Ба роҳ мондан ва устувор нигоҳ доштани як низоми сиёсӣ-иқтисодии рақобатпазир дар сатҳи ҷаҳонӣ барои ҳар кишвари рӯ ба рушд як раванди хеле мураккаб ва зеҳнталаб мебошад. Зоҳиран ҳама ҳукуматҳо барои кишвари хеш рушду пешрафти босуръат ва обрӯву эътибори ҷаҳониро мехоҳад. Мехоҳанд давлати онҳо қавӣ ва сарватманд бошанд ва аз ҳама гуна хатар мардуми худро ҳифз намояд. Барои расидан ба ин сатҳ онҳо зоҳиран кӯшишҳое мекунанд. Ниҳодҳои монанд ба кишварҳои пешрафтаро нусхабардорӣ карда, ҳамчун асоси пиёда кардани сиёсати худ муаррифӣ мекунанд. Вале на ҳама давлатҳо дар ин росто муваффақият ба даст оварданд. Маълум гашт, ки аксар давлатмардон дар кишварҳои Осиё, Африқо ва Амрикои Ҷанубӣ ҳадафҳои фарқкунанда аз баёнияҳои худро доштаанд ва низомҳои сиёсиву иқтисодии кишварҳои пешрафтаро зоҳиран ба роҳ монда, тибқи суннатҳои гузаштагони худ дунболи манфиати шахсӣ будаанд. Ё дар ҳолати беҳтар неруи зеҳнии кор бо низомҳои мутаккабро надоштаанд ва ин боиси номуваффақ будани онҳо гаштааст. Ин аст, ки омӯзиши омилҳои таъсиррасон ба сиёсатгузориҳои иқтисодии кишварҳои пешрафта аҳамият пайдо мекунад.
Баҳори имсола бо баргузор шудани конфронси муҳими сатҳи байналмилалӣ, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳи подшоҳии Нидерланд ҳамраисии онро ба уҳда доштанд, оғоз шуд. Бинобар ин, 21-24 март диққати ҷаҳониён ва махсусан олимону коршиносони сиёсӣ дар ҷумҳурии мо ва берун аз он ба қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико нигаронида шуда буд.
Инак, чанд рӯз аст, ки Наврӯзи оламафрӯз дар ҳамбастагӣ бо баҳори дилфурӯз фазои сарзамини моро муаттар ва музайян мекунад. Асотири паҳлавӣ ва асримиёнагии форсии тоҷикӣ гувоҳи онанд, ки Наврӯз ба Ҷамшед ва Ҷамшед бо Наврӯз тамъаманд ва дар муколимот ва танзими зиндагӣ яке дигареро комил месозад. Мардуми тоҷик аз бомдоди таърихи инсонӣ миёни мардуми мантақаҳои гуногун аз аввалинҳо шуда, ба парастиши аносири табиӣ ва заминӣ, мисли Офтоб, Борон, Оташ, Хок ва Бод даст задаанд.
Рӯй овардан ба илмомӯзӣ, хусусан ба илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, қадами боэътимод барои рушди устувори иқтисодии кишвар дар арсаи ҷаҳон дар шароити имрӯза бисёр зарурӣ мебошад. Зеро дар марҳилаи нави ҷаҳонишавӣ нақш ва рушди тафаккури илмҳои табиӣ-риёзӣ дар ҳалли масъалаҳои сиёсӣ ва бунёдӣ хеле муҳим аст. Махсусан дар ин замина дастгириҳои ҳамаҷониба ва аҳамияти махсус зоҳир намудани Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бевосита хидматҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саривақтист. Муҳтарам Пешвои муаззами миллат қариб дар ҳама баромад ва суханрониҳои худ дар баробари омӯхтани илмҳои гуманитарӣ, забонҳои хориҷӣ азхудкунии илмҳои табиӣ-риёзӣ ва ҳамқадами замон бо технологияи навро таъкид месозанд. Далели ин гуфтаҳо эълон гардидани солҳои 2020-2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” маҳз дар Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии кишвар аз 26.12.2019 мебошад. Роҳандозӣ ва дастгирии иқдоми мазкур ба мутахассисони илмҳои табиатшиносӣ нерӯи мусбӣ мебахшад. Пеш аз ҳама барои илм омӯхтан шароити хуби таълиму тадрис бояд амалӣ карда шавад, ки толибилмон бе мушкилӣ ба омӯзиш машғул шаванд. Ин нукта низ дар партави сиёсат ва дастгириҳои ғамхоронаи президенти мамлакат баръало намоён аст. Исботи ин гуфтаҳо таъсиси мактабҳои типи нав ва ба хориҷа сафарбар намудани мутахассисон барои такмил ва сайқал додани дониш буда, моро маҷбӯр месозад, ки кӯшишҳои худро ҳамаҷониба равона карда барои амалӣ гаштани нақшаҳои мазкур замина устувор фароҳам оварем.