Ҷомеае, ки олами ҳастӣ, қонунмандиҳои равандҳои он ва мантиқи воқеиятро дуруст дарк мекунад, бидуни шак, барои ҳифзи бақо ва манфиатҳои худ имкони интихоби беҳтарин мавқеъгириро аз маҷмӯи гузинаҳои мавҷуда хоҳад дошт. Омили аслии такомул ва ё таназзули ҳар ҷомеае низ аслан дар шуури ҷамъиятии он нуҳуфтааст. Бо назардошти ин воқеият он чӣ нигаронкунанда аст, кайфият ва чигунагии ҷаҳонбинии имрӯзаи ҷомеаи мост. Мақолаи “Дар бораи як китоби дарсӣ”-и сиёсатмадори варзида ва олими шинохтаи кишвар С.Ятимов, ки чанд рӯзе пеш аз матбуоти даврӣ мутолиа кардам, маҳз дар заминаи дарки ин воқеият ва шинохти вазъият эҷод шудааст. С.Ятимов дар ин мақола дар робита ба вазъи нигаронкунандаи шуури ҷамъиятӣ дар кишвар изҳори назар карда, аз дидгоҳи илмӣ роҳҳалҳои мушаххасеро низ барои рафъи мушкилоти мавҷуда пешниҳод кардаанд. Мавқеъгирии муаллиф ҳини арзёбии масъала чун ҳамеша дар такя ба ду асл сурат гирифтааст, ки яке меъёрҳои методологияи илмӣ ва дигаре манофеи миллист. Барои ба истиқлоли зеҳнӣ расидани миллат ва таҳияи заминаи рушди ояндаи давлат муаллиф нақши соҳаи маорифро меҳварӣ дониста, онро моҳиятан ҳамчун абзори муҳандисии шуури ҷамъиятӣ талаққӣ кардааст. Аз ин аст, ки бо итминон таъкид мекунад: “Мактаб ва маориф дар поягузорӣ, вусъат ва бардавомии сохти давлатдорӣ нақши ҳалкунанда мебозанд”.[1] Дурустии ин иддаои воқеъбинонаи муаллифро таҷрибаи ҷомеаи ҷаҳонӣ тасдиқ менамояд. Бо назардошти муҳтавои мақолаи “Дар бораи як китоби дарсӣ” мехоҳам ин ҷо андешаҳои худро пиромуни масъалаи матраҳшуда дар алоқамандӣ ба дидгоҳи баъзе мутафаккирони Ғарбу Шарқ ироа дорам.
Давре, ки дар ӯ омадану рафтани мост,
Ӯро на ниҳоят, на бидоят пайдост.
Кас меназанад даме дар ин маънӣ рост,
К-ин омадан аз куҷову рафтан ба куҷост.
Ба дасти ману туст некахтарӣ,
Агар бад наҷӯем, некахтарем.
Абумуиниддин Носири Хусрави Қубодиёнӣ дар соли 1004 дар Қубодиён дида ба дунё кушодааст. Ӯ дар олами шеър бо тахаллуси «Ҳуҷҷат» машҳур аст. Носири Хусрав таҳсили нахустини худро дар зодгоҳаш гирифта, пасон дар мадрасаи шаҳри Балх илм омӯхтааст. Аз айёми ҷавонӣ ба хидмати давлатӣ дар дарбори Ғазнавиҳо медарояд. Ӯ худ дар ин бора дар «Сафарнома» маълумот медиҳад: «Ман боргоҳи мулук ва салотини Аҷам дидаам, чун Султон Маҳмуди Ғазнавӣ ва писараш Масъуд».
Ба ифтихори 30 солагии Иҷлосияи XVI-уми Шȳрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қайд бояд кард, ки соли 2022 барои халқи тоҷик соли ҷашнӣ ба ҳисоб меравад. Агар соле пеш, яъне соли 2021, мо 30 солагии Истиқлолияти давлатиамонро бо шаҳомати хоса ҷашн гирифта бошем, пас имрȳз дар арафаи ҷашнгирии 30 солагии Иҷлосияи XVI-уми Шȳрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорем. Тавре медонем, Иҷлосияи мазкур дар таърихи мамлакатамон ҳамчун Иҷлосияи тақдирсоз сабт гардидааст.