JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс

  Башар аз бомдоди зиндагӣ дар талоши бунёди давлати ҳуқуқбунёд ва ҷомеаи адолатпарвар буда ҷиҳати дарёфти озодӣ ва таъмини баробарии иҷтимоӣ мубориза бурдаанд. Инсон аз замони шинохти манфиатҳо чунин муборизаҳоро тақвият дода баҳри муаян намудани ҳуқуқҳои хеш ва ҳифзи онҳо ҳамеша роҳҳои мухталифро ҷустуҷӯ менамуданд. Дар роҳи расидан ба озодӣ ва дарёфти ҳуқуқҳое ки ба инсон имконият медиҳад, ҳамчун махлуқи боарзиш дар ин ҷаҳон зинадгӣ намояд, даҳҳо насли инсони қурбон гаштаанд. Барои башар осон муясар нагардида аст,  то ҷомеаеро бисозад, ки дар он инсон меҳвари тамоми арзишҳо қарор гирифта, ҳуқуқҳои фитрии ӯ таъмин бошад. Илму хирад ва заковати инсонҳои озодихоҳ даст дод, то роҳи вақеӣ гаштани ормонҳои башариро дар масири бунёди ҷомеаи демократӣ ҷустуҷӯй намоянд. Зеро давлат ва ҷомеаи демократӣ ин навъи ҷомеаест, ки дар он ҳокимият ба иродаи мардум вобаста буда, халқ дар ҳаёти сиёсӣ иштироки фаъол дорад. Инчунин дар рафти қабули қонунҳо ва ташкили мақомоти олии давлатӣ иродаи озодӣ шаҳрвандон нақши ногузир дорад. Дар бунёд ва рӯшди ҷомеаи демократӣ Кониститутсия аз муҳимтарин масоилест, ки таввасути он ғояҳои демократӣ ва ормонҳои халқи озодихоҳ амали мегардад. Бунёди давлат бар асоси арзишҳои инсонӣ ва мустаҳкам намудани пояҳои ҷомеаи демократӣ бо қабули Кониститутсия ки дар он иродаи мардум таҷҷасум мегардад, имконпазир мебошад. Кониститутсия дар рӯшди ҷомеаи озоду демократӣ нақши созгор дорад. Ҳар як давлат боҳамон масире рӯшд менамояд, ки дар қонуни асоси муқарар шуда аст ва онро халқ дар райпурсии озоду демократӣ ҷонибдори намудаанд. Ба ҳамин хоти Кониститутсия бахтномаи ҳар миллат аст, ки таввасути он бо таъмини қонуният ба ояндаи дурахшон роҳ пайдо менамоянд. Волоияти қонун кафили рӯшди ҷомеа аз ҳамон масирест, ки дар Кониститутсия муқарар шудааст. Таъмини иҷрои ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд василаи муҳими амалисозии ҳокимияти халқ мебошад ва баҳри инкишофи ҷомеаи демократӣ ва давлати ҳуқуқбунёд заминаро фароҳам меоварад.

  Қабули  Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар таърихи навини давлатдории  тоҷикон  ҳамчун  рӯйдоди муҳими сиёсию ҳуқуқӣ  арзёбӣ  мегардад.
  Тибқи ин санад Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона эълон шуд. Аз ин  ба  баъд  марҳалаи муҳими таҳкими ҳокимияти конститутсионӣ дар кишвар оғоз гардид.
  Конститутсия  воқеан ҳам омили муҳими муттаҳидкунанда, ҳимоякунандаи сулҳу субот, оромӣ ва ризояти шаҳрвандӣ дар ҷомеаи мо мебошад.

  Забони давлатӣ, бешубҳа, яке аз арзишҳои  бузурги миллӣ ва пояҳои давлатдории миллӣ, гузашта аз ин, нишонаи возеҳи истиқлолияти сиёсӣ ва таҷассумгари таърихи пуршебу фарози халқи тоҷик маҳсуб меёбад.

Эмомалӣ Раҳмон

 Забони тоҷикӣ бузургтарин сармоя ва муҳимтарин омили нигаҳдорӣ, ҳимоя ва интиқолдиҳандаи фарҳангу тамаддун ва суннату анъанаҳо буда, дар ҳифзи асолати миллӣ нақши ҳалкунанда дорад. Дар давраҳои пурошӯбу пурмоҷарои таърих забони миллӣ ваҳдату ягонагии миллатро дар роҳи озодӣ ва истиқлол таъмин намудааст. Воқеан, забони миллӣ дар паҳнои таърихи бумӣ ба унвони унсури калидии миллатсозӣ ва фарҳанггустурӣ хидмат карда, имрӯз ҳам дар масири шукуфоии миллат ва таҳкими давлатдории миллӣ гомҳои устувор бармедорад. Муҳимтар аз ҳама, забони миллӣ миллатро аз газанди рӯзгор ва фишору тааррӯзи мустабидони дохилию хориҷӣ, ки асрҳо алайҳи забону фарҳанги аҷдодӣ мубориза бурдаанд, ҳифзу ҳимоят кардааст. Ин аст, ки на танҳо гиромидошт, балки муқаддас донистан ва дар ин замина мавриди корбурди ҳамагонӣ қарор додани он дар шароити феълии бархӯрдҳои сиёсию тамаддунӣ ва ташаннуҷи буҳронҳои фикрию ҳувиятӣ рисолат ва вазифаи аввалиндараҷаи мо-соҳибони забон мебошад. Агар ин вазифа ва рисолат дуруст ва ҳадафмандона иҷро нагардад, мо ба унвони миллати дорои забон ва тамаддуни даҳҳазорсола аз ширкат дар раванди тамаддунсозӣ маҳрум мемонем ва хатари азбайнравӣ ва ҳазфшавӣ таҳдидамон мекунад.

    Миллате, ки соҳиби савод ва хиради фитрист, дар гардиш ва табаддулоти ҷаҳон саҳми босазо мегузорад ва пойдору ҷовидон мемонад. Эҷоду ободкорӣ аз фаъолтарин инсонҳо ёдгор боқӣ мемонад. Инсони накӯ аввал манфиаташ ба миллати худ ва баъдан ба ҷаҳон муассир аст. Ҳамеша инсони соҳибақл миллату ватани худро азизу муътарбар медорад. Аввалдараҷа ба ҳар фард марзу буми кишвараш бояд муқаддас бошад.

    Ҳар қавму нажод ва миллате орзу ва таманное дар худ дорад, ки соҳиби сарзамин бошад ё ҳеч не порчае аз заминро дар ихтиёр дошта бошад. Миллати фарҳангофару хирадгустари тоҷик, шукрона, ки дар гузаштаву имрӯз соҳиби марзу бум буду ҳаст. Ва ҷаҳониён ин миллати покнажоду нексириштро эътироф кардаанду қоил шудаанд, ки миллати воҳид ва ҳиссагузор дар пешрафти фарҳанги башарият буда.

Китобҳо