JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Равшанфикр

Равшанфикр

  Дар асрҳои XVIII – XIX, тақрибан 250 сол пеш аз тарафи олимони илмҳои дақиқ доир ба боридани сангҳо аз осмон баҳсҳои ҷиддӣ ва ҷолибе ба миён омад. Ин як заминаеро барои омўзиш ва таҳқиқ намудани падидаи мазкур ба вуҷуд овард. Чунин ҳодиса дар қиссаҳо ва солшумориҳои дигар халқхо, афтиши сангҳоро ба ғафс шудани ҳаво дар зери таъсири раъду барқ низ мавҷуд буд. Хусусан, олимони Академияи Париж ин ақидаи афсонамонандро пайгирӣ мекарданд. Боре ин ҳодиса дар пеши чашми шаҳрвандони зиёди Париж, аз ҷумла худи раиси шаҳр руй дода буд. Раиси шаҳр ин ҳодисаро ба олимони Академияи Париж ирсол кард.

Шеъри рӯз 

«Зи сўзи сина кабобам, зи сели дида харобам,
Ту шамъи базми касонию ман дар оташу обам».
Биё ба ҳуҷра, ки пайдост ҷому бодаи беғаш,
Кушой чеҳраю бо мо даме нишину қадаҳ каш.

  Дар миёни маросимоти Наврӯзӣ Сездаҳбадар ба унвони расми ҷамъбастӣ ё ба истилоҳ, кулминатсионии ин ҷашни бошукӯҳи аҷдодӣ шинохта мешавад.  Расми «Сездаҳбадар», қабл аз ҳама, бо зиндагии рӯзмарра ва ҳаёти воқеии мардумӣ бастагӣ дорад ва барои танзими муносибатҳои мутавозини иҷтимоӣ созмон ёфтааст.  Он маҷмӯаи маросимоти Наврӯзиро ҷамъбаст мекунад ва омодагиро ба ҷараёни минбаъдаи зиндагӣ ба мардум илқо менамояд. Ин аст, ки тибқи одоти маросимӣ, мардум ва табақаҳои гуногуни аҳолӣ дастҷамъона берун аз шаҳр мераванд ва дар муҳити кӯҳсору саҳро бо хушию хушҳолӣ ва саргармиҳо бо табиат ҳамоғуш мешаванд.

Сешанбе, 03 Апрели 2018 09:55

Наврӯз оини хушҳоли

Дар барномаи навбатии «Фарҳанги муосир», ки дар шабакаи телевизионии «Сафина» ҳар ҳафта пахш мегардад, корманди Маркази омӯзиши равандҳои муосир ва оянданигарии илмӣ АИҶТ Нозим Нуров иштирок намуданд. Мавсуф бо ҳамроҳи муҷрии барнома номзади илмҳои фалсафа, Исомиддин Шарифзода мавзӯи «Наврӯз оини хушҳоли» -ро мавриди баррасӣ қарор доданд.