Вазъи сиёсии ҷаҳони имрӯза нишон медиҳад, ки тамоили миллигароӣ дигарбора шиддат гирифта, пояҳои сиёсӣ ва иҷтимоии давлатҳо бо назардошти арзишҳо ва манофеи миллӣ шакл мегиранд. Фарҳанги миллӣ бошад таваcсути ташаккули мафкураи миллӣ ва истеҳсолоти иқтисодӣ рушд намуда, ба ҷаҳониён муаррифӣ мегардад. Яке аз омилҳое, ки сабаби ба вуҷуд омадани давлатҳои миллӣ гаштааст, ин пайдоиши ҳаракатҳои озодихоҳи миллӣ ҷиҳати дарёфти истиқлол ва таъмини инкишофу ҳимояи арзишҳои муштараки онҳо мебошад. Маҳз ҳифзи арзишҳо ва дастовардҳои таърихию фарҳангӣ ба шаклгирии чунин давлатҳо боис гашт. Аз дигар тараф, фароҳам овардани шароит ҷиҳати мустақилона муайян сохтани масири инкишоф ва тараққиёти миллат, инчунин талош баҳри ормонҳои миллӣ давлатҳоро барои ҳифзи арзишҳои миллӣ водор месозад. Миллати озодро шарти зарурӣ ин аст, ки дар сатҳи умури давлатдории миллӣ низоми қонунгузории давлатиро, ки асоси амният ва тартибот мебошанд дар пайвастагӣ бо арзишҳои миллӣ ва иродаи мардум мустақилона муайян намояд. Чунин раванд яке аз падидаҳои истиқлоли миллӣ мебошад. Дар замони муосир вуҷуд доштани истиқлоли миллӣ василаи муҳим баҳри рушди давлатҳои мутамаддин ба шумор меравад. Зеро ҳеҷ як давлати миллӣ бидуни роҳандозии муносибатҳои хориҷӣ ва пешбурди манофеи миллӣ дар сиёсати ҷаҳонӣ наметавонад рушд намояд.
Абдурраҳмони Мушфиқӣ (1525-1588) аз намояндагони бузурги ҳаёти маданӣ-адабии нимаи дуюми асри ХVI тоҷик буда, бо мероси ғании адабӣ ва хислати эҷодиёти худ дар таърихи адабиёт ва маънавиёти ин аср ва умуман фарҳанги асрҳои ХVI-ХIХ мавқеи намоёнро ишғол менамояд. Дар сарчашмаҳои адабӣ ва таърихӣ омадааст, ки «Мавлоно Мушфиқӣ аз шоирони машҳур аст, дар гуфтани анвои шеър салиқааш накӯст, қасоиди хуб ва ашъори марғуб дорад. Дар ҳиҷо гуфтан табъаш ба тавре диққат менамояд, ки маълум нест, ки касе адили (ҳамвазни) ӯ буда бошад»[1]. Чунонки аз сарчашмаҳои таърихӣ бармеояд, Мушфиқӣ дар ҳиҷо (ҳаҷв) гуфтан табъи болиғ дошта ва дар ин майдон бебадал ва бемонанд будааст. Ба ҳама маълум аст, ки ҳаҷв ба худии худ дар ҳама давру замон ва дар байни ҳама қавму миллатҳо баёнгари эътирози иҷтимоӣ буда, зимнан шоир аз ҳуқуқи поймолшудаи табақаҳои мазлум пуштибонӣ менамояд.
Миллати тоҷик чи гуна дар давраҳои хосси таърихии худ дорои парчам ва нишони хеш буд, дар овони соҳибистиқлоли низ дорои парчами миллӣ худ мебошад. Парчами миллӣ ифодагари озодии миллӣ ва баёнгари соҳибихтиёрии давлат маҳсуб мегардад, ки дар он таърихи бойю ғанӣ ва ояндаи дӯрахшони миллат таҷҷасум гаштааст. Маҳз бо шарофати бозгашти истиқлол миллати тоҷик дигарбора соҳиби давлати озоду соҳибихтиёр гардид, ки ин марҳилаи бунёди давлати миллӣ ба шумор мерафт. Дар ин масир ҳифзи арзишҳои миллӣ, дастовардҳои таърихию фарҳангӣ ва рукнҳои давлатдории тоҷикон муҳим арзёби гардид ва зарурати таҷҷасум гардидани онҳо дар рамзҳои давлати дар ин марҳилаи нави давлатдори ба миён омад. Махсусан васл намудани андӯхтаҳои тамаддуни ориёи ба рукнҳои давлатдори, инчунин ифодаёбии онҳо дар рамзҳои давлати аз махсусиятҳои давлати навини тоҷикон мебошад.
Латифа яке аз жанрҳои хеле маълум ва машҳури ҳаҷви халқӣ мебошад. Қобили тазаккур аст, ки халқ дар ҳамаи давраҳо ба воситаи латифаҳо бар зидди золимони, риёкор, авомфиребон ва душманони худ мубориза бурда, ба онҳо хандаи баланди ғолибонае кардааст. Дар латифа фикр хеле кӯтоҳ, муъҷаз ва возеҳ ифода ёфта, он барои тасвири воқеаву ҳодисаҳои манфӣ ва характери типӣ, шакли хеле муносиб мебошад. Агар дар даврони гузашта хандаи тамасхуромези ин жанр ба муқобили амирон, феодалон ва ҳомиёни дину шариат нигаронида шуда бошад, пас ҳоло он бар зидди ҳодисаву воқеаҳои манфии ҳаёт, хусусият ва ахлоқи ношоями шахсони алоҳида, ки монеаи пешрафтҳои ҳаёт мегарданд, нигаронида шудааст. Аҳамияти тарбиявию ахлоқии латифаҳо дар мубориза бо ҳар гуна монеаҳои ҳаёт ва тарбияи одамон дар рӯҳи идеалҳои пешқадами ҷомеа пайваста меафзояд.