JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Панҷшанбе, 02 Майи 2024 08:25

Дар масири маънавиёти миллӣ!

Муаллиф:

   (Шодбошии аъзои маҳфили “Ҷаҳони андеша” ба ифтихори зодрӯзи фаъоли иҷтимоӣ Фирдавси Мадё)

   Чанд соли қабл аз тариқи дӯсту бародари гиромӣ Меҳр Собириён бо фаъоли шабакаҳои иҷтимоӣ ва рӯшангари ҷавони миллӣ Фирдавси Мадё ошно шудем. Аз нахустин рӯзҳои ошноӣ Фирдавс худро ҳамчун ҳимоятгари дониши илмӣ ва муҳофизи бедареғи адабу фарҳанги миллӣ ба намоиш гузошта, тавассути талошҳои пайгирона дар самти бедории фикрӣ ва тақвияти руҳияи миллӣ таваҷҷуҳи аҳли маҳфили “Ҷаҳони андеша”-ро ҷалб намуд. Ин аст, ки минҳайси марде донишманд бо тафаккури илмӣ ва дидгоҳи миллӣ байни маҳфилиён маҳбубият касб кард.

   Ин қадар шеъру ғазал ва такбайту шоҳбайт медонад, ки мусоҳиб дар ҳайрат мемонад. Аз тарафи дигар, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва фазои маҷозӣ ба хотири боло бурдани сатҳи огоҳию шинохти корбарон намунаи баланди насру назми ватанию хориҷиро пайдо карда, дар сафаҳоти фейсбукиаш пахшу нашр мекунад. Фирдавс, махсусан бо мақсади исботи матолиб ҳангоми суҳбату мулоқот ва баҳсу мунозираҳо бо дирояту ҳушёрии мунҳасир ба фард аз ашъору маводи дархури бузургтарин шоирону андешамандони миллию фаромиллӣ мисолу намунаҳои ҷолиб мезанад ва ҳамсуҳбатонашро мутақоид месозад. Фирдавс тавассути хотираи қавӣ, биниши фарох ва тафаккури илмӣ дар шабакаҳои иҷтимоию фазои маҷозӣ фаъол шуда, ба хотири таҳкими ҳувияти миллӣ ва ҷаҳоншиносии илмӣ ҷаҳду талоши фаровон варзида, сари мавзуъ ва масъалаҳои муҳими зиндагӣ тамаркуз намуда, аз ин тариқ дар бедории фикрӣ ва ташаккули тафаккури миллӣ саҳми муносиб мегузорад. Бахусус, постҳое, ки Фирдавс дар саҳифаи фейсбукиаш мегузорад, таккондиҳанда, таҳрикбарангез ва ангезабахшанд ва ҳар корбари солимфикрро ба андешидан водор месозанд. Иқдомоти созандаи Фирдавс дар фазои маҷозӣ ҳамчунон идома доранд.

    Воқеан, мо ифтихор мекунем, ки бо Фирдавси Мадё барин ҷавонони бедору огоҳи миллӣ ошноем. Бо истифода аз фурсат зодрӯзи Фирдавси азизро шодбош гуфта, барояш сиҳатию тандурустӣ ва бахту саодати рӯзгорро таманно мекунем.

 

Фахр аз аҷдоду миллат ифтихорат додааст,

Ифтихори ҳамчунинӣ эътиборат додааст.

Расму роҳи зиндагӣ андар қиболи бандагӣ

Доимо озодагию ихтиёрат додааст.

Аз табори Ориё, ай насли поки Ориён

В-ин Замин он Осмони беғуборат додааст.

Сӯхтан бо сохтан пайванд бошад, ин Ватан

Имтизоҷи ин ду чун як ибтикорат додааст.

 

Марди роҳи заъфу нодонӣ найӣ, оре яқин

Асли доноӣ тавону иқтидорат додааст.

Дар замону даври пойизи хазонрези чаман

Ёсамину тозагулбоғи баҳорат додааст,

Рутбаи Фирдавсро ному шиорат додааст!

 

 

     Зодрӯз хуҷаста ва фархунда бод, Фирдавси гиромӣ!

 

         Бо эҳтиром,

 аъзои маҳфили илмӣ-фалсафии “Ҷаҳони андеша”

ш. Душанбе, 2 майи соли 2024

Хондан 339 маротиба