JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс

  Мусалламан, ҷашни Наврӯз ва соири ҷашнҳои бостонии миллӣ, мисли Тиргон, Меҳргон, Ялдо ва Сада ба гурӯҳи ҷашнҳои дунявӣ дохил мешаванд, ҳарчанд ки тайи таърихи тӯлонӣ ба онҳо рангубор ва тобишҳои динӣ додаанд, худвежагии дунявиро аз даст надода, то имрӯз бо мушаххасоти секулории худ боқӣ мондаанд. Ин аст, ки дунявият асл ва асоси силсилаи ҷашнҳои миллии моро ташкил медиҳад.

  Суманакро мардум аз замонҳои хело қадим ҳамчун таоми идона ҳангоми фарорасии Наврӯз тайёр мекарданд. Албата бори аввал ин таомиро кӣ ва дар куҷо тайёр кардааст ба мо маълум нест. Дар мамлакатҳои шарқи қадим медонистанд, ки ҳангоми ғалладонаи сабзидаро якҷоя бо орду об ҷушонидан, таоми ширин тайёр мешавад. Эҳтимол меравад, ки усули омода сохтани он дар тӯли солҳои дароз сайқал ёфта то замони мо бо номи сумалак омада расидааст. Лекин гузаштагони мо ба моҳияти илмии он ва протсесҳои биохимиявии сумалакпазӣ шинос набуданд. Сабаби набудани усули ягонаи пухтани ин таоми идона, ба гуногунтаъм шудани он оварда мерасонад. Аз ин рӯ мо тасмим гирифтем, ки омода ва тайёр намудани суманакро аз нигоҳи илмӣ шарҳ диҳем, ки усули ягонаи ҳатмӣ ё худ меъёре пайдо шавад, ки ширин ва болаззат шудани ин таомӣ идонаро таъмин карда тавонад.

  Дар ҷомеае, ки он ҷо хаёл бар андеша ва бовар бар илму таҷриба бартарӣ дорад, аксари мардумон побанди суннатҳо ва арзишҳои бофтаю сохтаи зеҳнианд. Ҳамин аст, ки нодонию хурофот бо ҳам тавъам амал мекунанд ва яке дигареро пурра мегардонад. Он ҷо ки барои собит кардани ин ё он ҳодисаю воқеа вақт ва заҳмат талаб мекунад, аксар аз инсонҳо худро ба боварҳо таскин медиҳанд ва барои дарёфти ин ё он ҳақиқат ба тарзи илмӣ аслан кушише ба харҷ намедиҳанд.

 

 Пусиши 1. Дуруди Наврӯзии худро ба Шумо, устоди арҷманд ироа медорам.  Суоли нахуст ин аст, ки лутфан, бигӯед, Наврӯз чӣ марҳилаҳои талху ширини таърихиро то замони мо аз сар гузарондааст?

 Нозим Нурзода:

 Қаблан, Наврӯзи Ҷамшедиро, ки умраш баробари қидмат (қадимият)-и умри миллат аст, барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва кишварҳои ҳавзаи Наврӯз шодбош мегӯям ва тамоми хушиҳои зиндагӣ ва рӯзгорро таманно менамоям. Баъдан, Наврӯзи Ҷамшедӣ, ки ба шахсияти нимаустуравӣ ва ниматаърихии мо Ҷамшеди Пешдодӣ нисбати асосӣ дорад, аз куҳантарин ҷашнҳои миллию мардумӣ аст ва беҳуда нест, ки устурашинос ва пажӯҳишгари ойинҳои куҳани миллӣ, устод Ҳошими Разӣ умри онро баробари умри миллат (манзур мардуми иронитабор аст) донистааст (ниг.: Разӣ Ҳошим. Гоҳшуморӣ ва ҷашнҳои Ирони бостон. Теҳрон: Беҳҷат, 1380. -С.17). Гузашта аз ин, Наврӯзи Ҷамшедӣ, қабл аз ҳама, ҷашни худшиносӣ ва ҳувиятсозии миллӣ аст ва қатъи назар аз фишорҳою таҳдидҳои рӯзмарраи аҷнабиён, чи дар гузашта ва чи имрӯз аз масири дуруст, ки хештаншиносию худсозӣ ва мардумсолорию ҳамбастагист, мунҳариф нашудааст. Ба пурсиши аввали Шумо, ки ба мароҳили Наврӯзи бостонӣ, ки ба унвони шаҳодатномаи ойинӣ ва фалсафии мардуми мо муаррифӣ мешавад, мебояд муфассалтар посух дод.

Китобҳо