JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Чоршанбе, 01 Августи 2018 07:36

Консепсияи натурфалсафии Юнони атиқа

Муаллиф:

  Фалсафа ва илми Юнони атиқа аз асрҳои VII - VI пеш аз милод оғоз гардида, ибтидо дар шаҳр - давлатҳои юнонӣ, яъне қисмати ғарбии Осиёи Хурд, баъд аз он дар шаҳрҳои Италияи ҷанубӣ, ҷазираи Ситсилия ва ахиран дар худи Юнон, дар шаҳри Афина арзи ҳастӣ намудааст. Фалсафаи атиқии Юнон, ин маҷмӯи таълимоти фалсафиест, ки давраи хеле ҳам тӯлонӣ, яъне аз асри VII пеш аз милод то асри VI - и милодиро дар бар мегирад. Омӯзиши таърихи фалсафа ва илм нишон медиҳад, ки пайдоиши илми Юнонзамин ба илму фарҳанги Шарқи бостон пайванди ногусастанӣ дорад. Хусусан, пайдоиши тамаддун, хат, асотир, баъзе нишонаҳои илм оид ба ҳодисоти табиату фалсафа дар Миср, Вавилон, Бобулистон, Ҳинд, Чину Эрон ба ташаккули илм ва фалсафаи Юнон таъсири амиқ гузоштаанд. Ҷиҳати фарқкунандаи фалсафаи Юнони атиқа робитаи бевоситаи он бо табииёт мебошад, ки дертар дар ин замина илмҳои астрономия, физика ва зоология ба вуҷуд омаданд. Ва ин тараққиёти илмҳои ҷудогона ба соҳаҳои мухталифи ҳунармандӣ, тиҷорат, санъат, адабиёт ва фарҳанг низ таъсири калон расонида, нақши онҳоро баланд мебардоштанд. Ҳамин тариқ, омӯзиши мероси гаронбаҳои илму фалсафаи Юнони қадим моро ба олами беканори илму фарҳанг ва афкори безаволи мутафаккирони он ошно месозад, ки мо иддае аз онҳоро мавриди баҳрабардорӣ қарор хоҳем дод.

Фалес яке аз аввалин натурфайласуфони Юнон ва асосгузори мактаби Милет ба шумор рафта, дар соҳаҳои риёзӣ, нуҷум ва физика тадқиқоти зиёдеро ба сомон расонидааст. Вай гирифти Офтобро дар соли 585 то милод пешгӯӣ намуд ва инчунин, аввалин шуда чанд бурҷи ситораҳоро ошкор кардааст. Фалес дар бораи барқнокшавӣ (электрнокшавӣ) ҳангоми соишхӯрии ҷисмҳо маълумот дошта, тамоюли эллиптикии сайёраҳоро низ ҳисоб намудааст.

Анаксимандр (610-546) файласуфест, ки дар бораи курашаклии Замин, Моҳ, Офтоб ва ситораҳо ақидаҳои илмии материалистона пешниҳод намудааст. Анаксимандр нахустасоси оламро «апейрон» ҳисоб мекард, ки он на ибтидо дораду на интиҳо ва худи ҳамон «апейрон» ҳам ибтидо ва ҳам интиҳои чизҳост. Ба ақидаи вай организмҳои зинда аз об, одам аз моҳӣ пайдо шудаанд. Анаксимандр сайёраи Заминро курашакл, дар фазо муаллақ ва маркази олам меҳисобид.

Анаксимен (585-525) нахустбунёди оламро аз ҳаво медонист. Барои Анаксимен ҳаво на фақат нахустасоси олам аст, балки сарчашмаи ҳаёт низ буда, ҳамаи рӯйдодҳои табиат аз зуҳуроти ҳаракати ҳаво вобаста мебошанд. Анаксимен муайян кард, ки ба сайёраи Замин аз ҳама наздиктар Моҳ буда, баъд аз он Офтоб ва ситораҳо мебошанд. Инчунин, ӯ ақида дошт, ки се ҳолати модда бо гуногунии зичии ҳаво алоқаманданд.   

Анаксагор (510-428) намояндаи барҷастаи мактаби Милет мебошад. Ба ақидаи вай ҳамаи ҷисмҳои олам аз зарраҳои таркибашон иборат мебошанд: санг аз зарраҳои санг, растанӣ аз зарраҳои растанӣ ва монанди инҳо. Аз нуқтаи назари Анаксагор «Моҳ поёнтар аз Офтоб воқеъ гардидааст», «Офтоб ва ситораҳо сангҳои оташинанд», «Офтоб аз Замин бузургтар аст», «Кураи Моҳ дорои кӯҳистон ва сокинон аст» …

Ксенофан (асрҳои VI-V п.а.м.) шоир ва файласуф, асосгузори мактаби фалсафии Элей аст. Вай ба муқобили идеяҳои бисёрхудоӣ баромада мегуфт, ки Гомер ва Гесиод нодуруст карданд, ки ба худоҳои гуногун монандии одамонро ифода намуданд. Пайравони мактаби Элей Парменид, Зенон ва Мелис буданд ва онҳо якчанд душворӣ (апория) - ҳои худро (алалхусус, апорияҳои Зенон) дар бораи вақеаю ҳодисот, чизҳою ашёҳо ва ҳаракат пешниҳод карданд, вале ин апорияҳо характери материалистию диалектикӣ надоштанд.

Пифагор (580-500) риёзидон ва файласуфест, ки мактаби илмии хеш (пифагориён) - ро бунёд намудааст. Дар мактаби пифагориён ҳуқуқи зану мард баробар буд, ҳама либоси якхела пӯшида, якҷоя хӯрок мехӯрданд ва молу мулкашон якхелаю умумӣ буд. Дар мактаби Пифагор ба омӯзиши илмҳои арифметика, ҳандаса (геометрия) ва астрономия диққати махсус медоданд. Ақидаҳои астрономию космологии пифагориён низ аҷоиб буда, онҳо мегуфтанд, ки: «Замин курашакл мебошад, аммо маркази олам нест, балки ҳамроҳи Моҳ, Аторуд, Зӯҳро, Миррих, Муштарӣ ва Кавокиб, ки ҷамъ нӯҳ адад ҳастанд, аз рӯи як сатҳи сфераи оташин чарх мезананд». 

Гераклит (530-470) аз шаҳри Эфес ва асосгузори таълимоти диалектикӣ ва материалистии соддалавҳона мебошад. Ба гуфти Граклит нахустасоси оламро оташ ташкил медиҳад: «Ҳама чиз ба оташ иваз мешавад, оташ ба чиз, чуноне ки тилло ба мол иваз мешаваду мол ба тилло». Вай ақида дошт, ки оламро «Логос» (қонуни табиӣ) идора мекунад. Ҳатто Офтоб ҳам наметавонад бе Логос рӯшноӣ афканад. Умуман дар фаҳмиши юнониҳо Логос - қонуният ва зарурати инкишоф, ҳаракату тараққиёт мебошад.   

Эмпидокл (490-430) нахустбунёди оламро дар чор унсур (хок, об, ҳаво ва оташ) медид. Эмпидокл дар байни олимони Юнони қадим аввалин шахсест, ки соҳиби фишору ҳаҷм будани ҳаво (газ) - ро бо роҳи таҷрибавӣ нишон додааст. Вай нафарест, ки аввалин шуда набототро ба нарина ва модина тасниф карда, то дараҷае ташаккули эволютсионии организмҳо ва интихоби табииро баён намудааст.

Суқрот (469-399) мутафаккирест, ки чизе нанавиштааст ва аз ӯ осоре ҳам боқӣ намондааст. Вай ҳамаи ақидаҳояшро шифоҳӣ (даҳонӣ) баён карда, гуфтаҳои ӯро шогирдону пайравонаш китобат намудаанд. Фалсафаи Суқрот идеалистӣ буда, аз фалсафаи илмии натурфалсафии юнониҳои дигар ба куллӣ фарқ дорад.

Демокрит (430-370) яке аз файласуфони бузург ва табиатшиноси бемисли давраи атиқии Юнон ба шумор меравад. Вай шогирд ва пайрави Левкипп, ки пеш аз ӯ назарияи атомистиро бунёд намудааст, мебошад. Демокритро поягузори назарияи атомистӣ медонанд, ба ин сабаб, ки ӯ нахустин шуда маънои атомро тақсимнашаванда баён намудааст.

Аристоклис (427-347) яке аз ашрофзодагони юнонии ҳамон давра ба ҳисоб мерафт ва аз сабаби қавиҷуссаву паҳншона, китфвасеъ буданаш ӯро Афлотун (Платон) мегуфтанд. Вай аз синни 20 то 28 - солагиаш шогирди мактаби Суқрот буда, сипас ба шаҳрҳои дигар сафар мекунад. Баъд аз синни 40 - солагӣ ба шаҳри Афина баргашта, мактаби худ (Академияи Афлотун) - ро таъсис медиҳад, ки шиори ин боргоҳи маърифат «Ҳар кас риёзиро надонад, ворид нашавад» буд.

Арасту (384-322) дар Македония таваллуд шуда, баъдан ба Афина меояд ва ба мактаби Афлотун дохил мешавад. Баъди 20 соли ҳамкорӣ бо Афлотун бо сабаби пайдоиши хилофи назарҳо Академияи ӯро тарк карда, баъд аз вафоти Афлотун ба ватанаш бар мегардад. Пас аз ба сари қудрат омадани Искандари Мақдунӣ дар соли 335 п.а.м. боз ба Афина меояд ва дар он ҷо Ликей (Литсей) - и Арастуро таъсис медиҳад.

Эпикур (341-270) таҳти роҳбарии Аристил (яке аз шогирдони Суқрот) фалсафаро омӯхта, сипас мактаби худ - Мактаби эпикуриёнро таъсис медиҳад. Вай ақидаҳои Анаксагор, Евклид ва Демокритро пайравӣ намуда, консепсияи атомистии пешинагонашро инкишоф дод. Эпикур тамоюли зарраҳоро «сlinamen» номид ва ақида дошт, ки маҳз ҳамин сlinamen (клинамен) имконият медиҳад, то зарраҳо ба ҳам даккахӯрона ҷисми макроскопиро ҳосил намоянд.

Архимед (287-212) файласуфи машҳур, олими табиатшинос, риёзидони забардаст ва ихтироъкори машҳури замонаш ба ҳисоб мерафт. Вай дар шаҳри Сиракӯз ба дунё омада, гоҳе дар зодгоҳ ва гоҳе дар Искандария зиндагӣ намудааст. Қонуни Архимед дар бораи қувваи теладиҳӣ ба ҷисмҳои дар моеъҳо ғутонида, асоси илмии шинокунӣ ва муайян кардани ҳаҷми ҷисмҳои шаклашон нодурустро ташкил медиҳад:

Архимед тадқиқотчии хуби қонунҳои ҳаракати механикӣ мебошад ва ӯ аввалин шуда шартҳои устувории ҳаракатро санҷидааст. Илова бар ин, Архимед ихтироъкори шаҳире буд, ки насоси винтии ихтироъ намудаи вай дар механика то ҳол яке аз сохтҳои нозук ба ҳисоб меравад. Архимед яке аз аввалин олимонест, ки адади p - ро барои муайянкунии андозаи ҷисмҳо истифода кардааст.

Ҳамин тавр, метавон садҳо мутафаккирони замони атиқии Юнонро номбар кард, ки барои пешравии зиндагии тамоми аҳли башар хизматҳои арзанда анҷом додаанд. Бояд қайд намуд, ки фалсафа ва илми Юнони атиқа бо хизматҳои шоёни файласуфи машҳур Диофант хотима ёфта, ҷойи худро ба дигар «ворисон» - аш медиҳад. Дар бораи илму фалсафа ва фарҳангу тамаддуни Юнони қадим ҳар қадар маълумот диҳем, боз ҳам кам аст, чунки он як қисмати асоситарину ибратбахши ташаккул ва инкишофи илми ҷаҳонист.

Қурбонов Н.

Хондан 569 маротиба

Китобҳо