JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс

  Ховари Миёна ё ба истилоҳи геополитикии шарқшиносони аҳди Иттиҳоди Шуравӣ, Шарқи Миёна ва Наздик яке аз марказҳои тамаддуни башарист, ки чи дар замони устуравию ривоятии башарӣ ва чи дар замони таърихнигории илмӣ бештар мавриди даргириҳову носуботиҳо, ихтилофоту зиддиятҳои тунди иҷтимоӣ ва ҳамзамон хостгоҳи асли тамаддун ва адёни бузурги тавҳидӣ, то ба имрӯз шинохта шудааст.

Панҷшанбе, 09 Ноябри 2017 10:22

Хиёнат

Муаллиф:

  Гулрӯ рӯзи шанбе, субҳи барвақт аз хоб хеста, азми сафари Душанбе кард. Ӯ ният дошт, ки бо фарзандонаш маслиҳат намуда, аз бозор ҷиҳози тӯйи домодии ду писарашро бихарад. Дар ду тарафи шоҳроҳи «Кӯлоб – Душанбе» майсаву себарга дамида, гулҳои лоларо насими сабуксайру атрогини саҳаргоҳӣ ба рақс оварда буд. Ба назар чунин менамуд, ки табиат дар дашту даман қолинҳои рангорангро густурда, оғӯши пурмеҳрашро ба истиқболи меҳмонҳои деринтизораш боз карда бошад.

  Основному закону Республики Таджикистан сегодня,6 ноября, исполнится 23 года.

 Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон, выступая на XXI сессии Верховного Совета Республики Таджикистан, подчеркнул, что «6 ноября 1994 года в истории Республики Таджикистан открывает величественную страницу. Таджикский народ за более чем тысячелетнюю историю своей государственности впервые принял Конституцию независимого государства путем всенародного референдума. Активное участие всех граждан республики в этом важном политическом событии является важным достижением и победой демократии в Таджикистане».

Панҷшанбе, 02 Ноябри 2017 05:26

Аллома Аҳмад Махдуми Дониш

Муаллиф:

  Замони зиндагӣ ва фаъолияти илмию  эҷодии  Аҳмад  Маҳдум  ибни Мирносир ал- Ҳанафӣ  ал- Сиддиқии  Бухороӣ, машҳур ба  Аҳмад  Махдуми Дониш (1827- 1897)  нависанда, шоир, таърихнавис,  донишманд,  мунаққиди беназир ва  ростравон, ходими  намоёни  ҷамъиятӣ, дар яке марказҳои таърихию  фарҳангии Осиёи Миёна- Бухоро  ҷараён гирифтааст, Осори  гаронқадри  адабию таърихӣ,  илмии  ӯ дар таърихи афкори иҷтимоию  сиёсӣ, бадеӣ  ба сифати  мероси камназири  адабию   таърихии    ин садаи  мардумони Осиёи Марказӣ  пазируфта шудааст.  Дар замони   ӯ    симоҳои  баноми адабу фарҳангии мардумони  Осиёи Марказӣ  чун  Абдуқодирхоҷа  Савдо (1823-1973), Шамсиддин Шоҳин( 1866- 1895), Абай  Кунанбой (1845-1904), Токтогул  Сотилған(1864-1933), Ҷунайдулло  Ҳозиқ(1800- 1843) ,Зокирҷон Фурқат (1858- 1908) ,Чукан Валихон (1835 -1865), Аваз Утар (1884-1919), Муҳаммад  Аминхоҷа Муқимӣ (1856- 1903), Ҷамбул  Ҷабай (1846-1945), Тошхоҷа Асирӣ(1864- 1916) , Ҳамза  Ҳакимзода Ниёзӣ(1889- 1929) , Садриддин Айнӣ (1878- 1954) ва дигарон зиндагию фаъолият намуда  навиштаҳояшон дар таърихи  афкори  иҷтимоию  фарҳангии   садаи Х1Х ва оғози садаи  ХХ-Осиёи Марказӣ  ҷойгоҳи хос доранд.

Китобҳо