JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Панҷшанбе, 16 Майи 2019 08:48

Омилҳои барангезонандаи ифротгароии салафӣ ва воситаҳои пешгирӣ аз онҳо

Муаллиф: МИРЗОЕВ Ғ.Ҷ

   Дар мақола заминаҳо ва омилҳои пайдоиш ва густариши ифротгароии мазҳабӣ,  махсусан салафӣ мавриди таҳлил ва таҳқиқ қарор гирифтааст. Муайян шудааст, ки ба пайдоиш ва паҳншавии ҳаракату равияҳои ифротӣ ва ба сафи онҳо пайвастани ҷавонон на танҳо омилҳои эътиқодию маънавӣ,  балки мушкилоти иқтисодию иҷтимоӣ ва психологии ҷомеа низ мусоидат менамоянд. Ифротгароии салафӣ дар ибтидо моҳияти аслии худро ошкор насозад ҳам, хатараш ба муҳити динӣ,  иҷтимоӣ - фарҳангӣ ва ҳамчунин суботи ҷомеа на камтар аз ҳар гуна ҳаракатҳои характери сиёсидоштаи ифротӣ мебошад. Он унсурҳои таърихӣ,  фарҳангӣ ва миллиро, ки дар ташаккулёбии зеҳнияти мазҳабии мардуми мо нақш ва ҷойгоҳ доранд, рад намуда, зеҳнияти мазҳабиро ба арзишҳои миллию давлатӣ муқобил мегузорад. Аз ин рӯ, ҷиҳати пешгирӣ намудани густариши ин равияҳои номатлуб омӯхтан ва дастҷамъона ҳал намудани ҳамаи ин омилу масоили мавҷуда барои ҷомеаи муосири мо аҳамияти хоса дорад.

   Истиқлолияти давлатӣ яке аз дастовардҳои муҳимми кишвар ва миллати тоҷик дар тайи таърихи саддаҳои охир ба шумор меравад. Нигоҳ доштан ва таҳким бахшидани асосҳои ин истиқлолият аз вазифаҳои муқаддаси ҳар фарди боору номуси Ватан маҳсуб меёбад. Аз зумраи ин вазифаҳои муқаддас ҳифзи марзу буми кишвар, нигоҳ доштани якпорчагӣ ва томияташ, эҳтиром гузоштан ба муқаддасоти миллӣ ва давлатӣ,  баланд бардоштани обрӯ ва шарафи он ва ғайраҳо ба шумор мераванд. Вале баъзе падида ва зуҳуротҳои номатлубе дар ҷомеаи имрӯза рӯи кор меоянд, ки аҳли он ва махсусан ҷавононро аз иҷрои ин вазифаҳои пуршараф ба канор бурда, онҳоро бероҳа месозанд. Ба зумраи чунин падидаҳои номатлуб метавон паҳншавии ифротгароии динӣ дар байни эътиқодмандон ва махсусан ҷавононро ном бурд. Аз ин рӯ, омӯхтани сабабҳо, усули паҳншавӣ ва муайян намудани роҳу воситаҳои пешгирии ифротгароӣ барои ҷомеаи мо беш аз ҳарвақта аҳамияти муҳим пайдо кардааст.

  Фазои динӣ аз муҳитҳои хеле ҳассос ва фарогири ҷомеаву ҳаёти маънавии аксари кишварҳои Осиёи Марказӣ ва аз он ҷумла Тоҷикистон ба шумор меравад. Тайи солҳои охир пайдо шудани равияву ғояҳои ақидатии гуногун, ки сари масоили мухталифе бо исломи суннатии минтақа ба баҳс ва ихтилоф мепардозанд, аз осебпазирӣ ва майдони бархурди ғояву андешаҳои гуногуни ақидатӣ будани ин фазо дарак медиҳанд. Яке аз равияҳои навзуҳур дар идомаи ақоиди ваҳҳобии солҳои 90-уми қарни гузушта дар ин муҳит, ин пайдоиш ва густариши салафия мебошад. Салафигароиро то андозае агар идомаи шаклӣ ва мафкуравии ваҳҳобия маънидод кардан мумкин бошад, ҳамчунин он бо баъзе нишонаҳояш аз ҳаракатҳои «ҷамоати таблиғ», « ҳизб-ут-таҳрир», «ансор- ул- лоҳ» ва ғайраҳо фарқ мекунад. Дар мавриди хусусият ва асли моҳияти салафигароӣ ҳанӯз пештар ҳам корҳои таҳлилӣ –таҳқиқотӣ гузаронида шуда, паҳлуҳои асосии ин падида муайян шудаанд. Масалан, муҳаққиқи исломшиноси рус З.И.Левин дар кори таҳқиқотияш «Ислоҳот дар ислом: шуданӣ ё шуданӣ нест?» дар ин маврид андешаашро баён намуда, салафигароиро як кӯшиши ба исломи ибтидоӣ баргаштан маънидод намудааст. Ӯ дар ин хусус зикр менамояд, ки салафигароӣ аз ҳамон андешаҳои бунёдгароии исломӣ илҳом гирифтаву об мехӯрад [2,18]. Вале ин падида дар муҳитҳои гуногун бо шаклу шеваҳои ба худ хос баромад мекунад. Дар фазои кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Тоҷикистон салафигароӣ ҳамчун ошно намудани эътиқодмандон ба исломи асил, ки аз инҳирофу бидъат онҳоро гӯё ҳифз мекарда бошад, баромад мекунад. Қайд намудан лозим аст, ки салафигароӣ гарчи дар ибтидо моҳияти аслии худро ошкор насозад ҳам, хатараш ба муҳити иҷтимоӣ - фарҳангӣ ва ҳамчунин суботи ҷомеа на камтар аз ҳар гуна ҳаракатҳои характери сиёсидоштаи ифротӣ мебошад. Аз ин рӯ, таҳлил ва таҳқиқи паҳлуҳои гуногун ин падида, аз он ҷумла заминаҳои пайдоиш, густариш ва шеваи фаъолияти пайравонаш ҷиҳати пешгирӣ намудан аз он, барои ҷомеаҳои мусалмоннишини Осиёи Марказӣ хеле муҳим ба шумор меравад.

  Ба таври умум, салафигароӣ ва намояндагони ҳаракати салафия чун дигар ҳаракатҳои мазҳабӣ фаъолияташонро зери ниқоби баланд бардоштани дониш ва маърифати динии эътиқодмандон шуруъ намуда, онро бо усул ва шеваи ғайриаъанавӣ ба роҳ мемонанд. Адабиёт ва сарчашмаҳои милливу ватанӣ ва инчунин мазҳабии гузаштагони минтақаро ғайриқобили қабул ва беэътимод ба қалам медиҳанд. Ба таълимот ва андешаҳои ақидатии рӯҳониёни суннатӣ ба таври ревазионистӣ муносибат менамоянд. Муҳит ва сатҳи диндории минтақаро аз назари худ гӯё бо меъёри исломӣ нокомил ташаккулёфта арзёбӣ менамоянд. Омилҳои таърихӣ,  фарҳангӣ ва миллиро, ки дар ташаккулёбии зеҳнияти мазҳабии мардуми мо нақш ва ҷойгоҳ доранд, инкор ва рад менамоянд. Ба таври кул, фаъолияти ин гурӯҳҳоро як намуд аз сари нав исломикунонии (дар истилоҳи илмии русӣ – реисламизация) аҳолии минтақа бар асоси фарҳанг ва муҳити арабӣ маънидод кардан мумкин аст. Муҳаққиқони тоҷик Қ.Нурулҳақов ва Виркан М. дар таҳқиқоташон нисбати салафияи муосир зикр менамоянд, ки он бештар ҳадафҳои паҳн намудани фарҳанг, хусусиятҳо ва арзишҳои арабиро барои кишварҳои дигар дар пай дорад [3,149]. Вале чун ба низоми ақидатӣ,  шеваи фаъолият ва хостаҳои онҳо ҳаматарафа шинос мешавем, маълум мешавад, ки онҳо аз вижагиҳои андеша ва ақидаи мазҳабии мардуми минтақа ноогоҳ ҳастанд ва ҳадафашон на танҳо ғаризаҳои диниву эътиқодӣ,  балки тавассути фазои мазҳабӣ ба муҳити фарҳангӣ ва аз он ҷумла муҳити иҷтимоӣ - сиёсии кишвар ва ҷомеа роҳ ёфтан мебошад. Ин гурӯҳ ва пайравони онҳо шиори худро бозгаштан ба исломи ноб, ки дар сурати пайравӣ намудан аз «салафи солеҳ» амалӣ мешавад, қарор додаанд ва масоили шаръию ҳуқуқии ҳаёти диниро дар низоми бемазҳабӣ ва ё яккамазҳабии ҳанбалӣ дидан мехоҳанд.

  Шеваи фаъолияти онҳо аввал аз эрод гирифтан ва ислоҳу дигаргун намудани баъзе ҷузъиёти фароизи динӣ,  ки фуруъи дин ҳисоб мешаванд, ибтидо гирифта оҳиста – оҳиста баҳсро ба масоили куллӣ ва усулии диндорон бармекашанд. Сараввал, ихтилофи назарии онҳо бо тарзи иҷроиши баъзе аз фароизии кӯчаки динии суннатии мо, аз қабили баланд ё паст гуфтани омин ҳангоми намоз, кушоду ҷафс мондани пойҳо дар намоз, бардоштани дастҳо дар вақти гуфтани такбир ва ғайраҳо шуруъ шуда, дар ниҳоят тамоми усули фароизи динии эътиқодмандонро зери шубҳа мекашанд. Чунин амал дар оянда роҳро барои матраҳ намудани масоили дигари шубҳабарангези эътиқодӣ ва назарӣ барои онҳо мекушояд. Инчунин, баргузории бисёр оину маросимҳои диниву мазҳабии мардумро, ки дар тӯли ҳазорсолаҳо ҷузъи ҳаёти диниву иҷтимоии онҳо гаштаанд, аз қабили зиёрати қабристон, қироати сураи Қуръон дар хонаи фавтида, хондани сураи Қуръон дар болои қабр, фотеҳа ё дуои шукрона хондан баъди ғизохӯрӣ ва ғайраҳоро рад намуда, иҷроиши онҳоро аз тарафи ҳар мусулмон куфр медонанд.

  Аз ин нигоҳ, пайдоиш ва густариш ёфтани ҷунбиши салафигароӣ дар байни эътиқодмандон ва дар фазои динӣ - мазҳаби ҷомаеи Тоҷикистон чӣ пайомад ва оқибатеро метавонад ба бор биёрад? Аввалан, дар як ҷомеаи суннатии анъанавӣ чун Тоҷикистон, ки андешаи динӣ дар ҳаёти рӯзмарраи сокинони он то ҳанӯз муассир мебошад, паҳншавии ин гуна ҳаракат метавонад, мувозинати ақидатию идеологиро вайрон намуда, заминаро барои ихтилофҳои оянда, аз он ҷумла ихтилофҳои иҷтимоию сиёсӣ фароҳам созад. Сониян, зуҳур ва паҳншавии ин ҷунбиши ақидатӣ мубориза ва рақобати дохилидинро барои тақсим ва густариши доираи нуфузи рӯҳониёни маъруф, мулло ва муллоҳои навбаромад, ходимони гуногуни дин, ки дар байни диндорон мавқеи гуногун доранд ва ғайраҳо ба нуқтаи аълояш расонида, дар ин муҳит боиси пайдо шудани гурӯҳу ҳалқаҳои нави ақидатӣ мешавад.

  Ҳамзамон, муносибати пайравони ҷунбиши салафӣ бо намояндагони дигар мазҳаби анъанавии ҷомеаи тоҷик, ки таърихан ҷузъи муҳити ҳам динӣ ва ҳам фарҳангии миллат аст, яъне шохаи исмоилияи ташшайуъ тамоман ғайри қобили қабул ва ғайритаҳаммул мебошад. Зикр намудан лозим аст, ки муносибати нек ва таҳаммулпарваронаи байниҳамдигарии намояндагони мазҳаби ҳанафӣ ва шохаи исмоилияи ҷомеаи тоҷик яке аз дастовардҳои муҳимми таърихии кишвар аст, ки дар шаклгирии маънавиёту фарҳанги миллии мо муассир мебошад. Рахна овардан ба ин сарвати бебаҳои миллӣ барои ҷомеа ва ваҳдати кишвар хатарбор ба назар мерасад.

  Солисан, гурӯҳҳои салафӣ бо ин шеваи амалу фаъолияташон андеша ва тафаккури ҷовонони нохудогоҳро вайрон намуда, воситаи ҷалби онҳо ба ҳаракату созмонҳои ифротию экстремистии ҷаҳони муосир мегарданд. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки аксари ҷовонони тоҷик, ки ба ин ҳаракатҳои ифротӣ шомил шудаанд, дар заминаи ду ғаризаи асосӣ ба ин амал даст задаанд, якум ғариза ва хостаҳо иқтисодию молӣ,  дувум ғаризаи имонию эътиқодӣ,  ки бар ақоиди ҷиҳодии салафӣ такя мекунад.

  Ҳамин тариқ, паҳншавии чунин ақидаҳои салафигароӣ дар як ҷомеаи суннатии анъанавӣ,  чун Тоҷикистон, ки то ҳанӯз шуури динии мардум ҳамчун шакли оммавӣ ва асосии шуури иҷтимоии ҷомеа боқӣ мемонад, пойгоҳро барои пайдоиши низову ихтилофи дохилӣ муҳайё масозад. Ҳаракати салафия ва салафигароии муосир дар Тоҷикистон ва умуман дар манотиқи Осиёи Марказӣ хусусият, шеваҳо, заминаҳо ва субъекту ҳомилони хоси худро дорад, ки аз дигар ҳаракат ва равияҳо фарқ мекунад. Зеро кӯшишҳои салафигароӣ пештар ҳам дар олами ислом ба назар мерасиданд ва дар муҳити фарҳангиву мазҳабии мо низ собиқан ба чашм хӯрдаанд. Истилоҳи салафия пеш аз ҳама як рӯҳия ва хоҳиши нигоҳ доштан ва пайравӣ намудан аз исломи ибтидоӣ ва даврони се қарни авали исломӣ аст. Ҳама фирқаву мазҳабҳои маъруфи исломӣ,  ки баъдтар зуҳур кардаанд, худро пайравони «салафи солеҳ» муаррифӣ намудаанд. Ҳеҷ фирқа ва мазҳабе наст, ки худро аз пайравони салафи солеҳ нашуморад. Вале хатари аслии ҳаракатҳои навбаромади салафия, чунончи дар боло низ зикр намудем, дар он аст, ки онҳо зери хостаҳо ва ғаразҳои эътиқодӣ ба фазои иҷтимоиву сиёсии ҷомеа дохил шуданӣ мебошанд

  Пас, омӯхтани заминаҳои пайдоиш ва шеваю фаъолияти ҳомилони ин гуна ҳаракатҳо ҷиҳати пешгирӣ намудани онҳо барои ҷомеа зарур мебошад. Заминаи аслии зуҳури ин гуна ҳаракату ҷунбишҳо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ва аз он ҷумла Тоҷикистон, пеш аз ҳама фазои ақидатию мазҳабӣ бо мушкилоту хусусиятҳои хоси худаш мебошад. Бархурдҳои ақидатӣ дар дохили фазои динӣ ҳанӯз аз замони фурӯпошии идеологияи коммунистӣ ва пайдошавии халои мафкуравӣ дар ин минтақа шуруъ шуда буд. Ба таври лозима ташаккул наёфтани худшиносии миллӣ дар сатҳи ҷомеа, ҳамчунин надоштани худшиносии динӣ дар байни эътиқодмандон, адами эҳсоси манфиатҳои давлатӣ,  масъулияти иҷитимоӣ,  таассуби хурофотӣ,  густариш ёфтани архаизми динӣ,  маҳалгароӣ ва ғайраҳо мушкилоти ин фазоро боз ҳам печидатар мегардонад. Тайи солҳои истиқлолият ва дастовардҳои муҳимми он фазои динӣ ҳам то андозае тағйир ёфта, ба арзишҳои милливу давлатӣ роҳи қаробат ва наздикшавиро ҷӯё шуд. Шуури динии шаҳрвандон ҳам таҳаввул намуда, акнун шаҳрванд дар нисбати солҳои 90-уми қарни гузашта ба осонӣ метавонад мавъизаи диниро аз ғариза ва даъватҳои сиёсӣ фарқ намояд. Вале ба вуҷуди ин ҳама, сатҳи тафаккури динию мазҳабӣ то ба ҳанӯз ҷавобгӯи манофеи миллӣ нагаштааст ва дар бисёр маврид он бо арзишҳои миллӣ ба рақобат ва мухолифати рӯирост мепардозад. Айни замон, густариш ёфтани раванди ҷаҳонишавӣ ва воситаҳои иттилоотии он аз тарафи чунин ҳаракату созмонҳои ифротӣ хеле устокорона мавриди сӯистифода қарор меёбанд. Сайтҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ дар баробари минбару масҷид ба воситаи муҳимми тарғибу ташвиқи ақоиди динию мазҳабӣ ва аз он ҷумла ғояҳои бегонаи динӣ табдил меёбанд. Зери таъсири ин омилҳо шуури динӣ баъзе хусусиятҳои фаромазҳабию фаромиллиро ба худ касб намуда истодааст, ки ин барои ҷомеаи мо пайомади хуб надорад. Дар баробари ин, раванди муҳоҷират ҳам ба таҳаввулёбии тафаккури динӣ ва дар он фаъол гаштани андешаҳои салафигароӣ мусоидат менамояд. Салафия ва ҳаракати салафигароӣ баъди аз тарафи қонунгузории Ҷумҳуриии Тоҷикистон манъ шудан ва ба ҷавобгарӣ кашидани иддае аз мубаллиғону пештозони он фаъолияти густардаи худро ба байни муҳоҷирони меҳнатӣ интиқол дод. Маҳз дар байни муҳоҷирони меҳнатӣ,  ки қишри хеле ҳассоси ҷомеаи мо ба шумор мераванд, фаъолияту таблиғоти гурӯҳҳои салафӣ имрӯз ба назар мерасанд. Онҳо пеш аз ҳама аз надоштани маърифатӣ дунявӣ ва динии ин қишри иҷтимоӣ сӯистифода менамоянд, ки боиси нигаронии ҷиддӣ мебошад.

  Муҳаққиқи рус Алексей Старостин, таҳлилгари масъалаҳои муҳоҷират дар кишвари Россия қайд менамояд, ки барои муҳоҷирони меҳнатӣ омили исломии динӣ ба воситаи ҳифзи ҳуввияти миллияшон ва худмуҳофизатии психологии онҳо табдил ёфтааст. Тундгароёни динӣ ин нозукии масъаларо ҳис намуда, аз он истифода мебаранд. Дар идомаи ин, ӯ паст будани дониши ҳам дунявӣ ва ҳам маърифати динии муҳоҷиронро сабаби паҳншавии ақидаҳои ифротӣ,  аз он ҷумла салафигароӣ дар байни онҳо медонад [4,26].

  Мисолҳои номбаршуда далолат ба он мекунанд, ки пайдоиш ва паҳншавии ҳаракату равияҳои ифротӣ ва ба сафи онҳо пайвастани ҷавонон аз сабабу омилҳои гуногун, аз он ҷумла омилҳои иҷтимоию иқтисодӣ низ вобаста аст. Аз ин рӯ, ҷиҳати пешгирӣ намудани ин равияҳои номатлуб омӯхтан ва якҷоя ҳал намудани ҳамаи ин масоили мавҷуда аҳамияти хоса дорад.

 МИРЗОЕВ Ғ.Ҷ

номзади илмҳои фалсафа

Маҷаллаи «Ахбори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Шуъбаи илмҳои ҷамъиятшиносӣ». «Дониш»-Душанбе. 2016, №1 (241).

Адабиётҳо:

Адабиёт

  1. Абдуллоев, Ш. Нақши Эмомалӣ Раҳмон дар пиёдасозии модели нави давлати дунявӣ / Ш.Абдуллоев // «Набзи Замон» №2 –Душанбе, 2013.-98с.
  2. Левин, З.И. Реформа в исламе: быть или не быть?/ Левин З.И.-М.: «Крафт+», 2005.-456с.
  3. Нурулҳақов, Қ., Виркани, М. Салафия ва ҷанбаҳои ақидатию сиёсии он/ Қ.Нурулҳақов, М.Виркани //Журнали Паёми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, 2014. № 3/ 4(139). -280 с.
  4. Старостин, Алексей. «Исламский фактор» в миграционных процессах в России/ А.Старостин. – М. – Нижний Новгород: ИД «Медина», 2009.-120 с.
  5. htt://www.islamnews.tj/banned.

 

 

 

Хондан 1475 маротиба

Китобҳо