JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Сешанбе, 22 Июни 2021 08:05

Накӯкор

Муаллиф:
Дар ҷамъият доимо ҳастанд шахсиятҳое, ки ҳамчун меҳвари устувор новобаста аз макон ва замони зист, синну сол ва самту сатҳи фаъолият бо илҳоми табиии хеш ба таври доимӣ ва бефосила бо ободкорӣ ва меҳнати софдилона машғул ҳастанд, зеро қалби онҳо дигар тарзи фаъолиятро қабул надорад. Дар Институти физикаю техникаи ба номи С.У.Умарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон солҳои тӯлонӣ аст, ки яке аз собиқадорони меҳнат, муҳандиси пешбари лабораторияи спектроскопияи молекулавӣ Эсанбой Худойбердиев новобаста аз он, ки ба синни 82 баромаданд, ҳамчун намунаи ибрат барои насли ҷавон ҳамарӯза бо қуввату илҳоми нек ҳар як дақиқаи рӯзи кории…
Мусиқӣ бо худии худ падидаи эстетикист ва бо завқу салиқаи насли инсонӣ сари кор мегирад. Ин мусиқӣ аст, ки бо неру ва тавонмандиаш инсонро бедор мекунад ва ба сӯйи озодию истиқлолият раҳнамун месозад. Истиқлолияти ботинӣ ва дарунӣ маҳз бо шунидани мусиқӣ ва таронаҳои дилангез имконпазир мегардад. Ин аст, ки дар таърихи фарҳангу санъат ва адаби форсӣ-тоҷикӣ бо истилоҳоти «ромиш», «наво» ва «хунё» бисёр мувоҷеҳ мешавем, ки аз завқи мусиқиписандии мардуми марзу буми аҷдодӣ дарак медиҳад. Ромиш дар луғат ба маънии оромиш, осудагӣ, фароғ ва сукун, суруду овоз, шодӣ ва айшу тараб омадааст(ниг.:Амид Ҳасан. Фарҳанги Амид.…
Осон нест, аз тифле, ки олами маъниро хабар надорад, олиме сохт. Олим, ба қавли бузургон, муҳандиси рӯҳи инсон аст. Тавре, ки муҳандис нақша ё созмони ягон кореро ташкил медиҳад, муаллим,устод, олим низ аз рӯзи аввал ба шогирдон илму адаб меомӯзад, онҳоро ба ҳаёти солими оянда омода месозад ва мекӯшад, дар ҷодаи илм муваффақ шавад. Олим оинаи ибратомӯзест, ки ҳар калому ҳар нигоҳу ҳар қадамаш саропо ибрати соҳибдилон аст.
Ҳамеша талоши ҷустуҷӯи дониш ва эҷод кардан вижагии асосии Ёрмуҳамад Ниёзӣ ҳаст. Мо аъзои маҳфили илмӣ-фалсафии “Ҷаҳони андеша” рушди шахсият ва донишу малакаи ӯро дар тӯли қариб се даҳсола мушоҳида кардем. Тайи ин солҳо ӯ аз донишҷӯ ва шогирд будан ба донишмандӣ ва устодиву роҳнамоӣ расид. Ҳамзамон шавқу рағбати илмомӯзӣ ва эҷод кардан дар тору пуди вай ниҳон аст, ки ин сифати олими воқеӣ аст.