JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Хурофотзудоӣ ва такмили фарҳанги ҷомеа дар кишварҳое, ки дидгоҳи аксари шаҳрвандонаш хурофотӣ ва хирадситезона аст, амре муҳим ва бунёдӣ дар ростои ҷомеасозист. Ин гуна давлатҳо ниёз ба ислоҳоти густурдае доранд, ки он бояд тамоми абъоди ҷомеаро фаро бигирад ва алалхусус, ҷаҳонбинии ирратсионаливу тафаккури эътиқодмеҳвар ва тақдирбовари шаҳрвандонро бо воқеияти кори ҷаҳон созгор намояд, зеро “шарти нахустини мавҷудият ва пойдориву мондагории давлат вижагиҳои сифатии шаҳрвандони он аст” (Аристотель, Политика. –М.: РИПОЛ классик, 2010, С.470).
Мардуми форсу тоҷик тайи таърихи тӯлонӣ тавассути таҳоҷуму истеъмори аҷнабӣ, зулму истибдоди дохилӣ, саҳлангории давлатмардону ҳукуматдорон, бехабарию ноогоҳӣ аз вазъи сиёсию иҷтимоӣ ва динию дунявии замон, нашнохтани ҳадафу мақсадҳои идеологии бегонагон ва билохира рӯйкард ба ҷаҳл, хурофот ва таассуб ранҷу азоби зиёд кашида, ҷисман ва рӯҳан хаста шудааст. Албатта, ба шарофати истиқлолият дар марҳилаи навини таърихӣ мардуми тоҷик масири зиндагиро тағйир дода, рӯ ба таҷаддуди фикрию сиёсӣ ва иҷтимоию фарҳангӣ ниҳода истодаанд, вале ҳоло ҳам ҷомеаи тоҷикӣ аз бандубори хурофоту ҷаҳолат ва таассуби даҳшатовар куллан наҷот наёфта, тадриҷан раванди ташаннуҷи…
Пеш аз он ки ба баррасии масъала пардозем, мо бояд ҳадди ақал эътироф намоем, ки бунёди ҷомеаи мутамаддин мақсади асосии на танҳо давлат, балки ҳар як шаҳрванди бомаърифат ва оқил ба ҳисоб меравад. Ба хотири он ки ҳадафи мо нишонрас ва муфид бошад, зарур меҳисобем, ки худи мафҳумҳои ҷомеаи мутамаддин ва дин мавриди шарҳу эзоҳи оқилона ва мантиқӣ қарор гиранд. Аз нигоҳи мо ҷомеаи мутамаддин гуфта ҷомеаеро гӯянд, ки он дар самти рушди ҳаматарафаи хеш ба сатҳи тамаддуни пешрафта, ки нишонаҳои асосии он истеҳсолу истифодаи васеи технологияи муосир ва сатҳи…
Дар мақола заминаҳо ва омилҳои пайдоиш ва густариши ифротгароии мазҳабӣ, махсусан салафӣ мавриди таҳлил ва таҳқиқ қарор гирифтааст. Муайян шудааст, ки ба пайдоиш ва паҳншавии ҳаракату равияҳои ифротӣ ва ба сафи онҳо пайвастани ҷавонон на танҳо омилҳои эътиқодию маънавӣ, балки мушкилоти иқтисодию иҷтимоӣ ва психологии ҷомеа низ мусоидат менамоянд. Ифротгароии салафӣ дар ибтидо моҳияти аслии худро ошкор насозад ҳам, хатараш ба муҳити динӣ, иҷтимоӣ - фарҳангӣ ва ҳамчунин суботи ҷомеа на камтар аз ҳар гуна ҳаракатҳои характери сиёсидоштаи ифротӣ мебошад. Он унсурҳои таърихӣ, фарҳангӣ ва миллиро, ки дар ташаккулёбии зеҳнияти…
Саҳифа аз 4 то 5

Китобҳо