Мафкура ё ба истилоҳ, идеология маҷмӯи хоҳишу майлҳо ва тасаввуроти инсон аст, ки дар қолаби мушаххас рехта ва аз тариқи барномаи муайяни ҳадафманд роҳандозӣ мешавад. Албатта, идеология ҳадаф дорад ва ҳадафаш ҳам дар бозрасӣ ва бозбиниҳои арзишҳои марзӣ, миллӣ ва мардумӣ зоҳир мегардад. Бар илова, таъйини аҳдоф ва матраҳ намудани масоили зарурии ахлоқӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ, ки ба рифоҳи иҷтимоӣ ва истиқлолияти сиёсию давлатӣ сабаб мегарданд, минҳайси муқаррароти мафкура ё идеологияи миллӣ хидмат мекунанд. Ба таъбири дигар, идеология қутбнамои давлатӣ, сиёсӣ ва миллист, ки тавассути он пайроҳаи ташаккулу инкишофи давлат ва миллат ҳамвор карда мешавад. Давлат ва миллати беидеология киштии бенохудоро мемонад, ки, ба қавли мардумӣ, «рӯ ба раҳми Худо дорад» ва бо ҳукми тасодуф арзи ҳастӣ мекунад. Бинобар ин, мафкура ва ё идеология назарияи таъмини зиндагии шоистаи инсонҳо дар ин ё он маҳдудаи ҷуғрофист, ки ба василаи амалкардҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ таҳкиму тақвият меёбад ва ниҳоятан, дар зиндагии рӯзмарраи мардум татбиқ мегардад. Бо як калима, идеологияи воқеӣ, ки аз таассубу хурофот дур аст, тарҳи нави муносибатҳои созандаро дар муҳитҳои иҷтимоӣ ва ҳавзаҳои сиёсӣ мумкин мегардонад ва фазоро барои муколимоти сиёсӣ ва маданӣ боз нигаҳ медорад.
Мусоҳибаи сухангӯи Бемористони байналмиллалии Ибни Сино Шервони Умриддин бо мутахассиси бахши асабшиносии Бемористони байналмиллалии Ибни Сино, асабшиноси дараҷаи олӣ ва табиби саршиноси кишвар Шералӣ Саидалиев.
Дарди сар, ки мафҳуми илмиаш сефалгия аст – эҳсоси нофораму вазнини дард дар мавзеи сару атрофи он буда, ҳолати психофизиологии инсонро тасвир намуда, бо таъсири ангезандаҳои пурзӯру зарардиҳанда ба вуҷуд меояд. Дарди сар метавонад бемории мустақил ва ё аломати ғайрихусусии бемориҳои зиёди дигар бошад. Агар дарди сар мунтазам такрор ёбад, ҳатман ба невролог ё духтури оилавӣ муроҷиат кардан зарур аст.
Ё сад соли фоҷиаи «исломи сиёсӣ»
Таърихи башарият омӯзгори огоҳу беминнат аст. Омӯзиши таҷрибаҳои он метавонад мададрасони халқу миллатҳои сайёра бошад. Беҳуда падарсолори шеъри тоҷику форс устод Рӯдакӣ моро барои омӯзиши равандҳои таърих ҳидоят накардааст:
Нақши созмонҳову муассисаҳо аз ҷумла Созмони Ҳамкориҳои Шанхай дар таҳкими равобити кишварҳо хело муҳим арзёбӣ мешавад. Инҷо зарур донистем, то назари таҳлилии мутахассисони соҳаро мавриди баррасӣ қарор диҳем. Андре Хантке мутахассис дар равобити байналмилалии Донишгоҳи Нотингам Нигбои Чин баррасиҳояшро оиди пайвастани кишварҳои Ҳиндустон ва Покистон ба Созмони Ҳамкориҳои Шанхай баён кардааст, ки метавон онро мавриди омӯзиш қарор дод. Қайд кардан ба маврид аст, ки бо эълони ҳамоиши соли 2016 дар шаҳри Тошканди Ӯзбакистон, сарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шанхай кишварҳои Ҳиндустон ва Покистонро ба ҳайси узви комилҳуқуқи Созмон дар соли 2017 пазируфтанд.