JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Ҳамасола доираҳои сиёсӣ, илмӣ, фаннӣ, иҷтимоӣ ва маданӣ 29 октябрро ба унвони Рӯзи ҷаҳонии Куруши Бузург таҷлил мекунанд ва дар ин рӯз, ки акнун дар муҳитҳои мадании мо ҳам марсум шудааст, чорабиниҳои адабӣ, илмӣ ва фарҳангӣ- фароғатӣ доир мегарданд. Дар Тоҷикистони азиз бо ибтикори раҳбарияти олии кишвар Боғи фарҳангӣ-фароғатии вежае ба исми Куруши Бузург ихтисос ёфта, дар маркази таваҷҷуҳи фароғатгоҳ пайкараи бошукӯҳи ин шоҳаншоҳи маъруфи таърихӣ қомат афрӯхтааст, ки ин иқдом аз маҳбубияти миллати тоҷик ба чеҳраҳои мондагори сиёсию давлатӣ ва ҳамчунин симоҳои матраҳи фарҳанги бузурги аҷдодӣ дарак медиҳад. Дар зимн, 13-14 октябри соли ҷорӣ…
Матлабе, ки пешкаши хонандагони гиромӣ мегардад, навиштаи рӯзноманигори маъруфи Эрон Сируси Алинажод аст, ки 12 январи соли 2004 дар роёнаи радиои БиБиСи (ВВС) зери унвони “Ба баҳонаи интишори китоби “Мурғи саҳар”, зиндагии риққатбори устодони дараҷаи аввали адабиёт” мунташир шудааст. Ин мақола аслан тақризи Сируси Алинажод аст, ба китоби ёддоштҳои Парвона Баҳор, духтари Маликушшуаро Баҳор дар бораи рӯзҳои вопасини зиндагии падараш, ки онро соли 1382 (2004 м) интишороти “Шаҳоб” дар 284 с. ба чоп расонидааст. Муқарризи китоб зимни баррасии асар дар бораи зиндагии бетакаллуф ва то ҳадде қашоқонаи чеҳраҳои саршиноси илму адаби солҳои 30-80 қарни ХХ…
(чанд андешаи муқаддимотӣ дар ҳошияи солгарди театршиноси муосири миллӣ устод Низом Нурҷонов) Маълум аст, ки ҳунар як навъ ҷаҳоннигарӣ ва ҷаҳонфаҳмии насли башар аст ва тавассути он ихтирооту кашфиёти зиёде дар ҷаҳон иттифоқ меафтад. Аз ин ҷост, ки муҳаққиқон таъкид месозанд, ки шаклҳо ва сабкҳои ҳунарӣ таҷаллии як ҷаҳоннигарӣ ҳастанд ва аз ин ҷо пай бурдан мумкин аст, ки ҳунар, дар ҳар шаклу сабке баёнгари вазъи дарунӣ, ботинӣ, фикрӣ ва дар маҷмӯъ, маънавию равонии ҷомеаи зинда буда, қабл аз ҳама, ҳадафи шахсиятофарӣ ва инсонсозиро пайгирӣ мекунад (ниг.: Ҳаузер, Арнолд. Фалсафаи таърихи ҳунар. Тарҷумаи Муҳаммадтақии Фаромарзӣ.…
Мусалламан, 30 сентябр дар силсилаи таҷлилоти ҷашну маросимоти миллӣ ба унвони Рӯзи Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ шинохта шудааст ва дар қаламрави Тоҷикистон ҳам мардум, доираҳои адабию фарҳангӣ ва ҳавзаҳои илмию ҳунарӣ аз ин Рӯз таҷлил мекунанд. Дар ин рӯз доираҳои адабӣ, қишрҳои фарҳангӣ, ҳафзаҳои илмӣ ва муҳитҳои донишгоҳӣ гирди ҳам меоянд ва атрофи шахсият, андеша, дидгоҳ, мавқеият ва мероси Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ суҳбатҳои ҷолиби адабию ихтисосӣ ва мубоҳисоти илмию фаннӣ сурат мегирад. Дар феҳристи баррасиҳои мавзуие, ки дар партави Рӯзи Мавлоно ҳамасола матраҳ мегардад, масъалаи нигариш ва дидгоҳҳои фалсафии Ҷалолуддини Балхӣ низ ҷой дорад. Ба сухани…