JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Душанбе, 12 Феврали 2024 09:10

Шеъри ӯ вирди забонҳо

Муаллиф: Додихудо ХОЛМАДЗОДА

  7 январи соли 1943 дар шаҳри Кӯлоб  садои гирёни тифле деҳаи Офтоблиқоро фаро гирифт. Дар баробари шунидани садо дар лабҳои падари хонадон Ғоиб ва модараш Зинатбӣ ханда гул кард,  ки назари ҳақ  ба ин хона афтод. Бо дили болида волидон бо сад умед Ҳақназар ниҳонданд, то дар оянда як шахси муваффақ, соҳибмартаба гардад.  Вакте  ки Ҳақназари хӯрдакак қадами хешро ба синни 7 солагӣ   мегузорад волидонаш дасташро гирифта ба мактаби 7 солаи деҳа бурданд ва соли 1957 онро сарбаландона хатм намуда, бо иҷозати волидонаш ҳуҷҷатҳои хешро   ба собиқ мӯзишгохи омӯзгории шаҳри Кӯлоб (ҳозира Коллеҷи омӯзгории Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абауабдуллоҳи Рӯдакӣ) супорид. Соли 1961 ин боргохи илму маърифатро бо муваффақият хатм кард  сипас,  барои мақсади  такмили дониш ба  Донишгоҳи омӯзгории шаҳри Кӯлоб дохил шуд.

  Ҳақназар  ба тули як сол   (1961- 1962) ба ҳайси омӯзгор  фаъолият намуд ва баъди хатми донишгоҳ  дар Кумитаи телевизон ва радиои вилояти Кӯлоб (1966 то 1970), дар  бахши Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар минтақаи Кӯлоб (1974 то 1981) чун котиби масъул, дар рузномаи Хатлони вилояти Кӯлоб (1989) ба ҳайси сармуҳаррири кор кард. Дар давоми солҳои 1990 то 1993 сармуҳаррири «Навиди Кӯлоб»  фаъолият намуд. Аз  соли 2002  то ҳол котиби масъули бахши Иттифоқи  нависандагон Тоҷикистон дар минтақаи Кӯлоб фаъолият дорад. Аз  забони шоири  ширинбаён  гуфтанӣ ҳастам.

Ту маро ёд кунӣ чун нафари хона шинос,

Ту маро ёр шаву ёру рафиқон шинос?

Ту маро бо нафаси ошиқи  шурида биҷӯ,

Ту маро масти сухан  гаштаю мастона шинос.

Ту ки авлоди манӣ, қарзи ту бисёртар аст,

 Ту маро хуб шинос на чу бегона шинос.

  Шоири соҳибсалиқа Ҳақназар Ғоиб дар рушди ватан ва адабиёти милли саҳми шоиста гузошта, чандин китобҳо ба монанди «Зинароҳ», «Тоҷи офтоб», «Эҳёнома», «Нигоҳи гарм», «Чашми саҳар», «Атри гиёҳ», «Барги сабзи ишқ», «Дардномае ба миллат», «Дар бистари нарми гул», «Сурӯши Хатлон», «Ашки офтоб», «Зинда бо гудозишҳо» (Манзума ва достонҳо) «Дар таҷалии Офтоб Аллома Иқбол»  аз чоп баромадааст.

   Ифтихори мост, ки  Ҳакназар Ғоиб ашъорашро бо забони русӣ дастраси хонандагон намудааст. Маҷмӯаи "Суруши Хатлон" аз тарафи адабиётшиносони дохилу хориҷи кишварамон  баҳои баланд гирифта, шоир соли 2000   барои ин асари худ Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакиро гардид. Шеърҳои шоир вирди забонҳо гардида, сарояндагони маҳбубу маъруфи  кишвар Сангалӣ Мирзоев,  Раҳматулло Ҳошим, Давлатманд   Холов,  Малика Саидова,  Нуқрав  Раҳматова ва дигарон гирифта шеърҳои шоирро ба оҳанг дароварда пешкаши мухлисон гардониданд

   Шоири халқии Тоҷикистон Ҳақназар Ғоиб бо «Ордени Шараф» медали юблейии «10 солагии  Иҷлосияи 16 уми Шӯрои Олии Тоҷикистон» ,  «Аълочии матбуоти тоҷик», «Аълочии телевизонива радиои Тоҷикистон»  ба дигар мукофотҳо   сарфароз гардонида шудааст.

    Устодро бо 80- солагии умр муборак бод намуда, барои муштариён намунае аз шеърашро ин ҷо меорем.

Зиндаги  ғамоир аст, аз дилам чи мехоҳи?

Чашму рӯш чандин аст, аз дилам чи мехоҳи?

Дидаи гули шабро аз ситора хандон ҳаст,

Шом шомил заррин аст, аз дилам чи мехоҳи?

Дар чароғи гулзораш кӯраи гули оташ,

Қурабози дерин аст, аз дилам чи мехоҳи?

Роҳи сарнавишти мо нашузара зи тахтие,

Раҳ чунин ки сангин аст, аз дилам чи мехоҳи?

Бо ҳавои ҷилди бабр вартаи хатар ҷуй,

Чашми барб хашмин аст, аз дилам чи мехоҳи?

Рӯи тахтаи шаҳмат ҳолати шаҳат дидӣ,

Бастан роҳи фарзин аст, аз дилам чи мехоҳи?

 

                    Додихудо ХОЛМАДЗОДА

      Мутахассис оиди кор бо масъалаҳои оморӣ ва озмунҳои

ҷумҳуриявӣ МТИ МИҲД- и вилояти Хатлон дар минтақаи Кӯлоб

Хондан 998 маротиба