JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Тӯли таърихи башарӣ ҷомеа, мардум ва кишварҳои зиёди ҷаҳон сари исми Истиқлолияти давлатӣ савганди садоқат ба ҷо оварда, дар ин масири саодатбахш ва рӯҳафзо устуворона ҳаракат кардаанд. Истиқлолияти давлатӣ ба унвони ормони таърихӣ, сиёсӣ ва миллӣ сарнавишти миллатро дар замон ва макони мушаххаси таърихӣ рақам зада, ҷомеаро ба сӯйи рушду инкишоф ҳидоят менамояд. Маҳз марҳилаи истиқлолияти давлатӣ имкон фароҳам меоварад, ки халқу миллатҳо афту хез, шикасту рехт, бурду бохт, муваффақияту нокомӣ ва билохира қисматашонро дар мизони ақлу виҷдон баркашанд ва барои сохтмони давлати навин гомҳои устувор бардоранд. Расидан ба марҳилаи Истиқлолияти сиёсию давлатӣ, ки мардуми шарифи Тоҷикистон онро ба унвони…
Республика Таджикистан на пороге великого исторического события - двадцать седьмой годовщины государственной независимости, являющейся важнейшим достижением новейшей истории миролюбивого и цивилизованного таджикского народа. Понимаем, что путь к независимости и суверенитету является нелегким. За эти годы в суровой школе независимости народ получил много уроков. Основатель мира и национального единства - Лидер нации, Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон, неоднократно отмечал, что « …..сегодня настало время, чтобы всесторонне исследовать и пропагандировать изучение национального единства в качестве стержневого элемента самосознания и национальной идеи»[1].
Душанбе, 03 Сентябри 2018 07:05

Даҳ дастоварди беназири Истиқлолият

Муаллиф:
Дар таърихи 9 сентябри соли 1991 дар ҷаласаи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (Шӯрои Олии ҶТ), қарор ва изҳорот «Дар бораи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шуд. Минбаъд ҳамасола ин рӯз ҳамчун Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил мегардад. Истиқлолияти давлатӣ дастоварди бузург дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошад. «Истиқлолият» мафҳуми арзишманд ва дар навбати худ калидие мебошад, ки ноил гардидан ба он шарафи бузург барои ҳар як миллат аст. Истиқлолияти давлатӣ ба он мусоидат намуд, ки рушди босубот дар кишвар таъмин гардад, сатҳи некуаҳволии аҳли ҷомеа беҳтар ва натиҷаҳои бузург дар ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ба даст оварда шавад.
Крики, попытки объяснить и воспитать, молчаливые взгляды, -ни одна из распространенных реакций на уличные домогательства не заставит отдельного человека изменить свое поведение, и не сократит подобные проявления в обществе в целом.
Чоршанбе, 22 Августи 2018 05:26

Санъат ва инсонсозӣ

Муаллиф:
Аз он вақте ки дар осмон Офтоб фурӯзон буда дар гирдаш сайёраҳо чарх мезананд, ҳеҷ гоҳ дида нашудааст, ки дар ҳамаи замонҳо одамон дар хусуси тақдиру толеъ, хушбахтиву бадбахтӣ, озодиву ахлоқ, муҳаббат ва санъат барин падидаҳои умумиинсонӣ фикр накарда бошанд. Зеро, аз назари инсоншиносии файласуфи маъруф Кароматулло Олимов: “Ҷаҳони ботинии инсон падидаи хеле мураккаб аст, ки ҳамеша тилисме буда, ҳаст ва хоҳад буд ва онро то охир кашф кардан номумкин аст. Ин ҷаҳони зеҳнӣ омезиши тасаввуроти илмӣ, динӣ, сиёсӣ, эстетикӣ, ахлоқӣ, эҳсосотӣ ва ғайра мебошад”. Аз ҳамин сабаб се ихтисоси вазнин дар рӯзгори одамизод вуҷуд дорад: инсон сохтан, муҳаббат доштан…