JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Чоршанбе, 16 Августи 2017 06:09

Интиқоли нерӯи офтобӣ аз Саҳрои Кабир ба Аврупо ба наздикӣ оғоз меёбад

Муаллиф:

Ширкати британии TuNur Ltd аз ҳукумати Тунис оид ба сохтмони генераторҳои офтобӣ бо тавоноии умумии 4,5 ГВт дар қисмати биёбонии ин кишвар хостори иҷозат шуд. Дар ин матн оид ба нерӯгоҳҳои барқии офтобии (гелиотермалӣ) (технологияи Concentrated Solar Power - CSP) муҷаҳҳаз бо дастгоҳҳои баландҳарорати нигаҳдорандаи энергияи гармӣ дар намуди ғунҷоиш бо намаки ҳалшуда сухан меравад, зеро онҳо метавонанд, ки қувваи барқро ба таври шабонарӯзӣ таъмин намояд.

 Баъд аз ба охир расидани сохтмони нерӯгоҳҳои барқии офтобӣ, онҳо майдони умумии 25 000 га замини барои истифода дар соҳа кишоварзӣ корношоям (биёбон)-ро ишғол мекунанд.

Ширкати мазкур ташаббускори лоиҳаи дар қаламрави Тунис бунёд намудани нерӯгоҳҳои барқии офтобии Нур Energie Ltd буда, ин лоиҳа дар якҷоягӣ бо ҳамкории сармоягузорони бритонӣ ва малбағгузорони Тунису Малта амалӣ карда мешавад.

Се хати баландшиддати зериобӣ нерӯгоҳҳои барқии офтобиро, ки дар наздикии Rjim Maatoug (дар қисмати ҷанубу ғарбии Тунис) воқеъ гардидаанд, бо Малта, Италия ва Фаронса ба таври комплексӣ пайваст менамоянд (ба расм нигаред).

Лоиҳаи нерӯгоҳҳои гелиотермалии TuNur

Лоиҳаи мазкур дар худ на танҳо дастгоҳҳои тавлидкунандаи нерӯи барқ, балки хатти интиқоли қувваи барқ ва инфрасохтори энергетикии дигарро дар бар мегирад.

Дар марҳилаи аввал нерӯгоҳҳои барқии офтобӣ бо иқтидори 250-500 МВт бунёд гардида, хати нерӯи барқ бо Малат барқарор карда мешавад. Оғози корҳои сохтмонӣ соли 2020 сар шуда, ҳаҷми сармоягузории лоиҳа 1,6 миллиард евро дар назар гирифта шудааст.

Лоиҳаи сохтмони нерӯгоҳҳои барқии офтобӣ дар худ барномаҳои рушди маҳаллӣ ва инчунин, дурнамои саҳмдории саноати тунисиро дар занҷираи истеҳсолӣ фаро мегирад.

Вобаста ба хоҳишу дархости Ҷумҳурии Тунис як қисми нерӯи барқи тавлидгардид метавонад дар дохили ин кишвар истифода бурда шавад.

Дар даҳсолаи аввали садаи XXI лоиҳаи калонмиқёси Desertec таҳия гардида, бунёди генераторҳои офтобӣ бо тавоноии 100 ГВт дар биёбони Саҳрои Кабир ва интиқоли энергияи электрикӣ ба Аврупо пешбинӣ шудааст. Яқин аст, ки «дастгоҳҳои дар Саҳрои Кабир насбшуда, нисбат ба ҳамин гуна дастгоҳҳо дар Аврупо энергияи офтобиро ду маротиба бештар қабул мекунанд, яъне мо бо ҳамин қадар ҳаҷми маблағгузорӣ нерӯи барқи зиёдтар истеҳсол мекунем» - қайд мекунад, сарвари ширкати TuNur.

Бинобар ин, дар амали гардидани як қатор лоиҳаҳои хурдмиқёси шабеҳи лоиҳаи бузурги «Интиқоли нерӯи офтобӣ аз Саҳрои Кабир ба Аврупо» ҳеҷ шакку шубҳае вуҷуд надорад. Чунки идора кардани хафҳо дар лоиҳаҳои хурд нисбат ба хатарҳо дар лоиҳаҳои бузург осонтар аст.

Номвар ҚУРБОН,

физикадон

Хондан 1932 маротиба