JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Равшанфикр

Равшанфикр

 Дӯсту бародари гиромӣ Меҳрдод Субҳонӣ,

басо рамзист, ки мелоди Шумо бо Рӯзи байналмилалии меҳнаткашони ҷаҳон ҳаморӯз шудааст. Чун Шумо як ҷавони меҳнаткаш ва меҳнатзод ҳастед, таваллудатон ҳам ба ин рӯз рост омадааст. Ин аст, ки қаблан зодрӯзи Шумо ва Рӯзи байналмилалии меҳнаткашонро барои мардуми шарифи Тоҷикистони азиз муборакбод мегӯем. Баъдан, ошноӣ бо Шумо барои мо саҳифаи тозаеро дар шинохти насли нави ҷавони замони соҳибистиқлолӣ боз намуд.

 Хушо, Наврӯз созу чанг овард,

Навою савту на оҳанг овард.

 Ба мо бар рағми ҷаҳлу нотавонӣ

Тавону қудрати фарҳанг овард!

    Инак, имрӯз Наврӯзи Ҷамшедӣ дар ҳамбастагӣ бо Соли нави аҷдодӣ ба сарзамини мо қадам ранҷа фармуда, фазою муҳити наврӯзию баҳориро бароямон ҳадя месозад. Асотири паҳлавӣ гувоҳи онанд, ки Наврӯз ба Ҷамшед  ва Ҷамшед бо Наврӯз тамъаманд ва дар муколимот ва танзими зиндагӣ яке дигареро комил месозад. Ақвоми ориёӣ аз бомдоди таърихи инсонӣ миёни мардуми манотиқи гуногун аз аввалинҳо шуда, ба парастиши аносири табиӣ ва заминӣ, мисли офтоб, борон, оташ, хоку бод даст заданд. Дар қолаби тафаккури устуравии онҳо ашёи табиӣ ё ба истилоҳ, воқеӣ ҷойгоҳи вижа дошт.  Ин буд, ки ҳангоми муколамаи Аҳурамаздо бо Ҷамшеди Пешдодӣ дар фаргарди дуюми “Вандидод”-и “Авасто” Шаҳриёри Ориёӣ  аз Аҳурамаздо танҳо Заминро хостор мегардад ва сохтмони биҳишти рӯйи заминро бо таҷлили Наврӯз шуруъ мекунад. Бар мабнои он,  Наврӯз ҷашни пирӯзии хирад бар ҷаҳолат, воқеият бар мовароуттабиат, рӯшанӣ бар торикӣ ва ҳувият бар беҳувиятист. Муҳимтар аз ҳама, Наврӯз номи Зиндагӣ ва пирӯзии Зиндагӣ бар Нозиндагист. Наврӯз бо омадани худ зиндагиро бар марг тарҷеҳ медиҳад ва ҳукумати ҳастӣ бар нестӣ пирӯз мешавад. Ба ин маънӣ фармудаанд:

Имрӯз – 15 март ҷашни мелоди нависанда ва адиби номовари тоҷик устод Урун Кӯҳзод аст. Қаблан устодро барои расидан ба синни камолот табрик мегӯем ва таманно мекунем, ки бо ҷисму руҳияи қавиашон садсолаҳо боз дар хидмати адабиёт ва фарҳанги миллӣ қарор гирифта, халқу миллат аз тавонмандии фикрию эҷодии эшон баҳравар гарданд. Устод Урун Кӯҳзод (мутаваллиди соли 1937), муаллифи асарҳои машҳури “Сареву савдое” (1971), “Роҳи ағба” (1971), “Писанддара” (1974), “Кини Хумор” (1976),   “Як рӯзи дароз, рӯзи бисёр дароз” (1977), “Як сару сад хаёл” (1983), “Бандии озод” (1994), “Ҳам кӯҳи баланд, ҳам шаҳри азим”(1983), “Тақвими раҳгум”, “Ҳайҷо” (2005-2014) ва “Дар ҳасрати кори ҳалол” ва амсоли инҳо буда, бо сабку салиқаи вежаи адабӣ дар таърихи адабиёти муосири тоҷик ҷойгоҳи муносиб дорад. Танҳо романи “Ҳайҷо” (ниг.: Кӯҳзод, Урун. Ҳайҷо. – Душанбе: “Адиб”, 2015. -416 саҳ.) басанда аст, ки устод Кӯҳзодро дар феҳристи бузургтарин нависандагони миллӣ қарор диҳем.

  Бо мақсади дар амал татбиқ намудани Консепсияи гузариш ба таҳсилоти рақамӣ ва ташаккули ҳукумати электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Муассисаи давлатии «Маркази таҳлилӣ-иттилоотии назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе» барномаи тахтаи интерактивии «eTalim» таҳия гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Муассисаи давлатии «Маркази таҳлилӣ-иттилоотии назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе» хабар доданд.

  «Барнома пура бо забони тоҷикӣ таҳия гардида, ба корбарон-омӯзгорон имконият медиҳад, ки дар ҷараёни таълим аз он васеъ истифода намоянд. Интерфейси барнома содаву фаҳмо буда, корбарии он барои ҳамаи омӯзгорон дар назар гирифта шудааст. Тахтаи интерактивӣ дар раванди таълим ба омӯзгор имкон медиҳад, ки дарсро ҷолибу шавқовар гузаронад ва аз маводи мултимедиавӣ ва аёнӣ васеъ истифода намояд»,- иброз дошт Директори Маркази таҳлилӣ-иттилоотии назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Зафар Муродзода.

Саҳифа аз 2 то 189

Китобҳо