JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Чоршанбе, 03 Октябри 2018 08:20

Шоире бо шавкати Афлотунӣ (Бахшида ба 160-солагии Шамсиддини Шоҳин)

Муаллиф:

 Гашт ҳосили Шоҳин шавкати Фалотунӣ,

Баъд аз ин ба Хатлон ҳам гирудори Юнон шуд!

  Ба гузаштаву гузаштагон эҳтироми хосса гузоштан, такя бар хираду маърифати ниёкон доштан, омўзишу баҳрагирӣ ва истифодаи  таҷрибаи рўзгори пешиниён аз суннатҳои судманди мардуми фозили мост, ки дар даврони соҳибистиқлолии кишвари азизамон беш аз пеш идомаву ривоҷ меёбад. Беҳуда нест, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкиду ҳидоятамон мекунанд, ки таърихи бошарафи миллату афкори созандаи ниёкони бохирадамонро биёмўзем, то мутамаддину фарҳангӣ ва меҳнатдўсту худшинос бошем.

  Баргузории мутантани солгираҳои Имоми Аъзам, Имом Бухорӣ, «Авасто», «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ, давлати Сомониён, Устод Рўдакӣ, Носири Хусрав, Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ, Камоли Хуҷандӣ, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Ҳоҷӣ Ҳусайни Кангуртӣ, Аҳмади Дониш, Мирзо Турсунзода, Садриддин Айнӣ, Истаравшан, Кўлоб, Ҳисор ва чандин маъракаву тантанаҳои дигари таърихиву фарҳангӣ амалидошти ҳамин аҳдофи волои созандаро дар пай доштанд.

  Ҷашнвораҳои қарибулвуқўи 30-солагии Истиқлолияти давлатии кишвари азизамону 5500 – солагии Саразми бостонӣ, 540 – солагии Кавкабии Бухороӣ, 400 – солагии Сайидои Насафӣ, 160 – солагии Шамсиддини Шоҳин, ки бо ҳидояту мусоидати Пешвои муаззами миллат истиқболу баргузорӣ мешаванд, хиштҳои дигар дар эъмори кохи маънавии халқу кишварамон хоҳанд буд.

  Дар мақолаи мазкур хостем доир ба зиндагиву эҷодиёти яке аз чеҳраҳои шинохтаи адабии асри 19-и тоҷик, ки имсол 160-солагии эшон дар кишвар ҷашн гирифта мешавад, андешаи худро иброз намоем. Шамсиддини Шоҳин (1858-1894) хеле ҷавон, дар 36-солагӣ аз ҷаҳон рафта бошад ҳам, илму дониши фарогиру истеъдоди шоирии беназираш ўро дар миёни ҷомеаи онрўза ба зудӣ маъруфу машҳур гардонидааст ва дар тазкираву таърихномаҳо сабти номаш кардаанд. Аз ҷумла, тазкиранигори номӣ Мир Абдуллоҳхоҷа ибни Мухторхоҷаи Абдӣ (соли тав. 1822) дар «Тазкират-уш-шуаро»-и маъруф ба «Тазкираи Абдӣ»-и худ (соли таълифаш 1904) овардааст, ки «Шоҳин тахаллуси шаҳбози фалаки шоирӣ, тайғуни баландпарвози сипеҳри суханварӣ, тўтии ойинаи гуфтору булбули чамани ашъор, қудватулмутааххирин, зубдатулмустахдимин Шамсиддин Махдум аст. Мушорунилайҳ аз як ҷониб Хутталисту аз як ҷониб Бухорист».

  Тазкиранигори маъруф Хоҷа Неъматуллоҳи Муҳтарам (соли ваф. 1920) дар «Тазкират-уш-шуаро» (соли хатми таълифаш 1926) овардааст, ки «Мушорунилайҳ (Шамсиддини Шоҳин)-ро обову аҷдод (падару бобоёнаш) аз ҷумлаи ашрофу фузалои сарзамини Хатлон буда, аммо волидаш (падараш) барои такмили ҷалолу таҳсили камол ба Дорулфохира (пойтахти аморат - Бухоро) азми иқомат намуда…».

  Устод Айнӣ дар «Намунаи адабиёти тоҷик» (соли нашраш 1926) изҳор доштааст, ки «падари Шоҳин Мулло Амон ном Кўлобист; мумоилайҳ (Мулло Амон) аз ватани аслиаш (Кўлоб) ба нияти таҳсили илм ба Бухоро омада, дар ин ҷо таваттун (маскан)-у издивоҷ карда; Шоҳин дар Бухоро таваллуд ёфтаву касби камол намудааст…».

Адибу донишманди номӣ Садри Зиё (1868-1932) дар «Тазкор-ул-ашъор»-и худ (дар байни солҳои 1905-1907 навишта шудааст) овардааст:

Дар ақтори олам, ба рўйи замин,

Шуда муштаҳар Махдуми Шамсидин.

Чу табъаш, ки сайди мазомин кунад,

Тахаллус дар ашъор «Шоҳин» кунад.

Зи Хатлонзамин волидаш дар Бухор,

Расиду таваттун намуд ихтиёр.

Халаф монд з-он орифи покдин

Чунин навҷавоне ба рўйи замин!

  Профессор Холиқ Мирзозода дар рисолаи маъруфи худ «Шамсиддин Шоҳин» (1956) ба таъкид овардааст, ки «ҳамаи тазкиранависони асрҳои Х1Х-ХХ-и тоҷик ва Садриддин Айнӣ ҳам дар «Намунаи адабиёти тоҷик» ба як забон падару бобои Шамсиддинро аз фозилону бузургзодагони Хатлон (Кўлоби ҳозира) мешуморанд. Падари Шоҳин Мулло Амон дар замони ҳукмронии Амир Ҳайдар (1800-1826) аз Хатлон барои таҳсили илм аввало ба Самарқанду баъд ба маркази илмию динии Осиёи Миёнаи онрўза – шаҳри Бухоро омадааст».

  Профессор Расул Ҳодизода дар рисолаи «Шоҳин» (1974) овардааст, ки «Шоҳин дар оилаи мударриси одии Бухоро ба дунё омадааст. Падари вай Мулло Амон дар ҷавонӣ барои таҳсили илм аз ватани маълуфаш Хатлон ба Самарқанд меояд. Пас аз хатми таҳсил Мулло Амон ба Бухоро меравад ва дар ҳамон ҷо иқомат ихтиёр намудаву издивоҷ ҳам мекунад».

Худи Шоҳин дар маснавии «Туҳфаи дўстон» аз забони падараш овардааст:

Дар он дам, ки бастам ба харлоша зин

Ба азми Бухоро зи Хатлонзами.

Нахустин Самарқанд шуд манзилам

В-аз он манзили тоза хуш шуд дилам.

В-аз он маъдани фазл қадри ду сол

Намудам ба таҳсили илм иштиғол…

Дар мавриди дигар, бедодиҳои ба сари мардуми ватани аҷдодиаш овардаи Амир Музаффарро бо нафрату риққати тамом чунин ёдоварӣ кардаву фармудааст:

Ба Хатлонзамин хуни мардум бирехт,

К-аз он мотам аз чарх анҷум бирехт!

Ва ё дар ғазале дар Хатлонзамин ҳам, монанди Юнонзамин, пайдо шудани Афлотунеро шабеҳи худаш, фохирона баён доштааст, ки далели дигари Хатлонтабор будани шоир аст:

Маҳви ҷилвааш гаштам, то рухаш намоён шуд,

Рафтам он қадар аз худ, к-ойина басомон шуд!

Гашт ҳосили Шоҳин шавкати Фалотунӣ,

Баъд аз ин ба Хатлон ҳам гирудори Юнон шуд!

  Дар миёни манбаъҳои гуногуни адабӣ танҳо дар рисолаи тазкирамонанди адабиётшиноси афғонистонӣ Аҳмад Наҷиби Байзовӣ “Суханварони Дарвозӣ” (Кобул, ҷ.1, 1319/1941, саҳ. 132) омадааст, ки “номаш Шамсиддин, мулаққаб ба Махдуми Мулло Амон – бошандаи деҳаи Хулоски Ҳавзи Шоҳи Хоҳон аст. Мулло Амони Бадахшии падари Шоҳин зиндагии фақиронаву муҳаққаронае доштаву ҷиҳати фарогирии бештари улум аз зодгоҳи худ озими Бухоро шуд. Тавре ки маълум аст, мавсуф дар ҷараёни таҳсил дар Мадрасаи Қурбон, бар асоси машвараи домулло Муҳаммадшоҳи Бадахшӣ ва ёрони дигараш, бо дўшизае аз аҳолии Чорҷўйи Бухоро издивоҷ намуда, самараи ин издивоҷ вилодати масъуди Шамсиддини Шоҳин буд, ки дар соли 1276ҳ.қ.-1857м. чашм ба ҷаҳон кушуд”.

  Аммо дар кадом асос (афсонаву ривояте ё сарчашмаи муътамади хаттие?!) чунин қазияро пешниҳод кардани муаллифи мазкур аниқ нест ва такрори даъвои ғалати пешин аст, ки донишманди дигари афғонистонӣ ба миён оварда буд. Аниқтараш, соли 1937, дар журнали “Кобул” (№ 80, саҳ 65) “Армуғони Бадахшон” ном мақолаи Шоҳ Абдуллоҳхони Бадахшӣ ба чоп расида буд, ки дар он бархато падари Шоҳинро зодаи “деҳаи Хулоски Хоҳони Дарвози Бадахшони Афғонистон” муаррифӣ кардааст. Нодурустиву беасосии пешниҳоди номбурдаро дар вақташ профессор Холиқ Мирзозода дар ҳамон рисолаи зикрёфтаи “Шамсиддин Шоҳин” (Сталинобод, 1956, саҳ. 52) собит карда буд.

  Бад-ин маънӣ, зодаву бархостаи кадом мавзеи Бадахшони ҳар ду тараф будани гузаштагони Шоҳин асосу мантиқу далеле надорад. Аммо чун рўзи равшан аён аст, ки падару бобои Шоҳин зодаву парвардаи Кўлоби ҳозира – калонтарин маркази ҳамонрўзаву имрўзаи маъмурӣ ва илмиву фарҳангии Хатлонзамини бостонӣ буда, дар гузаштаҳое дуртар (фаразан!) аз мавзеъе дигар омадани бобокалони эшон далелу мадраке наву ҷиддиву тардиднопазир мехоҳад.

  Аз қалами зарринрақами Шамсиддини Шоҳин, ки аз 10-солагӣ ба шеърофаринӣ пардохтааст, осори гаронбаҳои манзуму мансур боқӣ мондааст, ки дар авроқи “Девон”, маснавиҳои “Лайливу Маҷнун”-у “Туҳфаи дўстон” ва рисолаи “Бадоеъ-ус-саноеъ” фароҳам омадааст.

 “Девон”-и шоир аз ғазалиёту қасидаҳо, мухаммасу мусаддасот, тарҷеъбанду таркиббанд ва қитъаву рубоиёт иборат буда, ҳама дар сатҳи баланди суханварӣ ҳусни адо пазируфта, бармаҳал сазовори эътимоди хосу ом гардидаанд. Махсусан, ғазалиёти Шоҳин басо малеҳу ҷаззобу дилнишин ба қалам омада фарогири мавзўъҳои суннатии адабиёти классикии тоҷик, монанди дарди ишқу иштиёқ, ғуссаи дуриву фироқ, ҳусну ҷамоли ёру зебоиҳои табиати нотакрор, таҳсини фазлу камолу тақдири иззу ҷалол, ҷилваҳои фахрияву шикваҳои аҷзия, танқиди фасоди замонаву таблиғи ҳаёти риндона, мазаммати мутаассибону маломати мунофиқон, баёни ранҷу нотавонии инсони ҳамзамону даҳшату ваҳшати мулку макон ва амсоли инҳо суруда шуда, мамлуву мурассаъ аз санъатҳои лафзиву маънавии бадеӣ мебошанд.

  Бидуни муҳобо маҳфилу маърака ва нафареро аз ҷумлаи тоҷикони хушзавқу фарҳангӣ пайдо наметавон кард, ки ғазалиёти нўшини Шамсиддини Шоҳинро, ки дар ҳавои таронаҳои ноби мардумӣ ва сабку усули баёни Саъдиву Ҳофиз, Ҳилоливу Бедил ва Соибу Дониш офарида шудаанд, нахондаву насуруда бошад:

Дилбаро, садқа шавам наргиси фаттони туро,

Қадди сарву лаби лаълу хати райҳони туро!

***

Маро дил мекашад имшаб ба васлат анҷуман кардан,

Ба чандин сўз чун парвона шамъе дар лаган кардан!

  Аз ин ҳама бармеояд, ки ғазалиёти Шамсиддини Шоҳин дар заминаи ҳақиқату воқеияти зиндагӣ, шунидаву мушоҳадаҳои инфиродӣ ва тахайюли густардаи суханварӣ ба қалам омада, ташбеҳоти зебову талмеҳоти дилоро, мазомини Қуръониву аҳодиси набавӣ, дигар ороишу пероиш ва ширинии шеваи шеърӣ мақбули ому маҳбуби хосаш гардонидаанд.

  Маснавии «Лайлӣ ва Маҷнун» аз беҳтарин офаридаҳои Шамсиддин Махдуми Шоҳин ва охирин намунаҳои дар ин силсила эҷодшудаи адабиёти классикии тоҷик буда, дар пайравии «Лайливу Маҷнун»-и Низомиӣ Ганҷавӣ (соли таълифаш 1188 мелодӣ) ва «Маҷнуну Лайлӣ»-и Хусрави Деҳлавӣ (соли таълифаш 1300 мелодӣ) нигошта шудааст:

Бастам ба ҳазор пухтахомӣ

Пирояи Хусраву Низомӣ...

Санаду муҳлати эҷоди маснавиро худи муаллиф дар оғози он чунин ба қалам овардааст:

Сад шукр, ки шуд пазира ин ганҷ

Дар соли ҳазору сесаду панҷ!

Дар муддати як маҳ, андаке кам,

Ин ҳисни рафеъ гашт маҳкам!

Сабаби таълифи онро Шоҳин, пеш аз оғози нақли сужети достон, «Дар марсияи завҷаи худ» изҳор дошта, мукарраран дар ғаму андуҳи ҳамсари маҳбуби ҷавонрафтаи худу дилбардории падари бечораи ў дар Шеробод офарида шуданашро ба таъкид расондааст, ки гувоҳи равшани башардўстиву одампарварии муаллифу нигоштаи дилнишини  ўст:

Ин нома ба номи ғам кашидам,

Бар номи тараб қалам кашидам.

Як-як ба суруди шеъри мавзун

Додам ғами дил зи сина берун!

  Дўсту шогирди содиқи Шамсиддини Шоҳин – Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ (1865-1919) достони ҳамном офарида, анъанаи мазкури маснавинигорӣ дар адабиёти классикиамонро хотима бахшидааст.

Маснавии “Туҳфаи дўстон”-и Шамсиддини Шоҳин аз охирин намунаҳои назиранигорӣ ба “Бўстон”-и Шайх Муслиҳиддин Саъдии Шерозӣ (1184-1292) буда, муаллиф дар рафти воқеанигорӣ хоксорона шогирду пайрави Низомиву Саъдӣ буданашро ба таъкид овардааст:

Низомиву Саъдӣ дуто гавҳаранд,

Ки дар дурҷи фикрам чу гавҳар даранд!

Шоҳин дар аввали китоб таърихи офаридани асарашро дар ибораи “накуйии таърих” (1890 мелодӣ) ифода намудааст, ки ба 1307 ҳиҷрии қамарӣ мутобиқ меояд:

Чу оғозу анҷоми солаш накўст,

“Накуйии таърих” таърихи ўст!

  “Туҳфаи дўстон” асари тарбиявӣ – ахлоқиест, ки мабно бар заминаҳои воқеӣ дораду онро, ба навъе, ёддоштиву шарҳиҳолӣ ва таърихномае манзум ҳам метавон шумурд, зеро андешаҳои шоир, ғолибан, маншаъ аз вазъи ногувори замону шаноату қабоҳати амирону ҳокимони давронаш гирифтаанду моломоли танзу шикоят ва танқиду мазаммати дурўягону сифлатабъонанд, ки:

Зи рӯйи забон меҳрубонӣ кунанд,

Вале кинаҳое ниҳонӣ кунанд.

  Шоҳин, аз ибтидо то интиҳои маснавӣ, ҳамин ҳадафи ҷавонмардонаи башариву эҷодии худ – фошу расвогарӣ, гурбахисоливу рўбаҳмизоҷӣ, айёриву маккорӣ, фисқу фасоди ахлоқӣ, ғоратгариву рибохорӣ ва ҷаҳолату разолати амиру рикобдорон ва навкарону аскарону дарбориёнашро давому ривоҷ дода, бепарда зери тозиёнаи шадиди танқиду тамасхур қарорашон додааст, ки дар зоти худ камназиранду фошгўйиҳои далеронаи Абулқосими Фирдавсиро нисбат ба Султон Маҳмуди Ғазнавӣ хотирнишон мекунанд:

Фиғон, к-ин ҳарифони кинозмой

Ба меҳр – андар оранд халқе зи пой!

Чу фарзанд аз онат ҳамепарварад,

Ки чун гурба фарзанди х(в)ад мехўранд!  

  Ҳамин гуна, маснавии “Туҳфаи дўстон”-ро метавон саҳифаи гўёе аз таърихномаи бузурги рўзгори халқу кишварамон ҳисобид, ки дар раванди худшиносии мо ҳиссаи сазоворе гузошта метавонад.

  “Бадоеъ-ус-саноеъ” аз беҳтарин намунаҳои насри китобии даврони классикии адабиёти тоҷик ва ягона асари мансури боқимондаи Шамсиддини Шоҳин аст, ки бо шаклу шеваи нави худ дар адабиёти гузаштаи тоҷик падидаи беназире ба ҳисоб меравад. Рисола дар қолаби ҷумлаҳои алоҳида дар бештари маврид дар шакли мусаҷҷаъ нигошта шуда, зарбулмасалу мақол ва панду ҳикмати мардумиро ба хотир меорад.

  Тарзи ифода дар бисёр ҷойҳои асар пӯшида (мастуру мушкилфаҳм) буда, моломоли рамзу киноя ва истиораҳои печдарпеч аст. Бинобар шаҳодати муаллиф,

Ҳар кас, ки аз ў бихўрд, чун шориби хамр

Аввал бинамуд хандаву он гоҳ гирист!

  Ҳамин ҷумлаҳои мусаҷҷаъу мурассаъи хотирнишин, мушоҳадаву андешаҳои бикри ахлоқӣ, салосату нафосати ибораву ифодаҳои мардумӣ гувоҳ аз илҳому баҳрабардории эҷодии Шоҳин аз “Рисолаи садпанд”-и ҳаҷвнигори маъруфи форс-тоҷик Низомиддин Убайди Зоконӣ (1270-1370) бошанд ҳам, сабку усули баёну мушаххасоти забони асар ва ҳадафу ғояҳои рўшоди сиёсиву иҷтимоъии нигоранда шоҳиди дар ин иқдом такя ба таҷрибаи Аҳмади Дониш дар эҷоди “Наводир-ул-вақоеъ” ва Зайниддин Маҳмуди Восифӣ (1485-1556) дар “Бадоеъ-ул-вақоеъ” намудани нависанда мебошад.

  Бешак, Шамсиддин Махдуми Шоҳин аз чеҳраҳои дурахшону нуронӣ ва писандидаи адабиёти  тоҷики  асри Х1Х ба ҳисоб рафта, дар эъмори кохи муҳташами шеъри шевои тоҷикӣ дар давраи номбурда ҳиссаи сазовору шоистае гузоштааст ва месазад, ки дар баробари Аҳмади Дониш яке  аз бунёдгузорони кохи  мондагори забону адаби миллати тоҷик шинохтаву қадршиносӣ шавад.

Фарҳод РАҲИМӢ

академик, Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон

Маҷаллаи академии илмию оммавӣ "Илм ва Ҷомеа"-№3 (11), 2018

Хондан 74 маротиба