Таҷлили Рӯзи устод Рӯдакӣ (22 сентябр), ки аз соли 2002 инҷониб дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил мегардад, зарурати адабӣ, таърихӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоӣ аст, чаро ки Устод аз ҷумлаи нахустшоирони файласуфи миллӣ буда, қабл аз ҳама, аз мавқеи як миллат намояндагӣ кардааст ва аз ҷузъитарин тасовир шуруъ карда, то куллитарин баррасиҳои эҷодиаш аз муҳиту фазои миллӣ сарчашма гирифтаанд. Ин аст, ки устод Рӯдакӣ дар мақоми нахустшоири файласуфи миллӣ қарор дорад ва ба таври густурда таҷлил гардидани Рӯзи Рӯдакӣ дар замони соҳибистиқлолӣ бояд ба мушаххасоти ҳувиятӣ ва миллӣ табдил ёбад. Рӯзи устод Рӯдакӣ, рӯзи тамаддуни шеърӣ ва ҳикмати назмист, ба кулли ҳамватанони азиз муборак бошад. Зимнан, дар ҳошияи Рӯзи устод Рӯдакӣ чанд нуктаи иҷмолиро дар доираи мавзӯи “Устод Рӯдакӣ – нахустшоири файласуфи миллӣ” хидмати хонандагони гиромии ҳафтавор арз медорем:
Яке аз хурофазадагии асри имрӯз даъвои он аст, ки танҳо низомҳои динӣ гуё метавонанд мардумро ба саодат бирасонанд ва дунявияту низоми мардумсолорро ба ҳайси як низоми бидъат ва ғайриахлоқӣ таллаққӣ мекунанд. Ин навъи хурофот бештар марбут ба гурӯҳҳоест, ки аз дин ва боварҳои мардум сиёсат месозанд ва ба хотири расидан ба қудрат онро ба ҳайси як гузина истифода менамоянд.
Мусаллам аст, ки як марҳилаи муайяни замони зиндагии башарият чӣ дар Аврупо ва чӣ дар соири кишварҳои дигар, динҳо ба ҳайси дастурҳои сиёсӣ хидмат намуда, як муддати муайян вазифаи ҳокимияти сиёсӣ низ бар души онон буд ва тамоми қавонини идоракунии иҷтимоӣ дар чорчӯбаи дастуроти фиқҳиву шариатӣ ба роҳ монда шудааст.
Не требуется доказывать такой очевидный факт, что периодический пограничный конфликт, как в прошлом, так и в настоящее время, особенно когда это происходит с ближайшими соседями – нежелателен, т.к. он губителен для сохранения мира, стабильности и развития каждой из сторон конфликта, так и Центральной Азии в целом. Не нужно забывать, что Таджикистан со дня образования, а особенно с периода приобретения независимости стремится решить все свои пограничные проблемы путем переговоров и даже компромиссов, а часто шёл на временные уступки, чтобы в наиболее сложное время не навредить мирному процессу развития региона.
Миқдори зиёди маълумот оид ба Кайҳон комилан берун аз атмосфераи Замин боқӣ мондааст. Аксари диапазонҳои инфрасурх ва ултрабунафш, инчунин рентген ва гамма-нӯрҳо, ки пайдоиши кайҳонӣ доранд, барои мушоҳида аз сатҳи Замин дастрас нестанд. Барои омӯхтани Коинот дар ин нӯрҳо, дастгоҳҳои мушоҳидакунанда дар Кайҳон лозим меояд. Чанде пеш астрономияи берун аз атмосферӣ сарнавишти орзӯҳои олимон буд. Ҳоло он ба як соҳаи босуръат рушдёбандаи илм табдил ёфтааст. Натиҷаҳои бо телескопҳои кайҳонӣ ба даст омада, бидуни шубҳа бисёре аз ғояҳои илмии моро дар бораи Коинот дигаргун сохтаанд. Аввалин расадхонаҳои кайҳонӣ дар мадори наздизаминӣ тӯлони фаъолият накардаанд ва барномаҳои мушоҳидвии онҳо бо чанд нуқта маҳдуд буданд. Телескопҳои замонавии кайҳонӣ маҷмӯи беназири дастгоҳҳое мебошанд, ки онҳоро солҳои тӯлонӣ аз ҷониби якчанд кишварҳо таҳия ва идора карда мешаванд. Ҳазорон нафар астрономҳо аз саросари ҷаҳон дар мушоҳидаҳои Расадхонаҳои муосири мадорӣ иштирок мекунанд.