JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс

Садриддин Айнӣ

Дидани маводҳои дигари муаллиф

Садриддин Айнӣ (1878-1954)

   Асосгузори адабиёти муосири тоҷик ва Қахрамони Тоҷикистон Садриддин Айнӣ 15-апрели соли 1878 дар деҳаи Соктареи ноҳияи Гиждувон, вилояти Бухоро ба дунё омадааст. 

Падари устод  Саидмуродхоҷа, ки соҳиби хату савод буд, яке аз одамони болаёқат ва зарофатманди қишлоқ ба ҳисоб мерафт. Саидмуродхоча ҳамеша кӯшиш мекард, ки донишу таҷрибаи ҳаётиашро ба писаронаш омӯзонад.
Садриддин дар шашсолагиаш ба мактаб меравад. Усули таълиму тарбияи он мактаб ақалан барои ёд гирифтани алифбо имконият надодааст, ки дар повести «Мактаби кӯҳна» нависанда онро тасвир мекунад.
«Чунон ки падарам дид, - менависад С. Айнӣ дар «Ёддоштҳо»,- дар он мактаб ман саводи амиқ гирифта натавонистам ва маро ба мактаби духтарона дод». Дар мактаби духтарона Садриддин чанд ҷузъ аз Бедил ва чанд ҷузъ аз ғазалиёти Соибро хонда дар даҳсолаги мактабро хатм мекунад.
Бачагии Садриддин дар оғӯши падару модар дер давом накард. Вабое, ки соли 1889 Бухоро ва атрофии онро фаро гирифт, дар байни чиҳил рӯз уро ҳам аз падар ва ҳам аз модар ҷудо кард.
Орзую ҳаваси илму шеър Айнии 12-соларо ба Бухоро овард. Ба мадрасаҳои Бухоро дохил шудан ва дониш гирифтан барои Айнӣ барин камбағалбачагони илмҷӯ хеле мушкил буд. Вале ӯ ба шарофати ҳавасманди ва толиби илм буданаш тамоми душвориҳои рӯзгор ва омӯзишро паси сар карда, 16 сол дар мадрасаҳои Бухоро таҳсил намудааст. Айнӣ дар мадрасаҳои мири Араб, Олимҷон, Бадалбек. Ҳоҷи Зоҳид ва Кӯкалтош таҳсил карда, соли 1908 онро хатм мекунад.
Муддати 27 соли зиндагӣ дар Бухоро Айнӣ боз аз ду мактаби дигар гузаштааст: яке мактаби меҳнат ва дигаре мактаби ҳаёт. Барои ёфтани қути лоямуташ ӯ аз хеҷ кору заҳмат даст накашидааст: гоҳ фарроши мадраса, гоҳ ошпаз, гоҳ ҷомашуй, гоҳ мардикор буд.
Дар мактаби ҳаёт Садриддин ҳаёти ҷамъиятро омӯхт. Аз табақаю тоифаи гуногуни одамон, муносибатҳои синфии мардум, ҷаллодони амир, задухӯрдҳои дорою нодоро дониши зиндагӣ меомӯхт.
Аз соли 1896 Садриддин бо тахаллуси адабии «Айнӣ» ба навиштани шеърҳои мустақилона cар кардааст.
Назари устод Айнӣ пас аз мутолиа кардани асари Аҳмади Дониш «Наводирулвакоеъ» нисбат ба сохти пӯсидаи аморати Бухоро тамоман дигар гардид ва нисбат ба ин ҷамъияти фарсуда  дар дили ӯ як нафрати ниҳоние пайдо шуд. Аз ин рӯ, дар ибтидои асри 20 устод эъҷодиёти идеяҳои пешкадами маорифпарварон  Аҳмади Дониш ва Шоҳинро давом дода, роҳи ояндаи худро муайян намуд. «Тахзибуссибён»- ро устод Айнӣ маҳз ба хотири тарбияи наврасон дар руҳияи муосир соли 1909 барои шогирдони мактабҳои нав офарид. Чунин корҳои хайр ба Амир маъкул набуд. Аз ин хотир, устодро ба зиндон мепартояд ва уро 75 чӯб мезананд. Пас аз 52 рӯзе, ки дар беморхона муолиҷа мекунад, Садриддин ба Самарканд кӯчида меояд.  Ӯ чи дар Самарканд ва чи дар Тошкент дар корҳои кумитаи револютсиони иштирок карда, варақа, даъватнома ва баённомаҳои чанги менависад, таргиботу ташвикот мебарад.
  Амири Бухоро аз он ки Ҳокимияти Шӯравӣ ба Айнӣ пушту паноҳ шудааст, бо тӯҳмати алоқа доштан бо муборизони зиддиаморат, бародари хурдии нависанда - Сироҷиддинро ваҳшиёна дар зиндон мекушад. «Марсия» - и ҷонгудози Айнӣ ба ҳамин муносибат навишта шудааст. Ҳирси хунхории Амир бо ин ҳам қаноат накарда, бародари калонии ӯ Муҳиддинхоҷаро низ катл менамояд. Баъди ин воқеаҳо қалами Айнӣ тезу бурро шуд ва ба ӯ муяссар гардид, ки дар мақолаю рисолаҳо, асарҳои таърихи ва бадеии минбаъдааш нишон диҳад, ки бо хоку замин яксон шудани тартибу низоми амири таърихан қонунист.
Ҳамин тавр бо ғалабаи Инқилоби Октябр  нависанда аз нав ҷавон шуд. Истеъдоди шоирию публисистӣ, насрнависию олимии устод Айнӣ ба дараҷае тараққи кард, ки ӯ аз 15 ҷилди куллиёташ 14 ҷилди онро дар нимаи дуюми умраш, дар чилсолагиаш эъҷод намудааст. Барои хизматҳои адаби ва ҷамъиятиаш Айнӣ бо се ордени Ленин, ду «Байрақи сурхи меҳнат» ва медалу грамотаҳо мукофотонида шудаааст.
Дар соҳаи илм ба ӯ дараҷаи доктори фанҳои филологи бахшида шуда, бо унвони академики  фахрии Академияи фанҳои РСС ӯзбакистон такдир карда шуда буд. Айнӣ академики Академияи Тоҷикистон таъин гардида буд, ӯ нахустпрезиденти Академияи фанҳои РСС Тоҷикистон мебошад.
Аз соли 1958 инчониб ҳар сол дар рӯзи таваллуди нависанда  маҷлиси илмии «Солонаи Айнӣ» барпо шуда, материалҳои он дар мачмуаи махсуси «Ҷашнномаи Айнӣ» нашр мегарданд. Бисёр деҳаву ноҳияҳо, кучаю хиёбонҳо, мактабҳо номи ӯро гирифтанд.
Бо фармони Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон Эмомали Рахмон 8-уми сентябри соли 1997 ба устод Айнӣ Унвони « Каҳрамони Тоҷикистон» дода шуд.
Устод Садриддин Айнӣ  соли 1954 дар шаҳри Душанбе аз олам чашм пӯшид. Ҳоло макбараи  Устод Айнӣ дар як ҷои хушманзараи Душанбе зиёратгоҳи аҳли адаб аст. Он ҷоро  ҳозир боғи Айнӣ мегӯянд.

Бузурги ва қувваи эъҷодиёти С.Айнӣ.

Дар таърихи пешрафту тараққиёти маданияту адабиёти халқи тоҷик устод Айнӣ аввалин шахсест, ки бо асарҳои хеш хазинаи адабиёти халқи тоҷикро ғани гардонидааст. Тавлиди адабиёти нави тоҷик ба номи ӯ сахт вобаста аст. Барои Айнӣ ҳамчун барои тамоми сухансароён ҳақиқати воқеъи сарчашмаи асосии эъҷоди буд. Ба фарроши чашмгуруснаи дирӯзаи мадраса, ки бо як бурида нон қаноат карда, дониш андӯхтааст, моҳияти тагиротҳои зиндаги на якбора равшан гардидааст.
Роҳи Айнӣ бо сӯи комёбиҳои адабиёт аз зиндони амири Бухоро мегузарад. Нависанда ба гузаштаи таърихии халқи хеш рӯ меорад, то аз қуллаҳои музаффариятҳо дигаргуниҳои бузургро равшантар бубинад. Дар солҳои гуногун паси ҳам асарҳои ӯ, ки бо ҳаёти воқеи сахт алоқаманд буданд, хонандагони бешумореро пайдо намудаанд.
Аввалин асарҳои илмии устод китобҳои дарси буданд, ки барои мактабҳои навтаъсис иншо гардиданд.
Повесту романҳои нависанда:  «Чаллодони Бухоро», «Одина», «Ятим», «Дохунда», «Ғуломон», «Ёддоштҳо», «Ахтари Инқилоб», «Тахзибуссибён» аз ҳаёти халқи аъзиятдида нақл мекунанд.
Нахустин шеъри инқилобие, ки дар он барномаи сиёсию иҷтимоии С. Айнӣ эълон гардидааст, ин «Марсия» - и ӯст. Ин асар ба муносибати фоҷиаи кушта шудани бародараш Сирочиддин бахшида шуда буд:

Дӯстон! Фоҷиаи сахт биёмад ба сарам,
Рафт аз ин фоҷиа рӯҳ аз тану нур аз басарам.
…Ҷигарам об шуду рехт зи ду чашми тарам,
Ҷигарам, во ҷигарам, во ҷигарам, во ҷигарам!

…Хоҳам он хонаи бедоду ситам вайрон бод!
Хоҳам, он маҳкамаи ҷабр мазористон бод!
Хоҳам, он тахт, ки шуд боиси бадбахтии мо,
Реза-реза шуда бо хоки сиях яксон бод!
Хоҳам он муфтию он қозию он шоҳу вазир,
Сарнагун гашта ба хуни худашон ғалтон бод!

Шеърҳои ба мактабу илмҷӯи бахшидаи Айнӣ бо забони соддаю воситаҳои тасвири дилнишин гуфта шудаанд. Идеяҳои маорифпарварии ӯ дар шеърҳои «Замзамаи дабистон», «Суруди мактаб», «Саҳаргоҳон» ва ғайра боварибахш ва самимона эъҷод гашта, ба фазилати мактаб, таълиму тарбия такя дорад:

… Биёед эй рафиқон дарс хонем, 
Ба бекорию нодони намонем,
Ба олам ҳар касе бекор гардад,
Ба чашми аҳли олам хор гардад.  

Нахустин асари калони насрии Айнӣ повести «Ҷаллодони Бухоро» дар соли 1920 эъҷод шудааст. Дар ин асар нависанда як қатор эпизодҳо, рафтору кирдори пурдаҳшати амир, ваҳшоният, фитнагари ва маккории амалдорони ӯро дар ҳикоя ва сухбатҳои байниякдигарии персонажҳои гуногун кушодааст.
Повести «Одина», «Гуломон», «Дохунда» дар таърихи адабиёти советии тоҷик ҳамчун эпопеяи (ҷангномаи) сегона таълиф шудааст.
Устод Айнӣ, ки бештар ба мавзӯъҳои таърихи муроҷиат мекард, орзу дошт дар асари мустақиле ба мавзӯи вокеаҳои замони баъди револютсия ҳам  рӯ орад. Бо ин максад ӯ повести «Ятим»-ро (1940) ба 10-солагии Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон бахшида буд. Мавзӯи асар аз воқеаҳои солҳои аввали баъди Револютсияи Халқии Бухоро шурӯъ мешавад: табақаи доро бо сохти нави Шӯравӣ созиш накарда, на фақат худ бо молу давлаташ ба хориҷа ҳичрат мекард, инчунин зердастону хизматгоронашро бо фиребу найранг ба роҳи ғалат андохта низ бо худ мебурд. 

Мероси илми ва адабии устод

  Садриддин Айнӣ ба эъҷоди асарҳои илми ҳанӯз дар ибтидои асри XX шурӯъ карда буд. Аввалин асарҳои илмии устод китобҳои дарсӣ буданд, ки барои мактабҳои навтаъсис иншо гардидаанд. Яке аз онҳо «Тахзибуссибён» аст, ки устод аз нигоҳи нав барои толибилмони хурдсол онро иншо кард. Дар китоб дар баробари додани қоидаҳои забон ҳикояҳои хурди пандомез, ки бештари онҳо эъҷоди худи муаллиф буданд, дохил гардидаанд.
Пас аз Инқилоби Октябр як гурӯҳ донишмандоне пайдо шуданд, ки мавҷудияти миллати тоҷик ва забону адабиёти моро инкор мекарданд. Устод ба муқобили ин чараёни носолими пантуркизм бархоста, китоби «Намунаи адабиёти тоҷик»- ро соли 1926 иншо намуд. Устод дар ин асар исбот кард, ки тоҷикон мардуми таҳҷоии ҳамин сарзамин (Мовароуннахру Хуросон) буда, забону фарҳанг ва адабиёти қадима доранд. Устод дар асар намунаҳои зиёде аз эъҷодиёти адибони пешин ва ҳамзамононаш оварда, исбот менамояд, ки чароғи илму адабро кайҳо дар ин сарзамин устод Рӯдакӣ, Кисоии Марвази, Абухафси Суғди ва дигар адибон фурӯзон карда буданд. Ба ҳамин тарик, дар асоси факту далелҳои эътимодбахш таърихи кӯҳан, фарҳангу адабиёти ғани доштани тоҷиконро собит менамояд. Аҳамияти дигари ин асар боз дар он аст, ки барои муҳаққиқони оянда дар омӯзиши таърихи адабиёти тоҷик маслихатҳои муфид медиҳад, ки имрӯз ҳам «Намунаи адабиёти тоҷик» басо арзишманд аст. Ва мардуми моро дар руҳияи худшиносӣ ва ифтихори миллӣ тарбият менамояд.
Пас аз ин устод Айнӣ дар бораи симоҳои барҷастаи фарҳангӣ ва адабии тоҷик ба навиштани асарҳои илмию тадқиқоти мепардозад Соли 1934 асари пурарзиши худ дар бораи Фирдавсӣ ва «Шохнома»- и ӯро ба анҷом мерасонад. Ҳамин тавр, пайдарҳам асарҳои «Шайхураис Абуалии Сино», «Шайх Муслихиддин Саъдии Шерозӣ», «Устод Рӯдакӣ», «Камоли Хуҷанди», «Алишер Навоӣ», «Зайниддин Маҳмуди Восифӣ» ва амсоли инҳоро ба табъ мерасонанд. Устод дар асарҳои хеш бисёр масъалаҳои баҳсталаб ва ҳалнашудаи ҳаёту эъҷодиёти адибони дар боло ёдшударо бо далелу бурҳонҳои қотеъ ҳал менамояд. Чунончи, солҳои тӯлони доир ба бисёр масъалаҳои мубрами ҳаёту фаъолияти эъҷодии Абулқосим Фирдавсӣ, чи дар байни муаллифон сарчашмаҳо ва чи дар байни шарқшиносони Шӯравиву хориҷи фикру мулоҳизаҳои мухталиф мавҷуд буданд. Аксарияти онҳо ривоятҳои афсонавиро хамчун факту далелҳои эътимодбахш қабул намуда, ба ғалатҳо роҳ дода буданд.
Аз ин ҷихат хизмати устод Айнӣ, пеш аз ҳама, дар он аст, ки ба тадқиқи ҳаёту фаъолияти Фирдавсӣ ба воситаи асари офаридааш ибтидо гузошт ва роҳи ояндаи омӯзиши мухаққиқонро муйян намуд.
Ба ҳамин тариқ, устод муддати тӯлони ранҷ кашида, аз наҳли куҳан боғи зебое орост, ки имрӯз пажуҳишгарон аз бӯи гулҳои муаттараш баҳра мегиранд, асарҳои пурарзиш меофаранд. Худи устод ин маъниро ба тариқи зайл баён кардааст:

Ин боғ зи наҳли кӯхан оростаам,
В-он наҳл ба теғи хона пиростаам.
Сайронгаҳе зиёда кардам ба шумо,
Ҳарчанд зи умри худ басе костаам.

Асосан устод бо шеъри «Гули сурх», ки соли 1895 бо тахаллуси Айнӣ эъҷод карда буд, ба остонаи адабиёт ё шеъру шоири ворид гардид. Таърихи эъҷоди шеъри мазкур ҳам аҷиб аст. Дар ин шеър устод пас аз тасвири баҳору зебоиҳои он ва ситоиши «Гули сурх» дар банди охири он аз муфлиси, нодорами ва қашшоқии хеш дарду аламашро изхор мекунад:

Рози дил мегуфтам ар як марҳаме медоштам,
Шикваҳо мекардам аз ғам ҳамдаме медоштам 
Аз тамошои Гули сурх аз чи мемондам ҷудо
Гар ба каф чун аҳли олам дирҳаме медоштам

Устод Айнӣ пас аз Инқилоби Октябр роҳбару сарвари адибони тоҷик гашт ва худ ашъори рангин иншо кард. Аммо дар тӯли солҳо мазмуну мундариҷаи идеявии ашъори адиб комилан тағйир ёфт. Акнун ба мавзӯъҳои талаботи рӯз даст зада, дар бораи инқилобу озодии мардуми заҳматкаш сухан меронад. Шеърҳои «Марши ҳуррият», «Ба шарафи инқилоби октябр», «Якуми май» ва ғайраҳо эъҷод намуд. Инчунин дар ашъораш мавзӯъҳои байналмилаллии дӯстиву рафоқати меҳнаткашони дуне меҳнати софдилонаи мардуми тоҷик мавкеи асосӣ дошт. Соли 1923 дар Тошканд мачмуаи ашъори устод бо номи дар «Ахтари Инқилоб» аз чоп баромад.
Вале устод Айнӣ эхсос кард, ки замон дигар шуда, вазифаю масъулияти зиёде ба душ дорад. Дар адабиёт образҳои нав офаридан лозим. Аммо назм барои баёни чунин афкору андеша гуфстариши ходисаю воқеоти рӯз тангӣ мекард. Ба ин маъни устод чунин ибрози назар кардааст:

Айнӣ, ба як ғазал натавон арзи ҳол кард
Бояд ба инқилоб навишт китоби сурх.

Баъдтар асарҳои устод Айнӣ пайдарҳам ба табъ расида, дастраси хонандагон мегарданд. Устод соли 1927- 1929 романи «Дохунда»-ро навишта ба охир мерасонад. Романи «Ғуломон»- ро низ дар байни солҳои 1932 – 1935 навишта онро ба забони ӯзбаки бармегардонад. Ва онҳо дар солҳо 1934 ва 1935 чоп шуда дастраси хонандагон мегарданд.
Устод байни солҳои 1936 - 1940 повести «Марги судхур», «Ятим», «Луғати нимтафсили забони адабии тоҷик» «Шомили 15 хазор калима хаст», «Мактаби кӯҳна» ва боз бисёр асарҳои дигарро офарид. Садриддин Айнӣ дар давраи ҶБВ бештар асарҳои публисисти иншо кард. «Чингизи асри XX», «Деви ҳафтсар», «Хари бедум», «Шероз», «Талвосаи ҷонкании дарандаи захмдор», «Модар - Ватан» ва ғайра, ки дар маҷаллаю рӯзномаҳои давр ба табъ расида буданд, рӯҳияи ватандустӣ ва дустии байни халкҳоро тақвият мебахшиданд. Ҷавононро алайҳи душман – фашизм ба мубориза мехезониданд.
Повести «Ятим» ба яке аз мавзӯъҳои муҳими рӯз- ватандустӣ, садоқат нисбати Ватан бахшида шудааст. Устод дар асари худ рӯзгори дардомези як ҷавони камбағал – Шоди Мурод (Ятим)-ро ба қалам додаст.

Яке аз асарҳои барҷастаи устод, ки солҳои дароз дар болои он кор кард, «Ёддоштҳо» мебошад. Ӯ пеш аз маргаш тавонист, ки ин шоҳасарашро ба анҷом расонад. Устод бо ин асараш сазовори лаурети мукофоти давлати гардид. «Ёддоштҳо» аз чаҳор ҷилд иборат буда, рӯзнигори якдавраи томи халқи тоҷикро фаро гирифтааст, ки қахрамони асосии асар худи устод мебошад. Ҳодисаю воқеаҳои солҳои 80 то ғалабаи инқилоби, ки устод Айнӣ яке аз иштирокчиёни фаъоли он буд бисёр ҷозиб ва мушаххас инъикос ёфтааст. Аз ин хотир, ин асар дар адабиёти тоҷик хамчун асари ёддошти ёд шудааст. Дар дохили «Ёддоштҳо» бисёр қисса, новелла, ҳикоя ва повестҳои алоҳида ворид гаштанд. Аз ин ру «Ёддоштҳо»-ро метавон ҳамчун маҷмуи осори насрии солҳои охири устод ба қалам дод.
Ҳамин тавр, устод Айнӣ асосан аз «Бадое-ул-вакоеъ»-и Восифӣ илҳом гирифта, эъҷодкорона аз он истифода бурда, шоҳасари бузург «Ёддоштҳо»-ро офарид, ки он ба аксарияти забонҳои дунё тарҷума шудааст.
Осори бузурги Садриддин Айнӣ, ки саросар зиндагиро вақфи хидмат ба одамизодагон кард ва партаве дар ҷахони маърифат тофт, ки ҳаргиз фурӯ нахоҳад нишаст, дар миён ҳаст ва хоҳад буд ва ҷовидон хоҳад монд. 
Имрӯзҳо дар хама ҷо номи Айниро вомехурем. Дар худи шаҳри Душанбе муҷассамаи ӯ гузошта шудааст, ба номи ӯ театри опера ва балет инчунин кучаю хиёбон ва боғ гузошта шудааст. Дар вилояти Суғд ба номи ӯ ноҳия гузошта шудааст, ки як вактҳо худи ӯ дар он чо зиндагӣ карда буд. Дар Кӯлоб низ ӯро ҳама медонад ва меҳнаташро қадр мекунанд. Яке аз калонтарин китобхонаи ш. Кулоб ва инчунин хиёбон ва куча низ ба номи Айнӣ гузошта шудааст. Мо хеҷ гоҳ қаҳрамони Тоҷикистон С. Айниро фаромуш намекунем ва нахоҳем кард.
Устод Айнӣ таърихдон, забоншинос, луғатдон, мураббӣ ва омӯзгор, марди  пуркору меҳнатдӯст буд. Ҳар гоҳ, ки шахс бо муҳаббат ба чини пешонии устод назар андозад, ба хотираш мавҷҳои дарёҳои бузург ва рудҳои шӯх меоянд. Он мавҷҳо ҳам васеъ, ҳам амиқ, ҳам мусаффо менамоянд. Он мавҷҳо аз меҳнати чандинсолаи ин адиби бузург шаҳодат медиҳад. Аз ин рӯ, асарҳои эъҷодкардаи устод оинаи дили халқи мо шудаанд. Онҳо орзу, умед ва муборизаҳои халқи моро инъикос мекунанд. 

 

Маҷаллаҳо

Осиё ва Аврупо - маҷаллаи илмӣ
Маҷаллаи «Осиё ва Аврупо» нашрияи
Илм ва Ҷомеа-маҷаллаи академии илмию оммавӣ
Ахбори АМИТ (маҷаллаи илмӣ)
АХБОРИ АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ
ПАЁМИ ТИББИИ АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН
Илм ва Ҷомеа-маҷаллаи академии илмию оммавӣ
Санъатшиносӣ-Маҷаллаи илмӣ-назариявӣ
Маҷаллаи илмӣ-назариявии «Санъатшиносӣ»
Иқтисодиёти Тоҷикистон (маҷаллаи илмӣ)
ISSN2310-3957
ИҚТИСОДИЁТИ ТОҶИКИСТОН
ЭКОНОМИКА ТАДЖИКИСТАНА
Дар
Илм ва Ҷомеа-маҷаллаи академии илмию оммавӣ
МУАРРИХ (маҷаллаи илмӣ-назариявӣ)
Маҷаллаи илмӣ-назариявии «Муаррих»
Илм ва Ҷомеа-маҷаллаи академии илмию оммавӣ №1-2(9-10) 2017
Суханшиносӣ (маҷаллаи илмӣ № 1,2,3  2017)
Маҷаллаи «Суханшиносӣ» нашрияи
Суханшиносӣ (маҷаллаи илмӣ №3, 2016)
Маҷаллаи «Суханшиносӣ» нашрияи
Илм ва Ҷомеа-маҷаллаи академии илмию оммавӣ №3-4 (7-8) 2017
Илм ва Ҷомеа-маҷаллаи академии илмию оммавӣ №2 (6) 2017
Илм ва Ҷомеа-маҷаллаи академии илмию оммавӣ №1 (5) 2017
Ахбор - Известия
Илм ва Ҷомеа-маҷаллаи академии илмию оммавӣ №3-4 (2016)
Илм ва Ҷомеа-маҷаллаи академии илмию оммавӣ №1-2 (2015-2016)
Суханшиносӣ (маҷаллаи илмӣ №2, 2016)
Маҷаллаи «Суханшиносӣ» нашрияи
Суханшиносӣ (маҷаллаи илмӣ №1, 2016)
Маҷаллаи «Суханшиносӣ» нашрияи
Previous Next Play Pause

Илм-фурӯғи маърифат

matematika-baroi-muassisa-oi-ta-siloti-mijonai-umum
Адабиётҳои тавсияшаванда аз фанни математика барои Муассисаҳои таҳсилоти олӣ
Адабиётҳои тавсияшаванда аз фанни
Физика
Адабиётҳои тавсияшаванда аз фанни
Химия
Адабиётҳои тавсияшаванда аз фанни
Роҳнамои дарёфти номгӯиҳои географӣ...
АЗИЗОВ Н. Ҳ., АЗИЗОВА С. Ҳ. Роҳнамои
Картография бо асосҳои топография
Сабуриён М.М., Холов Ҳ.Ҳ. Картография
Захираҳои туристӣ: ёдгориҳои фарҳангӣ-таърихӣ ва табиӣ
Памир: ресурсный потенциал и перспективы развития экономики
Глятсиология
Мӯсоев З.М., Қаландаров А.А., Наимов
Ганҷинаи табиати Тоҷикистон
Муҳаббатов Х. Ганҷинаи табиати
Об - манбаи ҳаёт
Муҳаббатов Холназар. Об - манбаи
Об ҳаёт аст
Ҳамдам Оҷилов., Ҳусейн Аброров. Об
Об, илм ва рушди устувор
Раҳимӣ Ф., Муҳаббатов Х., Ниёзов
Асосҳои биогеография
Рауфов Р.Н., Азизов Н.Ҳ.,Наврӯзов
Асосҳои геология
Сабуриён Мирзосафари Мирзо. Асосҳои
Кишварҳои ҷаҳон дар рақамҳо
Сабуриён М. М., Қосимов Н.Н. Холов
Таърихи кашфиёти географӣ
Дар китоби дарсӣ маълумотҳо оид
Географияи иқтисодӣ ва иҷтимоии мамлакатҳои хориҷӣ
Previous Next Play Pause