Ҷумҳурии Тоҷикистон дар раванди таҳкими сулҳу субот ва давлатсозиву давлатдории навини худ баҳрабардорӣ аз арзишҳои волои таърихиву фарҳангӣ, таблиғи ҳувияти милливу ифтихори ватандорӣ, худшиносиву худогоҳӣ ва ба шоҳроҳи созандагиву ободонии ин сарзамини аҷдодӣ раҳнамоӣ кардан ва сарфарбар намудани мардумро воқеан ҳам дар маркази сиёсати давлатӣ қарор додааст. Ба ибораи дигар, ҳифз кардан, омӯхтан ва омӯзонидан, инчунин таблиғи арзишҳо ва анъанаҳои неки таърихиву фарҳангиро ба сатҳи давлатӣ бардоштем ва чунон ки имрӯз мебинем, мафҳумҳои истиқлол ва озодӣ, ваҳдати миллӣ, сулҳу субот, тамомияти арзӣ, ободии Ватан ва созандагӣ на танҳо ҳамчун ғояҳои умумимиллӣ пазируфта шудаанд, балки ба ҳайси қутбнамо дар тафаккури мардумамон ҷой гирифтаанд.
Инсон, аз рӯзе ки худро дар баробари ҳастию вуҷуд шинохт ва ба сатҳи огоҳии ибтидоӣ расид, аз рӯйи тавону қудрат тариқи илму ҳунару эҷод ба зиндагӣ маъно бахшида, замон ба замон, давра ба давра ва марҳила ба марҳила дастовардҳои моддию маънавӣ офарид, ки ҳамагӣ дар мафҳуми фарҳанг мунсаҷим мешаванд. Минбаъд, чун имконоти моддию маънавии инсонӣ бартар шуд ва шаҳди қудрату тавони ҷисмониро чашид, тасмим гирифт, ки хосту ғаризаҳояшро болои мардум ва ҷомеаи камзарфият ва камқувват таҳаммул созад. Аз ин ҷо раванди таъсиррасонӣ ва таъсирпазирӣ дар таърихи башарӣ машрӯият пайдо намуда, фазосозии сиёсӣ, мафкуравӣ-идеологӣ, зеҳнӣ ва фарҳангӣ дар ҳавзаҳои иҷтимоӣ шакл гирифт. Бад-ин минвол, ҳаракати мафкураи бегона дар масири зиндагии ақвому миллиятҳо шурӯъ шуда, дар бофтҳои иҷтимоӣ ҷо гирифта, бегонашавӣ ва бегонасолорӣ миёни ҷомеаҳо густариш ёфт. Ин гуна таҳаммулсозӣ ва иҷборан таъсиррасонии фарҳангию сиёсӣ ва мафкуравӣ дар шароити бархӯрди тамаддунҳо (замони муосир дар назар аст) вусъати тоза касб кард.
Муҳаққиқони масоили сиёсӣ ва коршиносони умури иҷтимоӣ асл ва нишонаҳои ҷомеаҳои мутамаддинро дар вуҷуди истиқлоли фикрӣ ва хиради ҷамъӣ арзёбӣ кардаанд. Ташаккули истиқлоли фикрию эҷодӣ роҳро барои сохтани фазою муҳитҳои солим ва бози иҷтимоӣ ҳамвор мекунад. Аз ин ҷост, ки дар ташаккул ва рушди тафаккуру биниши фалсафӣ, ки санги асоси ҷомеаи хирадмеҳвар шинохта шудааст, давлати дунявӣ ва мутаносибан, равиши зиндагии секулярӣ нақши бунёдӣ дорад.
Помир аз ганҷинаҳои зеризаминӣ басо бой мебошад. Ин ҷо сарватҳои металлӣ, ғайриметаллӣ, сангҳои ороишию рӯйбаст, масолеҳи сохтмон ва ғайра вобаста ба сохт ва таърихи тараққиёти геологию палеогеографӣ дар музофоту ноҳияҳои табиию географӣ ба андозаи гуногун паҳн шудаанд.
Дар Помир аз сарватҳои сӯзишворӣ-энергетикӣ ду кони ангиштсанг - Куртек ва Равнов кашф карда шудааст. Кони Куртек 38 км дар самти ҷанубу шарқии маркази ноҳияи Мурғоб ҷойгир шудааст. Ин кон дар баландии мутлақи 4500-5000 м. дар байни қабатҳои регсангҳои юраи поён ҷойгир шуда, аз як қабат иборат мебошад ва аз 0,52 то 12, 1 м ғафсӣ дорад. Захираи саноатии он ба 5,9 млн.т мерасад, барои корҳои хоҷагӣ чун сӯзишворӣ истифода шуда метавонад.