Миёни муҳаққиқон ва файласуфон сари таснифоти илмҳо ва ҷойгоҳи антропология ҳамчун илми алоҳида баҳсҳои ҷиддие матраҳ нагардидааст, аммо воқеиёте дар ин замина ба мушоҳида мерасад. Муҳитар аз ҳама, баҳс сари таснифоти илмҳо, чи дар осори файласуфони юнонӣ ва чи дар мероси файласуфони форсу тоҷик собиқаи тӯлонӣ дорад. Ин аст, ки мо ба чунин баҳсе иқдом мекунем ва сараввал ба масъалаи ҷойгоҳи антропология дар таснифоти Арасту таваҷҷуҳ намуда, пасон масъалаи марбутаро дар низоми таснифотии Арастуи сонӣ – Абунасри Форобӣ дунбол мекунем.
Пешбурди фаъолияти илмию технологӣ ва фаъолияти инноватсионӣ шарти зарурии рушди равандҳои инноватсионӣ дар ҳар як давлати рушдкарда ва рушдкунанда мебошад. Фаъолияти илмию технологӣ ба тавлид, рушд, густариш ва татбиқи донишҳои илмию техникӣ дар иқтисодиёт, аз ҷумла истеҳсолот вобаста мебошад. Он таҳқиқоти илмӣ ва коркардҳои илмӣ, тайёр кардани кадрҳои илмӣ дар ин самт ва хизматрасониҳои илмию техникиро фаро мегирад.
Дар осори пурарзиши устоди шоирони Аҷам, поягузори адабиёти форсу тоҷик Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ чеҳраҳои асотирӣ, фолклорӣ, таърихиву фарҳангӣ бо корномаву шахсияти онҳо бозтоб шудаанд. Маликушуаро Рӯдакӣ ҳамчун шоири тавонову донишманди нотакрор аз таърихи гузашта ва махсусан, аз чеҳраҳои мондагори қаҳрамониву паҳлавонии фолклориву асотирии бостонии ориёиву сомӣ огоҳӣ доштааст. Дар ашъори ӯ ҳама гуна ёдгориҳои таърихиву асотирӣ, бахусус, ҷойҳои таърихӣ, ёдгориҳои таърихӣ-ҷуғрофӣ, чеҳраҳои таърихӣ, симоҳои асотирӣ - афсонавӣ, унсурҳои асотирии тахайюлӣ, зикри номи ҷирмҳои осмонӣ ва ғайра инъикос ёфтаанд. Устод Рӯдакӣ дар осори хеш образҳои фолклориву таърихии Ҳотами Той, Луқмони Ҳаким, Кисро (Хусрави Парвиз), Рустам, Сифандиёр (Исфандёр), Сом, Лайливу Маҷнун, Юсуф ва Зулайхоро истифода намудааст ва чунин ишороти шоир гувоҳ бар онанд, ки таърихияти шеъри ӯ ниҳоят дар пояи баланд аст. Мо дар ин мақола чеҳраҳои қаҳрамониву паҳлавонӣ, таҷассуми ишқи поки онҳо ва бозтоби он дар шеъри Абуабдулло Рӯдакиро баррасӣ менамоем.
Ҳар як миллат тайи таърихи мавҷудият давра ва мароҳили бозсозию бозофаринии зеҳнию ақлониро пушти сар мекунад, ки дар қолаби Эҳё ё Ренессанс (Ренесса́нс аз забонҳои фаронсавии “Renaissance”, италиявии “Rinascimento” ва лотинии “renasci” ба маънои “навтавлидшавӣ, эҳёшавӣ”) мунсаҷим мешавад. Эҳё ё Ренессанс раванди бозтавлидӣ ва азнавофаринии илму ҳунару фарҳанги классикию намунавӣ дар таърихи башарӣ мебошад. Ба ин маъно, халқияту миллиятҳои пешрафта ва мутамаддин ба хотири таъмини манофеи миллию фарҳангӣ намунаҳои баланди фалсафӣ, маданӣ, илмӣ, ҳунарӣ ва эҷодии худро аз нав зиндаю эҳё мекунанд.