Помир аз ганҷинаҳои зеризаминӣ басо бой мебошад. Ин ҷо сарватҳои металлӣ, ғайриметаллӣ, сангҳои ороишию рӯйбаст, масолеҳи сохтмон ва ғайра вобаста ба сохт ва таърихи тараққиёти геологию палеогеографӣ дар музофоту ноҳияҳои табиию географӣ ба андозаи гуногун паҳн шудаанд. Дар Помир аз сарватҳои сӯзишворӣ-энергетикӣ ду кони ангиштсанг - Куртек ва Равнов кашф карда шудааст. Кони Куртек 38 км дар самти ҷанубу шарқии маркази ноҳияи Мурғоб ҷойгир шудааст. Ин кон дар баландии мутлақи 4500-5000 м. дар байни қабатҳои регсангҳои юраи поён ҷойгир шуда, аз як қабат иборат мебошад ва аз 0,52 то 12, 1 м ғафсӣ дорад. Захираи саноатии он ба 5,9 млн.т мерасад, барои корҳои хоҷагӣ чун сӯзишворӣ истифода шуда метавонад.