JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Чоршанбе, 04 Апрели 2018 12:24

«Зи сўзи сина кабобам, зи сели дида харобам, Ту шамъи базми касонию ман дар оташу обам»

Муаллиф:

Шеъри рӯз 

«Зи сўзи сина кабобам, зи сели дида харобам,
Ту шамъи базми касонию ман дар оташу обам».
Биё ба ҳуҷра, ки пайдост ҷому бодаи беғаш,
Кушой чеҳраю бо мо даме нишину қадаҳ каш.

Ба оташам манишону макун зи рашк мушавваш,
«Ба дигарон манишину ба ҷони ман мазан оташ.
Маро масўз, ки ман худ дар оташи ту кабобам».
Чу масти бода расидию ҳуш гашт харобат,
Саманд тез марон ин қадар, зи чист шитобат?
Нисор мекунам инак сар аз вафо ба рикобат,
«Агар барои ҳалоки ман аст нозу итобат.
Биёву қатл кун эдун, ки мустаҳиққи итобам».
Ғубори ғам ба талаттуф зи синаам бизудудӣ
Шавам чу маст ,диҳам бӯса, гуфта ваъда намудӣ,
Ба ҳуҷра дўш, ки ман будаму шаробу ту будӣ,
Суоли бўса намудам, вале ту лаб накушудӣ,
Сухан ба арз расиду дар интизори ҷавобам».
Ман он наям, ки бувад ошиқем лофию бодӣ,
Нагардам аз туву гардам туро, ки ҳурнажодӣ,
Маро агарчи ба паҳлўи хеш бор надодӣ,
«Ба гирди рўи ту парвонаам, ки шамъи муродӣ,
Агар ту рўй битобӣ, ман аз ту рўй натобам».
Ба сад муросала Айнӣ ки як ҷавоб нагирад,
Чаро ба раҳ нафитад, роҳи изтироб нагирад.
Маро зи хок гар он шўх аз савоб нагирад,
«Ба қадри хоки раҳ аз ман касе ҳисоб нагирад.
Ба кӯи дўст, Ҳилолӣ, бубин, ки дар чӣ ҳисобам?»

Садриддин Айнӣ

Хондан 2353 маротиба
Маводҳои дигар дар ин бахш: « Паёми Наврӯз Ватан »