(Дар ҳошияи мақолаи профессор Саймумин Ятимов “Тавоно бувад ҳар ки доно бувад”
Адабиёти ҳар миллате дар тарбияи руҳию равонии афроди он нақши асосӣ иҷро мекунад. Муҳимтарин рукни адабиёти миллиро рӯҳияи миллӣ ташкил медиҳад. Руҳияи миллӣ ҷонмояи асари адабӣ ба шумор меравад. Ҳар асари бадеӣ дорои мавзуву муҳтаво ва сужаву сохтори хоси худ мебошад. Аммо дар паҳлуи ин вижагиҳо руҳи миллӣ низ бояд дар ҷараён бошад. Гарчанде руҳи миллӣ монанди санъатҳои бадеӣ ҷузви меъёру вижагиҳои таҳлили асари бадеӣ маҳсуб намешавад, аммо шарики ғайрирасмии ҳар мавзуву масъалаи адабӣ бояд бошад. Аз ҳамин ҷиҳат муҳаққиқон бо таваҷҷуҳ ба таъсири ҳолати руҳию равонии нависандаи асар бар хонанда, асарҳои адабиро ба чор гурӯҳ: ҳамосӣ, таълимӣ, ғиноӣ ва намоишӣ тақсимбандӣ кардаанд. Таърих гувоҳ аст, ки адабиёти миллии мо маҳз дар даврони салтанати давлатҳои миллӣ ташаккул ёфтааст. Намунаи равшани он метавонад адабиёти давраи Сомониён ва осори Рӯдакию ҳамасрони ӯ бошад. Адабиёти ин давра аз ҳар ҷиҳат барои тарбияву парвариши насли даврони истиқлол намунаи ибрат мебошад. Баъд аз суқути давлати Сомониён андешаи миллӣ низ дар адабиёт батадриҷ рӯ ба таназзул овард.
“Мо ҷонибдори ҳалли масъалаҳои байналмилалӣ ва низоъҳои минтақавӣ бо роҳи муколама ҳастем ва аз тақвияти нақши калидии Созмони Милали Муттаҳид дар ин раванд пуштибонӣ мекунем.
Боиси қаноатмандист, ки Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ ҳамчун кишвари ташаббускор дар ҳалли масъалаҳои марбут ба обу иқлим эътироф шудааст”. Эмомалӣ Раҳмон. Паём - 2022.
Солҳои охир доир ба масъалаи кай ва чӣ гуна ба суннати адабии “зуллисонайн” ворид гардидани мусиқии Шашмақом баҳсҳои мухталиф пайдо шуданд. То ба имрӯз як идда мухлисони мусиқии классикии тоҷик дар пайравӣ ба ақидаҳои иштибоҳангези баъзе нафарони ба ном “мусиқидон” чунин тасаввур мекунанд, ки гӯё дар ниҳоди ҳунари воло ва асили тоҷикон – Шашмақом аносири бадеияти туркӣ, ё худ таъсири услуби “мавригӣ” мавқеи хос дошта бошад. Танҳо таҳқиқи таърихи рушд ва такомули Шашмақом дар асрҳои 18-19 дақиқан нишон медиҳад, ки ин ақида маҳсули тахайюли бегонапарастӣ буда, бештар характери иғвогарона дорад.
(мулоҳизоти куллӣ дар ҳошияи семинар-машварати Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон)
Гузаронидани нишасту семинар-машварат, маҳфилҳои илмию фарҳангӣ ва мубоҳисоти фалсафӣ дар марказ ва пажӯҳишгоҳҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон солҳост идома дорад ва аз ин навъ маҳофил сатҳи донишу биниши ширкаткунандагон, махсусан, насли ҷавон боло меравад. Мутаассифона, силсилаи чолишҳои имрӯзӣ, аз ҷумла зуҳури буҳрони беҳувиятӣ, мушкилоти фикрӣ, канороӣ бо хурофоту таассуби мазҳабӣ, дуршавӣ аз арзишҳои миллию ҷаҳоншиносии фалсафӣ, тамошогарии насли зиёӣ, парешонии қишри равшангарӣ, созишу муросо бо ҳангомасозиҳои руҳониёни мутаассибу муҳофизакори дохилӣ, зери бори хушкандешӣ қарор гирифтани ниҳодҳои фикрию академӣ ва насли наврасу ҷавон ҷомеаро осебпазир карда, роҳро барои густариш ёфтани буҳронҳои фикрию ҳувиятӣ дар баданаҳои иҷтимоӣ ҳамвор сохтааст.