JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Хурофот ва хурофазадагӣ яке аз мушкилоти зеҳниву иҷтимоиест, ки дар ҳар давру замон вобаста аз сатҳи донишу тафаккури бошандагони ҷомеаи муайян дар шаклҳои мухталиф вуҷуд доштааст. Собит шудааст, ки ҳар қадар таассубу хурофот реша давонад, ҳамон қадар каҷравию инҳирофоти равонӣ, ахлоқӣ, маданӣ ва сиёсӣ-мафкуравӣ дар рӯҳи иҷтимоӣ тасаллут пайдо намуда, динамикаи таҳаввулу инкишофи зеҳнию ақлониро бозмедорад. Дар натиҷа, фалаҷшавӣ дар баданаҳои иҷтимоӣ ба вуҷуд меояд, ки ин хатарноктарин навъи бемории иҷтимоӣ, фикрӣ ва маънавию маданӣ маҳсуб меёбад. Барои паҳлуҳои гуногуни ин масъаларо равшанӣ андохтан дар мақолаи мазкур кӯшиш ба харҷ медиҳем, ба таври иҷмолӣ таърифи хурофот, навъҳои хурофот, шаклҳои хурофапарастӣ,…
«Як одамӣ ба ҳама ҷаҳон муқобила кунад» (Шамси Табрезӣ) Месазад, ки доир ба ин сипаҳсолори олами фикр Мавлоно Ҷалолиддини Муҳаммади Балхӣ (1207-1273) гуфта шавад, ки: «Тавоно бувад ҳар кӣ доно бувад»! Ва бешак, Мавлоно яке аз донотарин шахсиятҳои ҳамаи давру замонҳост, ки асрҳо бо ҳама ҳаёҳу ва лофу газоф ба фаҳмиши «асрори худӣ»-и Мавлоно нарасидаанд.
Муқаддима Мақсади аслӣ ва ниҳоии инсоният – таъмини осудагӣ, рушди фард ва ҷомеа мебошад. Таҷрибаи дунё нишонгари он аст, ки ин ҳадаф фақат тавассути тарбия, таълим ва ҳамчун натиҷаи он - ташаккули рӯҳи инсони комил метавонад амалӣ гардад. Дар асари дигаргуниҳои фавқулодаи сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангие, ки дар се даҳсолаи охир, тавассути Қаҳрамони миллии мардуми тоҷик дар мамлакат ба вуқӯъ пайваст, рӯҳи миллӣ дар сарзамини тоҷикон "паноҳгоҳи худро ёфт ва дар он зиндагӣ мекунад" (таъбири Гегел). Акнун барои мо ҳаётан муҳим аст, ки "шуълаи ин шамъи муқаддасро эҳтиёт намоем, ба он ғизои маънавӣ диҳем. Ғамхорӣ кунем, ки хомӯш нашавад.…
Сешанбе, 29 Майи 2018 16:38

Бузургӣ чист ва бузургон кистанд?

Муаллиф:
 1. Сабаби навиштани ин мақола чӣ буд? Дар солҳои 60-уми асри XX файласуфи машҳури тоҷик устод Акбари Турсон дар яке аз мақолаҳои худ гуфта буд, ки «дар фарҳанги имрӯзаи тоҷик Дорои Дӯст мақоми Суқротро дорад». Зиёиёни он рӯзгор сари ин ибора бо ҳам баҳсу мунозираҳо намуданд. Гуфтугӯи гарми ҳар ду дӯсти шодравон Сарвар Амирҷон ва Нафасбек Раҳмонӣ то ҳол дар хотирам зинда аст... Мушкилӣ сари он буд, ки ҳар нафаре бузургиро бо меъёр ва тарозуи худ месанҷид ва назариёти ҳарифро қабул намекард. Ҳамин тавр, он баҳсҳо ба натиҷае нарасиданд ва оқибат хомӯш шуданд...
Сешанбе, 08 Майи 2018 12:31

Ҷанг аз нигоҳи иҷтимоӣ

Муаллиф:
 Туро аз ҷаҳон, баҳра ҷанг асту бас, Ба фарҷоми гетӣ намонад ба кас. Фирдавсӣ Муҳтавои матлаби мухтасари мо дар робита ба масъалаи ҷанг аз нигоҳи иҷтимоӣ аз қарори зайл аст: . Вожаи «ҷанг» маънои набард, пайкор, разм (ниг.: Соатчӣ М. Фарҳанги донишгоҳӣ, ҷилди аввал. Теҳрон, 1371. -С. 496), ҷидолу қитол, корзор, ситеза, ҳарб (Гастон Б. Ҷомеашиносии ҷанг. Теҳрон, 1368. –С.1)-ро дошта, ҳамчун истилоҳи илмӣ дар шакли, «полемология» (аз вожаи юнонии полемос - ҷанг ва логос - илм), яъне ҷангшиносӣ истеъмол мешавад. Ин калима (полемологияро)-ро нахустин маротиба соли 1946 донишманди урупоӣ Б. Гастон дар китоби «Сад миллион барда» пешниҳод намудааст (ГастонБ.…