JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Дар тамоми ҷабҳаҳои зиндагӣ - иҷтимоиёт, иқтисодиёт, сиёсат, фарҳанг, илму маориф ва ғайра нақши занон бағоят бузург аст. Зан - модар, тарбиятгар, кадбону, завҷа; зан - омӯзгор, олима, ходими илм, арбоби илму фарҳанг; зан - ходими давлату ҷамъият, сиёсатмадор. Дар ин бобат номи садҳо бонувони тоҷикистониро номбар метавон кард, ки ифтихори давлату миллати куҳанбунёду тамаддуновари мо ҳастанд.
 Китоби «Забони миллат - ҳастии миллат» (2016, китоби якум), ки ба қалами Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тааллуқ дорад, аз пешгуфтор, шаш боб ва хулосаву китобнома иборат буда, ба муҳимтарин масъалаҳои забони модариамон - забони тоҷикӣ, хусусан таърихи он, бахшида шудааст.
Мусаллам аст, ки дастгоҳ ё ба истилоҳ, машинаи иттилоотӣ ва фаннӣ-техникӣ бо вусъати кайҳонӣ пеш меравад ва ҳар рӯзу ҳар соат дар ин самт навигарию навгониҳои зиёде ба вуқӯъ мепайванданд. Воқеияти имрӯзӣ баёнгари он аст, ки инсон бо фарогирии иттилооти зарурӣ сатҳи огоҳмандиашро тавсеа бахшида, ба сӯйи дарёфти иттилооти навин ва дархӯри замон қадамҳои устувор бармедорад. Дарёфт ва корбасти иттилооти наву муҳим инсонро дар ҳалли мушкилот ва қазоё аз ҳар ҷиҳат кумак мерасонад ва ӯро дар баробари хатароти глобалӣ муқовиматпазир месозад. Аз ҷониби дигар, расона (media) ба унвони абзори муҳими иттилоотӣ, сиёсӣ, мафкуравӣ, фикрӣ ва фарҳангӣ дар сад соли ахир…
«Ваҳдати миллӣ асоси оромиву осудагии халқ, кафолати инкишофи давлат ва муҳимтарин омили рушди ҷомеа мебошад». Эмомалӣ Раҳмон Аз байн рафтани давлати пур­иқтидори Иттиҳоди Шӯравӣ, аз як тараф ба миллатҳои гуногун имконият фароҳам овард, ки соҳиб­истиқлол гарданд, аз тарафи дигар, ба давлатҳои абарқудрати Ғарбу Шарқ имкон дод, то онҳо ҳадафҳои геополитикӣ ва геоиқтисодии худро дар фазои давлатҳои пасошӯравӣ амалӣ созанд. Консепсияи стратегияи геоиқтисодии абарқудратони Ғарбу Шарқ аз он иборат буд, ки онҳо бояд захираҳои нефту газро дар минтақаи Осиеи Марказӣ аз худ намоянд. Мисли ҳарвақта, стратегияи ғарбӣ дар Осиёи Марказӣ барои расидан ба ҳадафҳои геополитикӣ аз се методи санҷидашуда иборат буд:…
Мусаллам аст, ки ҳама гуна ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ ва муносиботу муколимоти муътадил ва ҳасанаи иҷтимоӣ дар шароити истиқлолияти сиёсӣ ва фарҳангӣ ба вуҷуд меояд ва бо назардошти вазъи озодӣ ва озодандешӣ ба марҳилаи нави рушду инкишоф мерасад. Технологияи рушду таҳаввули марҳилавии ваҳдати миллӣ, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ин масирро устуворона паймуда истодааст, бар асоси мабдаи истиқлол ва мухторияти сиёсию давлатӣ таҳаққуқ ёфта, ба таври тадриҷӣ дар фазои иҷтимоӣ оромиши сиёсиро таҳким мебахшад.