JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс

   Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлол 26 январи соли равон ироа гардид.

   Пеш аз ҳама сарвари давлат соли 2020-ро ҷамъбаст намуда, дар бораи пайомадҳои пандемия ба иқтисодиёти кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла ба рушди иқтисоди миллии мо андешаҳои хешро иброз доштанд.

  Охири асри нуздаҳ ва ибтидои садаи бист давраест, ки инсоният ба масири нави таҳаввул ва таҷаддуд расида, бештар ба илм ва таҳқиқоти илмию фаннӣ боварманд шуд. Бовармандӣ ба илму фалсафа ва канорагирӣ аз хурофоту таассуби динию мазҳабӣ инсон ва дар маҷмӯъ, ҷомеаи инсониро ба сӯйи фатҳи қуллаҳои мурод раҳнамун сохт ва тадриҷан рушду пешравиро дар фазою муҳитҳои сиёсию иҷтимоӣ тамин намуд. Таҷаддуди фикрӣ ва муқовимати мудавоми ақлонӣ бо низомҳои мустабиди динию мазҳабӣ, ки бар асоси ҷаҳолату хурофоти асримиёнагӣ созмон ёфта буданд, боиси бурузи ҷомеаҳои маданӣ дар Аврупо гардид ва саранҷом раванди фарҳанги секулорӣ ва ҷаҳонбинии дунявиро таҳкиму тақвият бахшид. Дар ин кор ҷомеаи ғарбӣ пешгом шуд ва бо истифода аз неруи ақлонию зеҳнӣ дар пойин бурдани нуфузи хурофоту ҷаҳолат ва таассуб ва билохира ба вуҷуд овардани низомҳои дунявӣ, ки ба баробарии инсонҳо ва нуфузи орзишҳои башарӣ такя мекарданд, саҳми бузург гузошт. Дигар ин ки хостгоҳи ҷомеаҳои мадании аврупоӣ низоми секулорӣ ва модели дунёмадорӣ буд ва маҳз ҳамин идея ва андеша боиси фароҳам омадани шароити сиёсӣ, иҷтимоӣ, маданӣ ва эҷодӣ дар Аврупо гардид. Аз ин ҷо дар маҳдудаҳои фикрӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ, илмӣ ва мадании аврупоӣ мафҳумҳои “ҷомеаи секулорӣ” ва “давлати дунявӣ” дар гардиш даромад ва то имрӯз ин тарзи бинишу фаҳм дар авлавият қарор дорад.

  Дар Паёми навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳлил гардида, афзалиятҳои давлатдории миллӣ ва вазифаҳои мушаххас барои бартараф намудани камбудиҳо ва мушкилиҳои мавҷуда ироа гардиданд.

  Таҳаввул маънои тағйирёбию дигаргуншавиро дошта, тараққӣ ба маънии болоравӣ ва пешравӣ далолат мекунад. Раванди таҳаввулу тараққӣ, қабл аз ҳама, ба сатҳи ташаббусоту ибтикороти қишри зиёӣ ва ниҳоди мадании ҷомеа, ки бо илму дониш мусаллат аст, бастагӣ дорад. Дунёи пешрафта ва ба истилоҳ, ҷаҳони модерн дунёи дониш, маърифат, фазилат ва биниши наву ҷадид аст. Дунёи пешрафта бар мабнои хиради фардӣ ва фазилати ҷамъӣ сохта мешавад ва барномарезиҳое, ки дар ин замина рӯйи кор меоянд, танҳо дар маҳдудаи давлати дунявӣ татбиқ мегарданд. Дар он ҳар инсон, вобаста ба сатҳи тафаккур, шуур, фарҳанг, эҷод, ҳунар ва ҷаҳоншиносиаш ҷойгоҳ ва мақоми шоиста дорад.

Китобҳо