JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Чоршанбе, 29 Августи 2018 06:39

Консепсияи астрофизикӣ ва космологии ҳозиразамони олам

Муаллиф:

  Мегаолам ё кайҳон (коинот) - ро илми муосир ҳамчун системаи ҷисмҳои осмонии таъсири мутақобилакунанда ва инкишофёбанда меомӯзад. Коинот аз сайёраю системаи сайёраҳои дар атрофи ситораҳо бавуҷудоянда, ситораю системаи ситорагии бузург, галактикаю системаи боҳашамати галактикӣ ва умуман мегалактика иборат мебошад. Дар давраи ҳозиразамони эволютсияи кайҳонӣ муайян карда шуд, ки модда дар коинот дар ҳолати ситоравӣ вуҷуд дорад. Аз ин сабаб, ситораҳо элементҳои басо муҳими кайҳон ба шумор мераванд. Ситораҳо дар алоҳидагӣ вуҷуд надошта, балки системаҳои муҳташами ахтариро ташкил медиҳанд. Дар кайҳон системаи ситорагии оддитарин ва системаи ситорагии сохти куравидоштаро аз ҳам фарқ мекунанд. Системаи ситоравии оддитаринро инчунин, системаҳои каратӣ меноманд ва ин системаҳо ду, се, чор, панҷ ва аз он ҳам зиёдтар ситора доранд. Системаи ситорагии пароканда ва ё куравӣ бошад, гурӯҳи калони ситораҳоро дар худ муттаҳид менамояд. Аз рӯи ҳисоби назариявии астрофизикҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ 97% - и массаи коинотро ситораҳои дар ҳолати плазмавӣ вуҷуддошта ташкил медиҳанд. Аммо, дар замони муосир ситорашиносон ба хулосае омаданд, ки 95% -и массаи коинотро ин гуна ситораҳо ташкил карда, 5% - и массаи боқимондаи кайҳон бошад, дар муҳити байнисайёравӣ паҳн гардидааст.

  Ситораҳои аз дур намоён, ки аз рӯи ҷойгиршавии онҳо андозаи галактика муайян карда мешавад, ахтарони тафсони фавқулазим ва сефеидҳо мебошанд. Манбаи асосии энергияи ситораҳо реаксияҳои термоядроӣ буда, ҳангоми гузариши ин реаксияҳо ҳарорат ба 10 · 106 - 20 · 106 К мерасад. Баъд аз қатъ гардидани реаксияи термоядроӣ ситораҳо вобаста ба массаашон ба резаситораҳои сафед, ситораҳои нейтронӣ ва фурӯбурди сиёҳ табдил меёбанд. Массаи резаситораҳои сафед ба 1,2 массаи Офтоб баробар буда, зичиашон то ба 10 т/см3 мерасад. Ситораҳои нейтронӣ дар зинаҳои охири таркиши ситораҳои азимҷусса ба вуҷуд омада, аз нейтронҳо ва протонҳо иборатанд. Фурӯбурди сиёҳ низ дар интиҳои порашавии ахтарони бузург ва дар натиҷаи коллапси ҷозибавӣ ба вуҷуд меояд. Коллапс (аз лотинии «сollapsus» - афтида, ғалтида) - и гравитатсионӣ гуфта, бо таъсири қувваи ҷозиба ба суръатҳои ниҳоят калон фурӯбурдашавии ситораро меноманд. Дар коллапси ҷозибавӣ фишурдашавӣ чунон пурзӯр мегардад, ки аз он на ягон зарраи бунёдӣ ва на ягон кванти рӯшноӣ берун баромада метавонад. Номи фурӯбурди сиёҳ низ аз ҳамин ҷо сарчашма гирифта, диаметри он то ба 10-20 км мерасад. Мавҷудияти фурӯбурди сиёҳро дар галактикаи мо бори аввал астрономҳои амрикоӣ ба ёрии телескопи Ҳаббл исбот намуданд.  

  Галаахтар (галактика) аз калимаи юнонии «galaxias» гирифта шуда, маънои ширмонандро дорад. Галактикаҳо аз миллиардҳо ситораҳо иборат буда, ҳамаи онҳоро дар зери таъсири қувваи ҷозибавии худ нигоҳ медоранд. Аз рӯи шаклашон галактикаҳоро ба намудҳои зерин ҷудо мекунанд: эллиптикӣ, спиралмонанд ва нодуруст. Дар замони муосир астрономҳо дар коинот зиёда аз 10 миллиард галактикаҳоро ба қайд гирифтанд, ки аксарияти онҳо шакли эллиптикӣ ё спиралмонандро доранд. Дар галактикаҳои шаклашон нодуруст бошад, ҳаракати гирдбодшакле мушоҳида мешавад, ки он ба ҳосилшавии шохаҳои спиралӣ оварда мерасонад. Галактикае, ки дар дохили он Системаи офтобии мо воқеъ гардидааст, спиралшакл буда, шохаҳои спиралии онро соли 2006 ситорашиносони ҷопонӣ муайян карданд. Онҳо дар натиҷаи мушоҳидаҳои радиоастрономӣ ба хулосае омаданд, ки галактикаи мо чор шохаи спиралӣ дорад. Маҷмӯи нурбарории ситораҳо, абрҳои ситорагӣ, туманоти абру газӣ, чангҳои пароканда ва дигар ҷирмҳои мунири дар дохили галактикаи мо мавҷуд буда, Роҳи каҳкашонро ташкил медиҳанд. Даврае, ки хати марказии Роҳи каҳкашонро ифода мекунад, экватори галактикӣ номида мешавад. Он нисбат ба экватори гунбази фалак (сфераи осмон) таҳти кунҷи 62° ҷойгир шудааст. Қутр (диаметр) - и галактикаи мо бошад, тақрибан ба 30 000 парсек ё 100 000 соли рӯшноӣ ва чуқуриаш ба 1,5 соли рӯшноӣ баробар аст. Бо вуҷуди он, сарҳади саҳеҳи галактика маълум нест, зичии ситоравӣ дар он оҳиста - оҳиста кам шуда меравад. Ба ҳар ҳол, системаи галактикии наздиктарин ба галактикаи мо туманнокии Андромеда мебошад, ки масофа то он ба 2,6 · 106 соли рӯшноӣ баробар аст.

  Галактикаи мо тахминан 2 · 1011 ситора дорад, ки аз ин миқдор 7 - 20 млрд. резаситораҳои сафед, қариб 1 млрд. ситораҳои нейтронӣ ва тақрибан 30 млрд. резаситораи сурх мебошанд. Миқдори ситораҳо дар галактикаҳои нисбатан бузургтар то ба 1013 - 1015 адад мерасад. Ҳамаи ситораҳои галактика дар атрофи маркази он давр мезананд. Суръати кунҷии даврзании ситораҳо дар минтақаҳои дарунии галактика тақрибан якхела буда, дар манотиқи берунии он сусттар мебошад. Дар ибтидои асри XIX, ҳангоми натиҷаи омӯзиши ҳаракати зоҳирии ситораҳо астрономи англис Вилям Гершел (1738-1822) даврзании Системаи офтобиро муқаррар намуд. Даврзании галактикаро бошад, соли 1924 астрономи нидерландӣ Ян Оорт (1900-1992) исбот кард.

  Ҳамин тавр, дар натиҷаи омӯзиши коинот аниқ гардид, ки ғайр аз галактикаи мо инчунин, галактикаҳои гуногуншакли дигар низ фазои нопайдоканори кайҳонро фаро гирифтаанд. Дар коинот галактикаҳо дар шакли гурӯҳҳо ва галагурӯҳҳо дида мешаванд. Ҳамаи онҳоро дар якҷоягӣ Мегагалактика меноманд. Бо мақсади ҷойгиршавӣ ва масофаҳои байниякдигарии галактикаҳо ва ситораю сайёраҳои дар дохили онҳо воқеъбударо муайян намудан, дар астрономия бузургиҳои махсус қабул карда шудаанд: Воҳиди астрономӣ (в.а.), Соли рӯшноӣ (с.р.), Парсек (пк), ... Масалан, масофа аз сайёраи Замин то Офтоб ба сифати 1 в.а. қабул карда шудааст. Соли рӯшноӣ масофаест, ки онро нури рӯшноӣ бо суръати 3 · 108 м/с дар муддати як сол мепаймояд.

1 в.а. = 150 млн км

1 с.р. = 63,27 в.а.

1 пк = 3,26 с.р. = 206 265 в.а. = 3 · 1013 км

  Дар замони ҳозира ба воситаи телескопҳо, радиотелескопҳо ва таҷҳизотҳои дигари астрономӣ ҳудуди фазои осмонеро, ки радиусаш ба 10-12 млрд. с.р. мерасад, омӯхтан мумкин асту халос. Ҳамаи ҷирмҳои дар ин фазо мавҷудбуда пайдоиш ва таҳаввулоти якхела доранд. Дар параграфи оянда проблемаи пайдоиши коинот ва моделҳои мухталифи омӯзиши кайҳон, ки аз ҷониби олимони соҳа дар шакли фарзияву назария пешниҳод гардидаанд, мавриди баррасӣ қарор хоҳем дод.

Қурбонов Н.

Хондан 172 маротиба