Сухан дар бораи ҳаводиси Афғонистон меравад. Шабонарӯзи гузашта дар ин мавзӯъ хабарҳои зиёде паҳн шуда буд. Яке аз онҳо суханронии Аҳмад Масъуд раҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон буд, ки дар он аз ҳуқуқ ва шарафи инсонӣ дар ин кишвар сахан гуфта мешуд. Хабари дигар дар сомонаи шабакаи CNN буд, ки аз кушта шудани зани ҳомиладори 8-моҳа аз ҷониби Толибони ваҳшӣ хабар дода мешуд. Аз ин хабарҳо маълум аст, ки имрӯз дар ин кишвари ҷангзада ҳуқуқ ва шарафи инсонӣ дар баробари ваҳшигариҳои асримиёнагӣ дар набард қарор дорад.
Тоҷикистонро метавон намунаи сайёра шуморид, зеро дар ҳудуди на он қадар бузурги кишвари мо қариб тамоми минтақаҳои иқлимиро бо тафриқаи ҳарорати аз 50 дараҷа гармӣ то 60 дараҷа сардӣ дучор омадан мумкин аст. Чунин шароит барои ташкил намудани мушоҳидаҳои пайваста ба иқлим ва гузаронидани корҳои илмиву тадқиқотӣ дар ин соҳаи муҳим заминаи хуб аст. Мувофиқи ақидаи олимон, таҳқиқи танҳо пиряхи Федченко, ки яке аз пиряхҳои калонтарини олам мебошад, имкон медиҳад тағйирёбии иқлим дар якчанд ҳазорсолаи охир муайян карда шавад. Натиҷаҳои ин таҳқиқот, бешубҳа, дар рушди илми ҷаҳонӣ оид ба иқлим нақши муҳим хоҳанд бозид.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Дар натиҷаи таҳлили маводи сершумори илмӣ, сиёсӣ, низомӣ, иқтисодии чопию расонавӣ - интернетӣ муайян карда шуд, ки ахиран алайҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз калидитарин технологияҳои “ҷангҳои омехта”, - “ҷангҳои иттилоотӣ” – и бесобиқа роҳандозӣ гардидааст.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат - Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз соли 2009 дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба масъалаи мазкур, чунин ишора карда буданд:
Рушди илму техника танҳо дар ҷомеаи осудаву ором имконпазир мебошад. Хушбахтона дар кишвари мо ҳама шароитҳо барои таҳсил ва таҳқиқоти илмӣ аз ҷумла барои духтарону бонувон фароҳам оварда шудааст. Ин буд, ки шурӯъ аз санаи 17 то 20 августи соли ҷорӣ дар шаҳри зебоманзари Гулистон Конфронси байналмилалии илмӣ-амалии "Нақши занон-олимон дар рушди илм, инноватсия ва технология", ки аз ҷониби клуби "Хонуми ядроӣ" -и назди Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо дастгирии Созмони Амнияти Аврупо ва роҳбарияти Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионии АМИТ баргузор гардид.