JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Сешанбе, 13 Сентябри 2022 06:05

Тақвими шамсӣ

Муаллиф:

  Астрономия аз илмҳои қадимтарин аст, ки дар натиҷаи талаботи моддию маънавии инсоният ба вуҷуд омадааст. Ивазшавии  шабу рӯз, ҳаракати Замин, Моҳу Офтоб, ҳаракати сайёраҳо  дар гумбади ситоразор, тағйирёбии фазаҳои Моҳ, пайдоиши  ситораҳои думдор, ситораҳо, ҳазорҳо воқеаҳои табии олам аз пеши назар гузаштан мегиранд, ки ҳеҷ гоҳ одамонро бетаваҷҷух нагузоштаанд. Одамонро бафикру андеша меоварданд, онҳо ҳамеша дар ҷустуҷӯи кашфи ҳодисаҳо  шуда, ҳазор солаҳо аз пайи дастовардҳо, таҳлилу барасии ҳақиқатҳои воқеии ин гумбади  нилгун мешудаанд. Мардум чунин ҳодисаҳои зиёди  табииро мушоҳида намуда ба саволҳои худ ҷавоб меҷустанд. Дар асри бистум радифҳои зиёди маснӯъ, киштиҳои зиёди кайҳонӣ сохта  шуданд, ки инсон  акнун на аз Замин, хонаву ҷойи зист балки аз Кайҳон, дар миёни ҷирмҳои  зиёди осмонӣ моҳову солҳо фаъолият намуда, олами воқеии ситоразорро аз наздик бо нодиртарин асбобу дастгоҳҳои ҳозира таҳқиқ менамояд.

    Ба даст овардани истиқлолу озодӣ дар ҳар самту сӯйе баёнгари қудрат ва тавоноии миллат ва мардум аст. Бахусус, даст ёфтан ба истиқлоли зеҳнӣ сатҳи баланди расоӣ ва балоғати насли инсонӣ дар таърихи башарӣ ба шумор рафта, он ба унвони пешзаминаи низоми муваффақи демократӣ ва дунявӣ шинохта шудааст. Гузашта аз ин, ҳар миллате, ки дар доираи тавонмандиҳои фикрию ҷисмонӣ ва қудрати равонию иҷтимоии худ ба дараҷаи истиқлоли зеҳнӣ расидааст, дар партави рушди фикрӣ озодию истиқлоли сиёсию давлатӣ ба даст оварда, дар қатори миллатҳои қудратманду мутамаддини ҷаҳонӣ қарор гирифтааст. Ин аст, ки истиқлоли зеҳнӣ заминаи истиқлоли сиёсию миллӣ мебошад ва миллат, пеш аз ҳама, бо сатҳу сифати истиқлоли зеҳнӣ миёни қавмияту миллиятҳои олам эътибору эҳтиром меёбад, эътироф мешавад ва дар миқёси байналхалқӣ ҷойгоҳу мақом пайдо менамояд.

  Мусаллам аст, ки дар кишварҳои мусулмонӣ ва махсусан, Шарқи исломӣ, коргардонони бозиҳои геополитикӣ барои расидан ба ҳадафҳои сиёсию иқтисодӣ бештар аз ҳассосиятҳои динию мазҳабӣ кор гирифта ва мегиранд. Тавре ки ба назар мерасад, дар шароити феълӣ истифода аз таассуби мазҳабӣ минҳайси мафкураи фарогир бештар таҳаққуқ пайдо кардааст. Таърихи бозиҳои сиёсӣ ва бархӯрдҳои геополитикие, ки бар мабнои исломи сиёсӣ дар манотиқи Шарқи мусулмонӣ ҷур шудаанд, баёнгари он аст, ки аз нимаи дуюми асри нуздаҳум коргирӣ аз исломи сиёсӣ ва ба манофеи ҷомеаи сармоядорӣ истифода ва сӯъистифода шудани он аз силсилаи барномарезиҳои калидии қудратҳои вақти ҷаҳонӣ ба шумор мерафтааст. Минбаъд сӯъистифодаи дин ва мазоҳиби исломӣ дар эҷоди ноамнию бесуботӣ дар минтақаҳои мавриди назар ба амри зарурии барномаҳои сиррии империализми ҷаҳонӣ табдил ёфта буд. Ҳамин тариқ, дар доираи барномарезиҳои геосиёсӣ таъсиси гурӯҳҳои муташаккили ҷиноӣ аз ҳисоби ифротгароёни мазҳабӣ ва ташкил додани равияву фирқаҳои динӣ ҷиҳати дар ҳоли парешонӣ нигаҳ доштани давлатҳои вопасгарои Шарқи мусулмонӣ ва аз ин тариқ таҳти контроли ҳамешагӣ қарор додани онҳо ба як навъ суннат ва ҳукми анъана даромад. Ин аст, ки тамоми созмонҳои сиррии динӣ-мазҳабӣ дар маҳдудаи мамолики Шарқи мусулмонӣ таҳти назар, ҳидоят ва ҳимояти қудратҳои ҷаҳонӣ амал карда, баҳри бароварда сохтани манофеъ ва ниёзҳои сиёсию иқтисодии бегонагон хизмат кардаанд.

 Дунявият низомест, ки дар он фаъолиятҳои сиёсӣ ва фаъолиятҳои динӣ аз ҳам ҷудо амал мекунанд. Яъне ниҳодҳои сиёсию динӣ аз ҳам ҷудо амал мекунанд. Дар ин низом қонунгузорӣ дар чорчӯбаи зарурриятҳои иҷтимоӣ ба роҳ монда шуда, асли ҷудоии ҳукумату дин дар қонуни асосии бисёре аз кишварҳои демократӣ сабт гардидааст. Ин асл яке аз бузургтарин ҷилваҳои пешрафти фарҳангӣ ва фикрии башар ба шумор меравад. Асли ҷудоии дину сиёсат реша аз демократия мегирад, ки он яке аз беҳтарин меъёрҳои ҳукумати дастаҷамъӣ ё гурӯҳӣ дар ҳар ҷомеа шинохта шудааст. Дар ин навъи ҷомеа майдони амалкарди дастгоҳ ё ниҳоди асосии идоракунии ҷомеа, ки ҳукумат ё давлат ном бурда мешавад, аз майдони амалкарди дастгоҳ ё ниҳоде, ки онро дину мазҳаб меноманд, то он ҷо ки имкон дорад, ҷудо ва мушаххас аст.  

Китобҳо