JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс

  Даҳсолаҳои охир рушди бесобиқаи таблиғоти ифротгароӣ ва терроризм дар Интернет ба мушоҳида мерасад. Мутаассифона, ҷаҳони муосир хатари ин падидаро ба таври комил арзёбӣ накарда, чунин мешуморад, ки ҳамлаҳои бевоситаи террористӣ (инфиҷор, оташзанӣ, гаравгонгирӣ, қатли мансабдорон ва ғайра) таҳдиди ҷиддӣ ба ҷомеа мебошад. Таъсири иттилоотии бунёдгароёнаро дар радифи дуюм қарор медиҳанд ва онро дуюмдараҷа мешуморанд, зеро он ба таври ноаён таъсир мерасонад, ҳамчунин муайян  кардани манбаи он номумкин аст.

  Мусаллам аст, ки ҷашн ва ё ид (иттифоқан, ҳар ду вожа, асли форсӣ-тоҷикӣ дошта, ба маънои ойинҳои шодмонӣ далолат мекунанд) вуҷуди фарогири маънавӣ, фарҳангӣ ва отифии як халқияту миллиятро дар паҳнои зиндагии башарӣ муаррифӣ месозанд. Ҷашн қолаби фарҳангиест, ки ҳолати равонӣ ва фикрию ахлоқии мардумро дар макону замон ва ҷуғрофиёи мушаххас таъйину таъйид мекунад. Дар ин қолаби фарҳангӣ хамирмояи ҳувияти қавмӣ ва миллӣ рехта мешавад ва чун риштаи дарозе дар бастаи фарҳанги маънавӣ печиш мехӯрад ва бо гузашти замон устувор мегардад. Ин аст, ки мардум аз бомдоди вуҷуд барои осудагию оромиши хотир ҷашну ойинҳо мебофтанд ва барои тақвияту идомати онҳо маросимоти махсус ихтисос дода, бад-ин минвол умри ҷашнҳоро дароз мекарданд. Рабт додани ойину ҷашнҳо ба ҳодиса ё воқеае дар силсилаи таҷлилоти ойинӣ ва ҷашнии мардуми форсу тоҷик (ва фикр мекунам, тамоми мардуми дунё) аз воқеъбинии мардум гувоҳӣ медиҳад. Дигар ин ки мардум ва дастандаркорони ҷашнҳои бостонӣ барои хушҳолӣ ва болидагии рӯҳию равонии ҷомеа, ҳамчунин баҳамойӣ ва ҳамбастагии қишрҳои гуногуни иҷтимоӣ маросимоти вижа тартиб мекарданд ва аз ин тариқ ойинҳоро машрӯият мебахшиданд. Бар ин асос ҷашну ойинҳои бостонии Наврӯз, Тиргон, Меҳргон, Ялдо, Сада ва амсоли инҳо, ки барномарезиҳои инсонӣ дар қиболи мушкилоти рӯзмарраи зиндагӣ маҳсуб меёбанд, созмон ва давра ба давра интиқол ёфта, то ба замони мо расидаанд. Аз ин ҷост, ки ҷашну маросимоти миллию мардумӣ ифодагари ҳувияти миллӣ буда, тӯлонияти собиқаи умри фарҳангу маънавиёт ва сиёсату ахлоқиёти ҷомеаро ифода мекунанд.

Чоршанбе, 20 Январи 2021 05:40

Мафкураи миллӣ ва давлатдории дунявӣ

Муаллиф:

  Мафкура ё ба истилоҳ, идеология маҷмӯи хоҳишу майлҳо ва тасаввуроти инсон аст, ки дар қолаби мушаххас рехта ва аз тариқи барномаи муайяни ҳадафманд роҳандозӣ мешавад. Албатта, идеология ҳадаф дорад ва ҳадафаш ҳам дар бозрасӣ ва бозбиниҳои арзишҳои марзӣ, миллӣ ва мардумӣ зоҳир мегардад. Бар илова, таъйини аҳдоф ва матраҳ намудани масоили зарурии  ахлоқӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ, ки ба рифоҳи иҷтимоӣ ва истиқлолияти сиёсию давлатӣ сабаб мегарданд, минҳайси муқаррароти мафкура ё идеологияи миллӣ хидмат мекунанд. Ба таъбири дигар, идеология қутбнамои давлатӣ, сиёсӣ ва миллист, ки тавассути он пайроҳаи ташаккулу инкишофи давлат ва миллат ҳамвор карда мешавад. Давлат ва миллати беидеология киштии бенохудоро мемонад, ки, ба қавли мардумӣ, «рӯ ба раҳми Худо дорад» ва бо ҳукми тасодуф арзи ҳастӣ мекунад. Бинобар ин, мафкура ва ё идеология назарияи таъмини зиндагии шоистаи инсонҳо дар ин ё он маҳдудаи ҷуғрофист, ки ба василаи амалкардҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ таҳкиму тақвият меёбад ва ниҳоятан, дар зиндагии рӯзмарраи мардум татбиқ мегардад. Бо як калима, идеологияи воқеӣ, ки аз таассубу хурофот дур аст, тарҳи нави муносибатҳои созандаро дар муҳитҳои иҷтимоӣ ва ҳавзаҳои сиёсӣ мумкин мегардонад ва фазоро барои муколимоти сиёсӣ ва маданӣ боз нигаҳ медорад.

  Мусоҳибаи сухангӯи Бемористони байналмиллалии Ибни Сино Шервони Умриддин бо мутахассиси бахши асабшиносии Бемористони байналмиллалии Ибни Сино, асабшиноси дараҷаи олӣ ва табиби саршиноси кишвар Шералӣ Саидалиев.

  Дарди сар, ки мафҳуми илмиаш сефалгия аст – эҳсоси нофораму вазнини дард дар мавзеи сару атрофи он буда, ҳолати психофизиологии инсонро тасвир намуда, бо таъсири ангезандаҳои пурзӯру зарардиҳанда ба вуҷуд меояд. Дарди сар метавонад бемории мустақил ва ё аломати ғайрихусусии бемориҳои зиёди дигар бошад. Агар дарди сар мунтазам такрор ёбад, ҳатман ба невролог ё духтури оилавӣ муроҷиат кардан зарур аст.

Китобҳо