JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Равшанфикр

Равшанфикр

Чоршанбе, 19 Апрели 2017 17:40

Барои чӣ барф сафед аст

   Саволеро, ки  дар сарлавҳаи ин мавзуъ мебинед, бисёртар кӯдакон ба он таваҷҷӯҳ доранд ва ҳама  вақт аз  мо суол мекунанд. Албатта  ин хело хуб аст, ки кӯдакони  болаёқат ва кунҷков  ин гуна саволҳои аҷибро  ба мо медиҳанд. Дар асл  ин савол одист, вале  на ҳама вақт мо ҷавобашро медонем. Умуман барои ба ин савол  ҷавоби мушаххас гирифтан ҳатман барои хондани навиштаҳои зер танбалӣ нанамоед.

Ҳар як фасли сол бо ҳодисаҳову  зебогиҳои нотакрораш мақбули ҳар шахс аст. Яке зимистонро  бо боридани барфу яхбандиҳояш дӯст медораду  дигаре  фасли нозанин баҳорро бо сарсабзу зебо гаштани табиат меписандад. Хуллас табиат зебост.

Чоршанбе, 19 Апрели 2017 17:13

Қуввати мағриб аз илму фан аст

 Дар 107 соли охир аз миллати яҳуд 184 нафар соҳиби ҷоизаи Нобелӣ шудаанд. Имрӯз аз мусулмонон, ки зиёда аз 1,45 миллиард нафаранд, танҳо чор нафар соҳиби ин ҷоиза гардидаанду халос.

 Инсоният бо такя намудан ба таҷриба, донишҳои илмии далелбунёд, андешаҳои мутобиқи низоми мантиқӣ дар таҳияи манзараи олам тавонист амиқтару бештар табиатро дарк намуда, барои пешбурди тамоми соҳаҳои фаъолияти хеш ин донишҳоро истифода барад, ки яке аз ҳадафҳои асосии илм низ ҳамин аст. Бар асари фаъолиятҳои ҷамъиятӣ ва зеҳнӣ ва ба ҳошия рафтани донишҳои динӣ гузариш ба сатҳҳои нави иқтисодиёт ва технология муяссар гардид. Ҷавҳари асосӣ дар иқтисодиёти инноватсионӣ зеҳни инсон аст ва дар навабати худ маҳсули зеҳн, технологияҳои инноватсионӣ аст.  

Чоршанбе, 19 Апрели 2017 17:08

Идея ва татбиқи он

  Дар ҷаҳони муосир соҳаҳои мухталиф дар асоси барномарезиҳои муайян пешрафти худро таъмин менамоянд. Ин барномарезиҳо маҳз аз идеяҳои гуногуни пешниҳодшуда, сарманшаъ мегиранд. Кам нафарон ғояҳои доҳиёна эҷод менамоянд. Дар аксари мамолики пешрафта 33% аз маблағи умумие, ки барои татбиқ гардидани идея сарф мешавад, ба соҳибони идея тақдим карда мешаванд.

  Дар замони Ренессанс (Эҳё)-и Аврупо дар инкишофи ҷамъият ва табақабандии он ба сарватмандону камбизоатҳо, томияти мақсадноки фардӣ - иҷтимоии азхудкунии таҷрибаи калонсолон, аз ҷониби ҷавонон хароб шудан мегирифт. Барои ҷавонписари оилаи ашроф, ки ҳамеша бо ҳама чизи барои беҳдошти зиндагӣ зарур таъмин буд, чунин мушкилот вуҷуд надошт. Вай ба азхудкунии донишҳо ва сайқали додани қобилиятҳо, ки арзишу аҳамияти истифодаашон барояш равшан нест, бепарво аст. Бинобар ин, ӯ маънои меъёрҳои ҷамъиятӣ ва арзишҳои фарҳангиро намефаҳмад. Ҳамин тавр, аввалин падидаи оилавии туфайлихӯрӣ пайдо шуда, баъдан ба зуҳуроти иҷтимоӣ мубаддал мешавад. Дар баробари ин, дар ҷамъият масъалаи аз байн бурдани ин зуҳуроти номатлуб пайдо мегардад.