JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Чоршанбе, 02 Марти 2022 05:33

Паёми омӯзанда

Муаллиф:

   Дар Паёми имсола аз аввал то охир бо таҳлил мантиқӣ, соҳа ба соҳа «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» изҳори назар шуд. Пешвои миллат дар оғози Паём ишора бар он намуданд, ки соли 2021 низ ба мисли ҳазорон солҳои пешин баъди чанд рӯзи ба шумор ба таърих мепайвандад. Тибқи фармудаи файласуфонаи Пешвои миллат ин чунин маънӣ дорад, ки башарият ана ҳамин тавр ҳазорон-ҳазорон солро тай карда ба ин марҳалаи нави таърихӣ расидааст, ки барои ҳамин умри азизи худро ғанимат шумурда, барои ободии миллат ва кишвар хидмат бояд кард.

  Мубориза бо офатҳои табиии марбут ба обро одамон ҳанўз аз замонҳои қадим медонистанд. Дар Мисри Қадим ва Месопотамия қисми зиёди обро аз марказҳои асосӣ ба пастхамиҳо равона мекарданд, ки минбаъд обанборҳо пайдо мешуданд. Нахустин дарғот панҷ ҳазор сол пеш дар Сурия, дар дарёи Оронт сохта шуда буд. Ҳамин тавр, дамбаҳо ба вуҷуд омаданд, ки ба воситаи онҳо майдонҳои кишту боғу роғ аз обхезӣ эмин ёфтанд. Таҷрибаи хуби мубориза бо обхезӣ асосан аз Шарқ оғоз ёфта, он аз Мисру Чин ба Аврупо гузашт.

Зан агар олиҳаи ҳусни замин гӯям кам аст,

Зан агар дар хонадон ҳуснофарин гӯям кам аст.

Гар набошад зан барои мо ҳаёту шодӣ нест,

Зан чароғи нозанини зиндагӣ гӯям кам аст.

Ҷумъа, 18 Феврали 2022 11:25

Ифтихори фарҳанги миллии тоҷик

Муаллиф:

  Ҳар касе, ки мехоҳад бинои истиқлоли меҳан ва саодати миллаташро бар асоси маҳкам қоим созад, бояд дурӯғро аз он марзу бум ронда ва ростиро дар он сарзамин устувор намояд.

Дориюши Кабир

  Ақвоми эронӣ (тоҷик) бо илму фалсафа, ҳикмату мантиқ, фарҳангу санъат ва дигар суннатҳои волои миллии худ аз қадим шуҳраи офоқ гардида буд. Ба ин маъно, ки дар таълимоти нахустпайғамбари башар – Зардушт писари Гистасп аз қавми Ориёӣ омадааст: «ҳар фарде дар ободии ҷаҳон ва шодмонии ҷаҳониён кӯшида, ё худро ба василаи пиндору кирдор ва гуфтори нек қобили болоравӣ ба олами рӯҳонӣ ва расидан ба авҷи камол ва саодати ҷовидонӣ намояд». Аз суханони пурмуҳтавои ин мутафаккири аҷдодии мо бар меояд, ки ҳар як инсон бояд баҳри ободу зебо гардонидани гетӣ ва хурсанду шодмон намудани мардуми рӯи олам кӯшиш ба харҷ диҳад. Ва ба ин васила ӯ метавонад, ки номи худро дар таърихи башар ҳамчун инсони накӯкор абадӣ гардонад. Илова бар, ин қайд намудан зарур аст, ки миллати мо миёни дигар миллатҳои олам ҳамчун миллати фарҳангӣ ва соҳибтамаддун шинохта шудааст. Ва тамоми халқу миллатҳои баъдӣ, ки андактар ба дину мазҳаби миллии хеш соҳиб гардиданд, сохтори ин дину мазҳабҳо-яшонро дар пайравии дини зардуштӣ ва фарҳанги ҷамшедӣ ба роҳ монданд ва бо ин то имрӯз ифтихор ҳам доранд. Пас, чаро имрӯзиёни миллати тоҷик – меросбарону посдорандагони фарҳанги ориёӣ, аз чунин суннатҳои волои ниёгони худ, ки то ҳол ягон халқу миллат мислашро соҳиб нагаштааст, ифтихор нанамоем ва онро дар меҳвари фаъолияти хеш қарор надиҳем. Фарҳанги аҷдодии мо фарҳанги инсонмеҳварӣ буда, ҳамеша таҷассумкунандаи волотарин ғояҳои инсонпарварӣ мебошад. Дар ҳама давру замон фарзонагони ин миллат дар пешрафти илму фалсафа, адабиёту таърих, меъморию ҳунарманидӣ ва сиёсату давлатдорӣ хидматҳои ҷаҳонӣ кардаанд, ки нодида гирифтани хизматҳои эшон амали ноҷавонмардист.

Китобҳо