзияҳои дар таҷриба тасдиқ шуда, ба назария мубаддал мегарданд. Бинобар ин, назария аз таҷриба ба амал меояд ва ҳар як назария дар таҷриба санҷида мешавад. Омили асосии таҷриба ин санҷиш аст. Санҷиш дар навбати худ ба амали муқоиса кардани бузургии ченшаванда бо бузургиест, ки ба сифати воҳид интихоб шудааст. Санҷиш имкон медиҳад, ки таносуби миқдории ҳодисаҳо ва вобастагии байни онҳо муайян карда шавад. Дар донишҳои таҷрибавӣ бузургиҳои алоҳида муайян ва алоқаи байни онҳо равшан гардонида мешавад.

  Дар илмҳои назариявӣ бошад, ба сифати моҳияти асосии ҳодисаҳо - ягонагии онҳо баррасӣ мешавад. Маҳз дар илмҳои назарӣ аломатҳои асосии тафаккури илмӣ ба маънои томаш чуқуртару пурратар зоҳир мегардад. Аз тарафи дигар, таҳкурсии ибтидоии назария таҷриба буда, дар илмҳои табиатшиносӣ усули асосии мантиқӣ ин усули риёзӣ (математикӣ) мебошад. Табиат бо мо ба забони математикӣ гап мезанад, онро бояд бо ҳамон забон омӯхт ва сухани Галилей, ки «забони табиат - забони математика аст» дуруст мебошад. Фаҳмиши назарӣ пеш аз ҳама ба маънидодкунӣ ё шарҳдиҳии далелҳои муайян, воқеаҳо ва ҷараёнҳо асос карда шудааст. Моҳияти маънидодкунӣ дар фаъолияти гуманитарӣ аз кушодани мақсад, мақом, маънои таъсир ва рафтори одамон иборат мебошад. Ба таври пурра фаҳмиш нисбат ба маънидодкунӣ аз ҷараёни хеле мураккаб, зиддиятнок ва чигил иборат мебошад. Фарқияти байни онҳо аз он иборат аст, ки агар маънидод ба хулосаи мантиқӣ оварда расонад, он гоҳ фаҳмиш ба шарҳу эзоҳ меорад. Ба хулосаҳои мантиқӣ, инчунин ҳангоми пешгӯии воқеа, ҳодиса ва далелҳои нави дигар муроҷиат мекунанд. Пешгӯӣ аз рӯи сохти мантиқӣ аз маънидод фарқе надошта, он ба хулосаи гуфта дар бораи далелҳо аз тасдиқи умумӣ (қонун ва назария) асос карда шудааст, аммо факт номаълум мемонад ва онро кушодан лозим аст. Вобаста ба ин хусусияти пешгӯӣ бо характери эҳтимолӣ доштани он алоқаманд мебошад. Бинобар ин, пешгӯӣ дар илмҳои иҷтимоию гуманитарӣ бо аниқии худ аз пешгӯиҳо дар илмҳои табиатшиносӣ хеле қафо мемонанд. Масалан, астрономҳо гирифтани Моҳтоб ва Офтобро, физикҳо натиҷаҳои ҷараёнро дар дохили атому ядро, кимиёшиносон тарзҳои гузариши реаксияҳои химиявиро, геологҳо ҷараёнҳои тектоникиро, биологҳо афзоиш ва эволютсияи намудҳоро бо дақиқии хеле калон пешгӯӣ карда метавонанд…

Қурбонов Н.Б.

Хондан 497 маротиба
Маводҳои дигар дар ин бахш: « Сада - иди ниёгони ориёнажод

Китобҳо