16 ноябри соли 2021 мардуми тоҷик 29 солагии Иҷлосияи 16 – уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷашн мегирад. Иҷлосияи мазкур дар таърихи кишварамон воқеан ҳамчун иҷлосияи тақдирсози миллати тоҷик, нақш бастааст. Ба туфайли ин Иҷлосияи таърихӣ мардуми мо тайи ин муддат дар фазои сулҳу оромӣ ба сар мебарад. Дар ин ҷода нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон басо арзанда аст.
Оила муҳимтарин мактаби наслу нажод буда, арзишҳои баланди инсониро дорост. Ин мактаб ба инсон дар роҳи ташаккули насли ахлоқию сиёсӣ ва созандагӣ қадамҳои устувор гузоштанро меомӯзонад. Ҳамчунин ячейкаи асосии ҷамъият ба ҳисоб меравад, чунки кӯдак дар он ҷо тарбия ёфта, ба воя мерасад ва одобу ахлоқу муоширати иҷтимоӣ аз он ҷо сарчашма мегирад. Падару модар бояд рисолати муқаддаси худро дар тарбияи поктинатӣ, зебоипарастӣ, заҳматкашию ободкориро дар замири фарзандон ҷой намуда, онҳоро дар рӯҳияи ватандорӣ ба камол расонанд.
Имсол ба қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 27 сол пурра мешавад. Дар муҳокима ва қабули он саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат - Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле назаррас аст. Сарвари давлат дар мавриди Конститутсия чунин гуфтаанд: «Ҳадафи сиёсии мо барпокардани давлати демократию ҳуқуқбунёд аст.
Дар ин ҷода, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун санади воломақоми миллат ва шоҳсутуни устувори сулҳу ваҳдат раҳнамои ҳамешагии мо хоҳад буд».
Қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи навини давлатдории тоҷикон ҳамчун рӯйдоди муҳими сиёсию ҳуқуқӣ арзёбӣ мегардад. Тибқи ин санад Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона эълон шуд. Аз ин ба баъд марҳалаи муҳими таҳкими ҳокимияти конститутсионӣ дар кишвар оѓоз гардид. Конститутсия воқеан ҳам омили муҳими муттаҳидкунанда, ҳимояткунандаи сулҳу субот, оромӣ ва ризояти шаҳрвандӣ дар ҷомеаи мо мебошад.
Хуросон з-оли Сомон чун тиҳӣ шуд,
Ҳама дигар шудаш аҳволу сомон.
Носири Хусрав
Дар ҳақиқат, баъди аз байн рафтани давлати миллии Сомониён ва рӯи кор омадани сулолаҳои бегонатабор, на танҳо аҳволи Хуросон, балки аҳволи Мовароуннаҳру Эрон низ дигаргун гашт ва қудрати сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, низомӣ дар ин сарзаминҳо ба дасти бегонагон афтод ва мардуми бумии ин сарзаминҳо, соҳибони ҳақиқии ин се минтақа–Эрону Хуросону Мовароуннаҳр (тоҷикҳо ва форсҳо) дар ҳолати гурезагӣ ба сар мебурданд, зеро давлати миллии худро аз даст дода буданд. Носири Хусрав, ки аҳли Хуросон (тоҷик-форс) буд, аз дасти Ғазнавиён, ки бо баҳонаи рофизию қарматию муътазилӣ тоҷику форсро мекуштанд, гуреза шуд, ғурбат гузид ва ба ифшои ин бегонагони ситамгар, ки давлати миллии моро аз байн бурдаанд, пардохт ва сиёсати истилогаронаи Маҳмудро, ки ба номи дин амалӣ мекард, маҳкум намуд: